БОЗДОШТШУДАГОН ТОБЕЪИЯТИ ТОҶИКИСТОНРО НАДОРАНД
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабари ниҳодҳои амниятии Афғонистон мабнӣ бар дастгир шудани се табаъаи тоҷик дар шимоли ин кишварро рад кард. Зеро ба гуфтаи Давлаталӣ Назриев, сухангӯи ин вазоратхона бар асоси қавонони Тоҷикистон афроде, ки муддати тӯлонӣ дар ин кишвар зиндагӣ накарда ва дар консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар расман сабти ном нашудаанд, атбоъи тоҷик маҳсуб намешаванд. Ба гуфтаи оқои Назриев афроди боздоштшуда дар замони кӯдакӣ бо хонаводаҳои худ ба Афғонистон рафта ва то ҳол аз Тоҷикистон дидан накардаанд.
Ниҳодҳои амниятии Афғонистон дар авохири ҳафтаи гузашта эълом доштанд, ки дар вилояти Кундуз се табаъаи тоҷикро ба иттиҳоми даст доштан дар аъмоли терруристӣ боздошт кардаанд. Абдураҳмон Ҳақтош, раиси идораи амниятии вилояти Кундуз дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ин се нафар аъзои Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон буда ва дар Мироншоҳ, пойтахти Вазиристони Шимолии Покистон омӯзиши низомӣ дидаанд.
Оқои Назриев рӯзи чоршанбеи 11 август иттилоъ дод, ки Абдулфайз Атоев, консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундузи Афғонистон дар зиндон бо афроди боздоштшуда дидор ва гуфтугӯ кардааст. Тибқи иттилоъи ин манбаъ се нафари мавриди назар Сайфиддин, Муҳаммадтоҳир ва Наим ном дошта ва падару модаронашон зодаи шаҳрҳои Душанбе ва навоҳии Ваҳдат ва Тоҷикободи Тоҷикистон будаанд.
Бино ба иттилоъи консули Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз, ду нафари онҳо ҳеч санаде дар ихтиёр надошта ва танҳо як нафари онҳо санаде афғонистонӣ бо худ доштааст. Дар моҳи июни соли ҷорӣ низ расонаҳои Афғонистон аз боздошти як гурӯҳи терруристӣ хабар дод, ки Илёс Каримов, шаҳрванди тоҷик узви ин гурӯҳ талақӣ шуда буд.
Ин расонаҳо дар истинод ба манобеъи вазорати кишвар ё умури дохилаи Афғонистон таъкид дошта буданд, ки Илёс Каримов бо Хаёл Ҷамол, шаҳванди Покистон ва Кодфи Наилов, шаҳрванди Русия дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон тамрини низомӣ дида ва сипас, барои анҷоми аъмоли терруистӣ вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудаанд.
Дар моҳи майи соли гузашта низ 12 узви ду хонаводаи ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон дар Афғонистон боздошт шуда буданд. Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, ки ин ду хонавода на дар пайи фишор ё таъқиби қавмӣ, балки ба далоили мазҳабӣ ва довталабона Тоҷикистонро тарк кардаанд. Зимнан, ин афрод ба ниҳодҳои амниятии Афғонистон иброз доштанд, ки мехоҳанд дар ҷомеаи исломӣ ба сар баранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2872-2010-08-11-09-47-42.html