МУҲИДДИН КАБИРӢ: "МО НАБОЯД ШУТУРМУРҒ БОШЕМ"
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи фаъолияти ҳизбаш, қонуни нави дин ва фазои динӣ дар Тоҷикистон ибрози назар кард.
“КӮзаи нав – обаш хунук”
- Тасмими Кумитаи дини Тоҷикистонро барои манъи намозгузорӣ дар қароргоҳи ҳизби шумо чӣ мешавад гуфт: кори маъмулии мақомот, оғози фишорҳо болои ҲНИТ, ки дар интихоботи гузашта нерӯи худро ба намоиш гузошт ё тағйири муносибатҳо?
- Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Мо низ дар пайи пайдо кардани ҷавоби ин савол ҳастем, ки чаро муносибати мақомоти давлатӣ пас аз интихобот якбора бо Ҳизби наҳзати исломӣ тағйир хӯрд. Аз тарафи дигар, фикр намекунем, ки ин тағйироти муносибат ба ҲНИТ бевосита ба интихобот рабт дошта ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва давлатӣ ба вуҷуд омада бошад. Маъмулан тоҷикон як мақол доранд, ки кӯзаи навро обаш хунук. Касоне, ки тоза сари мансаб меоянд, дар марҳалаи аввал барои нишон додани садоқаташон ба кор ва ё шахсияте талош мекунанд, ки аз худ коре нишон диҳанд.
Шояд ҳолате, ки ба вуҷуд омад байни Кумитаи дин ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳамин бошад. Аз тарафи дигар, мо ба унвони як ҳизби динии сиёсӣ дар баробари масъулият ва вазифаҳои сиёсӣ масъулият ва вазифаҳои динӣ ҳам дорем. Ин чандон нигаронкунанда нест, ки ба хотири ибодат болои мо фишор меоранд. Балки ҷои фахр аст, ки як мусулмонро ба хотири ибодаташ фишор меоранд ва маҳдуд мекунанд. Баъдан табиати ин роҳ ҳамин аст. Ҳич кас озодӣ ва адолату ҳуқуқашро ба осонӣ ба даст наовардааст. Бахусус, дар шароите, ки миллатҳо ва кишварҳои мо ба сар мебаранд.
“Фарҳанги мо ислом аст”
- Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, аз рӯйи қонун кор мекунанд ва бар асоси қонун, дарвоқеъ, хондани намоз дар қароргоҳи ҳизби шумо мумкин нест. То чӣ ҳад фикр мекунед, дар ин баҳс пойи қонун дар васат бошад?
- Қонунҳои кишвари мо то ҳадде духӯра ҳастанд, ки аз он бардоштҳои гуногун карда мешавад. Ин бардошти масъулини Кумитаи дин аст, ки ибодати мо ё фаъолиятҳои фарҳангиву ибодатии мо дар қароргоҳи ҳизб мухолифат бо қонун дорад. Шинохти мо аз қонун дигар аст. Мо бар асоси қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва оинномаи худ амал мекунем, ки тамоми фаъолиятҳои мо ҷузъи фаъолияти фарҳангии мо аст.
Зеро фарҳанги мо ислом аст. Вақте мо фаъолияти фарҳангӣ анҷом медиҳем, ҷуз ислом фарҳанги дигаре надорем. Намешавад, ки мо дар сӯҳбатҳои худ дар чорабиниҳои фарҳангиямон аз “Капитал”-и Карл Маркс ва ё сарчашмаҳои идеологиву сиёсӣ истифода барем. Мо, албатта, аз Қуръон истифода мебарем. Вақте ки чорабинии фарҳангӣ мегузаронем, наметавонем ба мисли дигар ҳизбҳо рақс кунем, балки намоз мегузорем. Аз ин нуқтаи назар, агар касе ба ин фикр бошад, ки фаъолияти мо аз нигоҳи онҳо хилофи қонун аст, аз нигоҳи мо мувофиқ ба қонун ва оинномаи ҳизби мост.
“Ибодатро манъ мекунанд”
- Ба ҳар ҳол, агар бо истифода аз қонун ё нерӯ рафту шуморо нагузоранд, ки алайҳи хостаҳои худ дар қароргоҳи ҳизб намоз бигузоред, он гоҳ иқдоми шумо чӣ хоҳад буд?
