МУҲИДДИН КАБИРӢ: "МО НАБОЯД ШУТУРМУРҒ БОШЕМ"
“Робитаамро накандаам”
- Биёед мегузарем ба масъалаҳои марбут ба худи шумо. Баъд аз интихобот дар расонаҳои хабарӣ хеле камнамо шудед. Ҳатто телефони ҳамроҳатон дигар ҷавоб намедиҳад. Ҳамеша дастнорас аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки шумо имрӯзҳо телефон ҳам надоред...
Кабирӣ: Аввалан, ҳамон тавре ки бо расонаҳои хабарӣ ва бо рӯзноманигорон омодагии ҳамкориро доштам, ҳанӯз ҳам бар он муносибат содиқ ҳастам. Ҳич гоҳ ҳар касе хоҳиши мусоҳиба кардааст, радд нанамудаем. Дуруст аст, ки шояд дастрасӣ ба мо камтар шудааст ва ин ҳам ба иллати надоштани телефони ҳамроҳ. Баъдан, пас аз интихобот шояд мо ҳадафмандона тасмим гирифтем, ки як муддате натанҳо аз расонаҳои хабарӣ, балки аз нишастҳои хабарӣ ва аз мизи гирдҳо низ канор равем.
Бояд як инсон баъд аз як муддати фаъолияти тӯлонӣ ва сахту пуршиддат ниёз ба он дорад, ки каме аз ширкати фаъол дар ҳаёти сиёсӣ худро канор гирад, он ҳам ба хотири таҳлили фаъолияти гузашта ва тарҳрезӣ кардани фаъолиятҳои нав. Вале ин ҳич гоҳ ба маънои канор рафтан аз ҳаёсти сиёсиву ҷамъиятӣ ва алалхусус кандани робита бо расонаҳои хабарӣ нест.
“Муносибати гунг бо кар буд”
- Агар хато накунем, шумо гуфта будед, ки тақрибан 50 вакили дифоъ шикоятҳои намояндагони ҲНИТ аз ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи февралро баррасӣ мекунанд. Билахира, ин қазия то куҷо кашид?
- Мо баъд аз интихобот, воқеъан, муроиҷиатҳои зиёде ба мақомоти судӣ, ба комиссияҳои марбутаи интихоботӣ кардем. Вакилони дифои зиёде низ ҳамкориро бо мо шурӯъ карданд. Баъзеяшон ҳатто довталабона. Баъдан вориди як ҳолати аҷибе шудем, ки ягон мақомоти судӣ ҳич аризаи даъвогии ҲНИТ-ро ба қайд нагирифт. На танҳо ҷавоби рад доданд, аслан ба қайд нагирифтанд.
Бори аввал дар таҷрибаи вакилони ботаҷрибаи вакилони дифоъ ин ҳолат рух медод, ки мақомоти судӣ аризаро ба қайд намегирад. Чун онҳо бори аввал вориди парвандаҳои сиёсӣ мешуданд, худашон низ дар муқобила бо бюрократияи кишвари мо оҷиз монданд. Як муносибати гунг бо кар буд.
“Барои тундгаро шудан асос медиҳем”
- Вале дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ҳазорҳо тан буданд, ки аз ҲНИТ пуштибонӣ карданд. Ба ҲНИТ бовар доштанд. Дар ҳоле ки масъала ин тур тамом мешавад ва мегӯед, ки ҳадди ақал додгоҳ аризаи шуморо қабул накард, фикр намекунед, ки бовари мардум ба шумо коста хоҳад гашт?
- Солҳои қаблӣ ба мардум фаҳмонидан душвор буд. Вале ҳоло мардум худашон ин воқеъиятро дарк карданд, бахусус, онҳое, ки дар ин интихобот иштирок карданд. Ҳоло фикр намекунам, шумораи касоне, ки ноумед шудаанд аз ҲНИТ ба унвони як ҳизби заиф зиёд бошад. Албатта, вуҷуд дорад. Касоне, ки дар интихобот бо мо буданд ва диданд, ки системаи бюрократии кишвари мо то кадом ҳад карахт шудааст, ки шикоят кардан аз як ҳизби сиёсӣ маъно надорад.
