ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ КИШВАР
Намояндаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи вазъи минтақаи шарқи кишварро кори дасти шахсиятҳои алоҳида унвон кард.
Абдусамад Самиев, масъули бахши амнияти иттилоотӣ ва равобити байнулмилалӣ дар Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар нишасте таҳти унвони «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон» ширкат ва суханронӣ мекард, ҳамчунин аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоии кишварро дар ҷилавгирӣ накардан аз густариши ин шоеъот муқассир хонд. Вай сару садоҳо ва шоеот дар бораи таҳаввулоти ахири минтақаи шарқии кишварро беасос ва поя хонда гуфт, афрод ва ашхоси алоҳида, ки бар густариши чунин овозаҳо ҳавасманданд аз як рухдоди ночиз талош мекунанд таҳаввуле бузургтарро ба намоиш гузоранд.
Дар ҳоле, ки афзуд оқои Самиев, ноамнӣ ва бесуботӣ на танҳо манофеи давлатро зери хатар мегузорад, балки ба зиндагии якояки мардум таъсири номатлуб хоҳад дошт.
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар тавзеҳи вазъи минтақаи шарқи кишвар ва арзёбии он аз сӯи намояндаи давлат розӣ набудани худро пинҳон накард. Оқои Сайфуллозода гуфт, ки чи гуна метавонад намояндаи Шӯрои амният ҷомеаро бар таъмини амният мутақоид кунад дар ҳоле, ки бештари масоҷиди ҷомеъ дар ин минтақа на маҳалли тоату ибодат, балки ҷойи буду боши асокир ва сарбозони ниҳодҳои қудратии кишвар шудааст.
Аммо Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳифз, ҳимоят ва таъмини амнияти миллиро кори бевоситаи мақомоти давлатӣ ҳисобид ва гуфт, ки ин давлат аст, ки бояд бо таҳия ва пешниҳоди барномаҳои мушаххас дар заминаҳои мухталиф амнияти кишварро ҳифз кунад.
Оқои Давлатзода афзуд, ки аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд дар ин роҳ ба ҳукумат кӯмак кунанд, вале ба эътиқоди ӯ, радди шоеот ва овозаҳо, ки имкон дорад кори дасти созмон ва давлатҳои алоҳида бошад ва афкори ҷомеаро нигарон кунад, масъулияти ниҳодҳои давлатӣ ва аз ҷумла Шӯрои амният мебошад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатдорони нишасти мазкур аз адами ҳамкорӣ миёни ҳукумат ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ изҳори ташвиш карданд. Гулҷаҳон Бобосодиқов, раиси Иттиҳодияи занони маълумоти олидор, як созмони маҳалии ғайридавлатӣ, гуфт, созмонҳои иҷтимоӣ метавонанд дар рафъи ин ё он мушкил ва ҳалли масоили ҷомеа бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд, вале ҳоло чунин ба мушоҳида мерасад, ки афзуд хонум Бобосодиқова, мақомоти расмӣ ба чунин ҳамкорӣ аҳамият намедиҳанд.
Бо ин ҳама Абдусамад Самиев, масъули бахши амнияти иттиллоотӣ ва равобити байналмилалӣ дар Шӯрои амнияти Тоҷикистон, гуфт, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи мадании кишвар бо ташкили як комиссиюни вижа метавонанд мустақиман аз минтақаи шарқи ҷумҳурӣ дидан кунанд.
Овоза ва сарусадоҳо дар бораи вуруди гурӯҳҳое мусаллаҳ дар ноҳияи Тавилдара ва минтақаи Сағирдашт дар шарқи Тоҷикистон бо роҳбарии Мулло Абдулло, як тан аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки шароити сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифинро напазируфта ва баъдан бо фишори ҳукумат маҷбур ба тарки кишвар шуда буд, беш аз ду моҳ аст, ки афкори ҷомеаро машғул медорад.
Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин овозаҳо бепояанд ва эъзоми нерӯҳои изофӣ ба минтақаи шарқи Тоҷикистон дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» сурат гирифтааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»