19:38:20 17-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИСФАНДИЁР РАҲИМИ МАШШОИ

12 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Роҳбари дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машшоиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамзабон баррасӣ шуд. Пайгирии иҷрои саривақтии аҳду паймонҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

 

Аз рафти сохтмони  нерўгоҳи обии «Сангтуда-2» ва вусъат ёфтани  татбиқи дигар тадбирҳои ҳамкории бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Масоили таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи мусоҳибон қарор дошт. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2658-2010-07-12-09-55-21.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