19:18:41 17-уми Июни 2025 сол

МАКФОЛ: ОБАМА АЗ ВАЗЪИЯТИ ОСИЁИ МИЁНА НИГАРОН АСТ

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз вазъияти минтақаи Осиёи Миёна, бавижа Қирғизистон, нигарон аст. Ин матлабро Майкл Макфол, муъовини ёвари раиси ҷумҳурии Амрико дар умури амният, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 15 июл пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, иброз дошт. Вай афзуд, ки ҳадафи сафараш ба кишварҳои минтақа баррасии вазъи амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз такрори ҳаводиси Ӯш ва Ҷалолобод дар Қирғизистон аст.

 

Дар даргириҳои қавмии моҳи гузашта дар ин ду шаҳри Қирғизистон беш аз 300 нафар кушта ва беш аз ду ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Зимнан, Майкл Макфол қабл аз сафар ба Тоҷикистон аз Тошканд ва Бишкек боздид кардааст. Вай дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки раиси ҷумҳурии Амрико ба ӯ дастур додааст итилоъ ёбад, ки Амрико барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷунин ҳаводисе дар минтақа чи корҳоеро метавонад анҷом диҳад.

 

Ҳамчунин дар мулоқоти вай бо Президент Раҳмон хатароте, ки ба гуфтаи ӯ Тоҷикистонро низ таҳдид мекунанд, баррасӣ шудааст. Аммо вай аз ин хатарон ном набурд. Ин мақоми Амрикоӣ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҷиддан зиён дидааст, давлати Амрико тасмим гирифтааст ба ин кишвар дар соли ҷорӣ маблағи беш аз 50 милюн дулор кумак кунад. Аммо вай нагуфт, ки ин кумак барои анҷоми чи тарҳҳое масраф хоҳад шуд.

 

Оқои Макфол гуфт ин амр дар чорчӯби сиёсатҳои ҷадиди Президент Обама, ки мехоҳад равобити иқтисодияшро бо кишварҳои минтақа тавсеъа диҳад, сурат мегирад. Ба назар мерасад давлати Барак Обама кумакҳои мушобеҳе ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ ироа хоҳад кард. Муъовини ёвари раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин хабар дод, ки дар дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахши энержӣ ва роҳу таробарӣ мараҳ шудааст.

 

Ба гуфтаи вай, дар канори мавзӯъи тронзити колоҳои Амрико ба Афғонистон мушкилоти тронзит дар минтақа низ дар маҷмӯъ баррасӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои минтақа, бавижа Тоҷикистону Ӯзбакистон, бар сари тронзити қаторҳо бо ҳам тайи моҳҳои ахир ихтилоф доштаанд. Қаблан, гузориш шуда буд, ки дар пайи "муҳосираи иқтисодии" Тоҷикистон аз сӯйи Ӯзбакистон ва таълиқи вогунҳои бории Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар, дар тронзити колоҳои Амрико ва НОТУ ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон низ мушкилоте эҷод шудааст.

 

Оқои Макфол таъкид кард, ки Амрико дар садад аст то охири моҳи август теъдоди нерӯҳояш дар Афғонистонро то 30 ҳазор нафар афзоиш диҳад ва ба ин далел мавзӯъи тронзити колоҳо ба он кишвар барои нерӯҳои Амрикоӣ ва НОТУ аз гузашта муҳимтар аст. Ба гуфтаи вай, мавзеъи Тоҷикистону Амрико дар мавриди Афғонистон яксон аст. Вай зимни ибрози сипос ба давлати Тоҷикистон ба хотири мусоъидат ба ҳалли масоили Афғонистон, гуфт, ки кумаки мақомоти тоҷик дар ин замина кумак ба талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонист.

 

Ин диплумоти Амрикоӣ, ки сафаре дурӯза ба Тоҷикистон анҷом медиҳад, гуфт, ки рӯзи панҷшанбе бо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии ин кишвар низ мулоқот карда ва рӯзи дигар бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеъаи маданӣ дидор хоҳад дошт. Ба гуфтаи оқои Макфол, дидорҳои вай бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи маданӣ дар чорчӯби сиёсатҳои Барак Обама, ки ҳамкории баробар бо давлат ва ҷомеъаи маданиро дар мадди назар дорад, сурат мегирад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2689-2010-07-15-17-48-14.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