МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САИД МУҲАММАД ХАЙРХОҲ
Нимаи дуюми рўз 30 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Хайрхоҳро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созандаи Саид Муҳаммад Хайрхоҳро дар Тоҷикистон таъкид намуда, дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави нақшаю барномаҳои сершумори дуҷонибаю минтақавӣ умедбахш арзёбӣ намуд. Нақшаю тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон оид ба бунёди роҳу пулҳои минтақавии оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра ба манфиати кулли кишварҳои минтақа маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дурнамои авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон, ҳамкориҳои сарҳадӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2808-2010-08-01-07-06-03.html