МУДОХИЛАИ ЭРОН ДАР ИХТИЛОФИ БАЙНИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ
Исфандиёр Раҳим Машоӣ, мушовири олӣ ва раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар бурузи ихтилофот миёни кишварҳои минтақа даст доранд.
Вай таъкид кард, ки Эрон барои ҳалли мушкилоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, аз роҳҳои мухталифе бо Тошканд гуфтугӯ кардааст. Оқои Машоӣ дар нишасти матбуъотии рӯзи сешанбеи 13 июл дар шаҳри Душанбе гуфт, ки “кишварҳои абарқудрат барои тавҷеҳи ҳузури худ дар минтақа” манфиъат доранд ва саъй мекунанд, ки суботи минтақа хадшадор шавад. Вай гуфт, ки яке аз мавзӯъоти мавриди музокираи мақомоти Эрон бо Тошканд тавсияи Эрон ба Ӯзбакистон дар бораи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст.
Оқои Машоӣ дар ин бора афзуд: "Онҳо (Ӯзбакистон) интизор доранд, ки мо (Эрон) муносиботамонро бо онҳо мустақил аз муносиботамон бо Тоҷикистон дунбол кунем. Яъне Эронро аз Тоҷикистон ҷудо медонанд. Аммо мо талош кардем онҳоро мутаваҷҷеҳ кунем, ки ин интизороти дурусте нест ва мо бо Тоҷикистон муъомилагар нестем, балки Тоҷикистон бахше аз фарҳанг ва таърихи мост ва мо муштарак ҳастем."
Вай ҳамчунин гуфт: "Давлати Эрон дар канори Тоҷикистон истодааст ва инро сиёсати истротежик талаққӣ мекунад ва кӯтоҳ намеояд ва сиёсати мо ин аст, ки ба таври истротежик ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро тавсеъа бидиҳем."
Ин мақоми баландпояи Эрон, ки ҳудуди 20 масъулияти давлатиро ба ӯҳда дошта ва бархе аз масъулиятҳои раиси ҷумҳур низ ба ӯ вогузор шудааст, гуфт "сиёсатҳои ғайридӯстона ва ғайримунсифона, ки мӯҷиби ихтилофандозӣ мешавад, маъмулан аз қудратҳои бузург дикта шуда ва реша дар минтақа надорад."
Вай афзуд, ки кишварҳои минтақа метавонанд ва бояд аз зарфиятҳои ғании кишварҳояшон дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои пешрафт истифода кунанд. Оқои Машоӣ ҳамчунин гуфт, ки сиёсати Ӯзбакистон барои эҷоди мавонеъ дар роҳи ҳамлу нақл барои Тоҷикистон дар ниҳоят алайҳи манофеъи худи Ӯзбакистон тамом мешавад.
Вай дар ин бора гуфт: "Ӯзбакистон ҳоло дар масири ҳамлу нақл қарор дорад ва ин ба нафъаш аст. Аммо вақте Ӯзабкистон тавре бархӯрд мекунад, ки кишварҳо маҷбуранд роҳи олтернатив биҷӯянд, ҳарчанд замон мехоҳад, аммо билохира роҳи ҷадиде эҷод хоҳад шуд ва Ӯзбакистон дар инзиво мемонад ва аз имтиёзоташ бебаҳра мешавад."
Оқои Машоӣ гуфт, ки давлати Эрон саъй кардааст аз роҳҳои диплумотик ба ин қазия дахолат кунад ва дар сурати лозим метавонад иқдомоте ҳам рӯйи даст бигирад. Вай гуфт, ки тавсияи Эрон ба кишварҳои минтақа пеш гирифтани сиёсати дустӣ ва ҳамкорӣ аст. Дар ҳамин ҳол, оқои Машоӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки давлати кишвараш гузоришҳое дарёфт кардааст, ки "дар бархе аз кишварҳо нисбат ба форсизабонон" фишору ситам мешавад ва онҳо дар вазъияти фарҳангии вахиме қарор доранд.
Вай аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурд, вале эҳтимолан Ӯзбакистонро дар мадди назар дошт, ки тибқи гузоришҳо, ҷамъияти зиёде аз тоҷикон дар он ҷоҳо аз муҳимтарин ҳуқуқи фарҳангии худ бархурдор набудаанд. Мушовири олӣ ва раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон афзуд, ки Эрон дар ин замина ҳам иқдомоте рӯйи даст гирифта ва барои рафъи мушкилоти форсизабонон дар ин кишварҳо аз роҳҳо ва шеваҳои мухталиф кор хоҳад гирифт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2669-2010-07-13-17-54-50.html