Шумо ишора кардед, ки бисёрии ҷавонҳо аз ҲНИТ ноумед мешаванд. Онҳо аз ҲНИТ ноумед намешаванд. Онҳо аз худи равандҳои сиёсии кишвар ноумед мешаванд. Аз шаҳрванд будан дар ин кишвар нуомед мешаванд. Ин хатаровар аст аз он, ки аз як ҳизби сиёсӣ ноумед шаванд. Чун баъди ду ё се интихоботи пайиҳам, як ҷавон мебинад, ки аз ин ширкат карданҳо ва давутозҳои интихоботӣ фоидае нест ва ҳамааш дурӯғ аст, мегарданд ба ҳамон шиори аслии ҳизбу ҳаракати тундрав, ки барои тағйирот дар олами ислом истифода аз интихоботу қонунҳои дунявӣ ҳаром аст. Ягона роҳ роҳи ҷиҳод аст.
Инҳо эътиқод мекунанд ба шиорҳое, ки аз тарафи ҳаракатҳои тундрав гуфта мешавад. Маълум мешавад, ки мо, ҳизбҳо, ҳукумат ва дастандаркорони интихобот ба онҳо далел медиҳем, ки ҳамингуна эътиқодот ба вуҷуд ояд. Яъне дар кишваре мисли Тоҷикистон ва ё Осиёи Маркзӣ ҷуз муборизаи мусааллаҳона ва ҳаракатҳои тунду пинҳонӣ дигар ҳич роҳ ба натиҷа нахоҳад расид. Ин бамаротиб хатаровар аст аз оне, ки як ҷавон аз ҳизби сиёсӣ ноумед мешавад ё рӯҳафтода мегардад.
“Аъзои бештар – нигарониҳои бештар”
- Дар ҳамин ҷо мешавад гуфт, ки дар тӯли як соли ахир чӣ қадар аъзои ҳизби шумо бештар шудааст ё камтар?
- Мо тибқи омори ахир дар марҳилаи пеш аз интихобот, яъне соли 2009, беш аз 6 ҳазор аъзои нав доштем. Мо бояд нимсолаи аввали соли 2010-ро ҷамъбаст кунем ва бубинем, ки дар ин муддат чи қадар аъзои нав гирифтем. Вале мо дар ду-се моҳи ахир ин равандро каме заиф кардем. Ба хотири ин ки шояд каме фаъол шудани мо дар рӯзҳои интихобот ва ба саҳна гузоштани қудрату тавони ҳизб боис ба барангехтани баъзе иқдом аз тарафи дӯстон ва ҳамватанон гашта бошад.
“Ба ҲНИТ низ беҳадаф намеоянд”
- Аммо худи шумо чӣ фикр мекунед, мардуме, ки ба ҳизби шумо мепайвандад, аслан аз барномаву аҳдофи як ҳизби сиёсӣ пуштибонӣ мекунанд ё танҳо ба хотири ислом ҲНИТ-ро пазируфтаанд?
- Ин ҷо якчанд омил таъсир мерасонад. Ман ҳич кадоме аз ин омилҳоро истисно намекунам. Якеаш ҳаст, ки мардум огоҳона меоянд, оиннома ва барномаи моро мехонанд ва ошно мешаванду мепазиранд. Баъдан, дар асри 21 ҷавони имрӯза, ки вориди имконоти техникӣ аст ва босавод низ ҳаст, наметавон гуфт, ки онҳо беҳадаф меоянд ва узви як ҳизби сиёсӣ мешаванд.
Омили дигар низ ҳаст, ки онҳо ба хотири муҳаббат ба ислом ва арзишҳои исломӣ ҳам мепайвандад ба ягона ҳизби динии исломӣ дар минтақа. Эҳтимол ҳам дорад, ки як гурӯҳи одамон дар ҷустуҷӯйи ҳуввият ва алтернавтива ба назди мо меоянд. Вақте ки ҳамаи роҳҳо ва дарҳо ба рӯяшон бастааст, ягона дар ба рӯяшон боз мемонад ва меоянд ба суроғи ҳизби наҳзати ислом.