- Аслан тасаввур намекунам, ки чи гуна мешавад намозро баст ё хондани онро манъ кард. Билохира, мо намозро, ибодатро дар ҳама ҷо анҷом медиҳем. Касоне, ки даст ба ин кор задаанд, як кори бемаънӣ ва беманитиқ мекунанд. Шояд худашон оқибати корашонро дарк накардаанд, ки ба чӣ иштибоҳе даст мезананд. Шояд Тоҷикистон аввалин кишваре мешавад, ки дар он ҷо гузоштани намозро дар ҷои кор манъ мекунанд. Дар ягон кишвари дигар ин меъёрро надорем, ки дар ҷои кор ба инсон ҳуқуқи ибодат дода нашавад.
“Ҳадафашон – заиф кардани ҲНИТ”
- Пас, аз нигоҳи шумо, ҳадафи онҳо аз ин иқдом чист?
- Мутаассифона, онҳо фақат ба хотири заиф кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистион ин иқдомро мегиранд ва дар бораи оқибатҳояш андеша намекунанд. Бояд ин нуктаро зикр кунам, ки фаъоляити ҲНИТ аз ин гуна монеагузориҳо заиф нахоҳад шуд. Балки табиати роҳи мо ин аст, ки ҳар чи қадаре, ки фишор болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо зиёд шавад, ҳамон андоза пойбандияшон аз ҳизби мо қавитар хоҳад шуд.
“Мушкил дар қонун аст”
- Шумо аз ҷумлаи онҳое будед, ки дар қабули қонуни нави дин иштирок доштед дар порлумон. Оё гуфта метавонед, ки дар вақташ ин нуктаҳои баҳсбарангези қонун ё мешавад гуфт, нуктаҳои нозуки ин қонун мавриди баҳс қарор гирифта буд ё не?
- Имрӯз масъулони Кумитаи дин такя ба баъзе аз бандҳои қонун дар бораи озодии виҷдон мекунанд, ки ҳангоми қабули он дар порлумон атрофи ин меъёрҳо баҳсҳо шуданд ва он замон моро мутмаин сохта буданд раҳбарияти порлумон ва масъулони давлатӣ, ки “он хатарҳо ва нигарониҳое, ки шумо доред, беасос аст. Бардошти шумо набояд аз қонун ин гуна бошад. Маънои қонун тамоман дигар аст”. Ҳатто ёдам ҳаст, ки баъд аз рӯ задани сару садо дар ин бора Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳам вокуниш нишон дода гуфтанд, ки ин тӯҳмат аст, ки мо намозгузории касеро дар ҷои кор манъ мекарда бошем. Ин бардошти ғалат аз қонун аст.
Ҳоло мо ҳам дар як ҳолати ҳайронӣ мондем, ки бардошти кӣ аз қонун дуруст аст: бардошти вакилони мардумӣ дар он ҳолати қабули қонун ё вазири фарҳанг ва ё бардошти имрӯзаи масъулони Кумитаи дин. Модоме, ки ду ва ё зиёда бардоштҳо аз як матни қонун аст, мушкил дар қонун аст. Мутаассифона, баъзеҳо шояд ғаразомез қонунҳоро тарзе қабул мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба нафъи худ ва бо ғаразҳои сиёсии худ истифода баранд.
“Беҳтар аст, ки ислоҳ кунем”
- Хоҳу нохоҳ ин ҳама мушкил аз таъми талхи қонун бармеояд. Вале, тавре қабл аз интихоботи порлумонӣ намояндагони ҲНИТ мегуфтанд, оё барои дигар кардани ин қонун талоше анҷом хоҳед дод? Шояд тарҳи нав пешниҳод мекунед...
- Албатта, мо ин ниятро дорем, ки бори дигар ҳамон тарҳи қонуне, ки дар бораи озодии виҷдон доштем, пешниҳод кунем. Вале аз аввал медонем, ки он намегузарад. Дар шароити кунунии кишвар хуб медонем, ки он ба чи меанҷомад. Беҳтар он мебуд, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни феълиро пешниҳод кунем. Модоме, ки қонуни амалкунанда аз ҳоло моро ва ҷомеаи моро вориди мушкил кард, эҳтимоли онро дорад, ки ин гуна мушкилиҳо зиёд шавад.
Пас, ба ҷои он, ки мардумро нороҳат ва дучори мушкил кунем, беҳтар аст, ки қонун ислоҳ шавад. Қонун ба воқеъиятҳои кишвар мувофиқ гардонида шавад. На ин, ки қонун тибқи бардошт ва хостаи як гурӯҳи муайян, бигузор, ҳоким ҳам бошад, болои мардум таҳмил карда шавад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>