МУҲИДДИН КАБИРӢ: "МО НАБОЯД ШУТУРМУРҒ БОШЕМ"
“Дигар мӮшикофӢ намекунем”
- Ба ҳар ҳол, ҳизб барои қабули аъзои худ ягон талаботи хосе дорад ё ҳар кас метавонад узвияти ин ҳизбро бигирад?
- Ҳар як шаҳрванде, ки барнома ва ҳадафҳои ҲНИТ-ро қабул дорад ва ба арзишҳои ҲНИТ эҳтиром қоил аст, метавонад аъзои ҳизби мо бошад. Мо дигар, мӯшикофона суроғи андеша ва мавқеи шахсии ҳар як инсон намеравем. Чун билохира ҳар як инсон салиқаи хоси худро дорад. Агар он талаботи минималие, ки қонунгузории Тоҷикистон ва оинномаиҳизби мо пешбинӣ кардааст, риоя кунад, метавонад узви ҲНИТ шавад.
“Намехоҳем тӮдаи ҳамфикр дошта бошем”
- Аксарияти ҷавонони аъзои ҲНИТ, дар назар дорам духтаронро, одатан то синфи 5 ва 6 дар мактаб таҳсил кардаанд ва ё маълумоти олӣ надоранд. Писарон низ ҳамчунин. Маълум мешавад, ки шумо он барномаи худсозии хешро бидуни заминаҳои таҳсилии илм ва касбӣ роҳандозӣ карда истодаед. Фикр мекунед мувафақ мешавед?
- Ин ҳеҷ мухолифате ба барномаи худсозии ҳизби мо надорад. Мо барномаи худсозии ҳизбро бо ин аъзо амалӣ мегардонем бо назардошти ин воқеияте, ки дорем. Мо ба ин мақсад нестем, ки аз 40 ҳазор узви ҲНИТ як тӯдаи ҳамфикр ва ҳамсонро бисозем. Мақсади мо ин нест. Мо мехоҳем 40 ҳазор узви худшиносу мустақилу худогоҳ дошта бошем, ки ҳар кадом дар андешаи худ мустақил бошанд ва дар атрофи арзишҳо ва ҳадафҳои умумӣ ҷамъ омада бошанд. Мо мехоҳем ингуна инсонҳо ва аъзоро дошта бошем.
"Мо набояд шутурмурғ бошем"
- Бубинед, баъд аз интихобот дар ҷомеа ҳасосият ба назар мерасад. ҲНИТ баъди интихобот мавриди инзиво қарор мегирад. Ҳамчунин, боздошти писари собиқ додситони кул ва генерали ҳукумати Раҳмон... Яъне имрӯз ҷомеа ба куҷо равон аст ва мардуме, ки қурбони ин ҳама бархӯрдҳои сиёсӣ мешаванд, тақдирашон чӣ мешавад?
- Ман ба қазияи фарзанди собиқ додситони кулл чандон шиносии хуб надорам, чун тоза вориди ватан шудам. То ҳамон ҳадде медонам, ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд. Вале дар маҷмӯъ ба қисмати саволи дуввуми Шумо мо ҳам дар ҷӯстуҷуи ҳамин савол ҳастем, ки ояндаи кишвари мо чӣ аст? Мо бояд ҳарчӣ бештар аз ин ҳолати шутурмурғӣ берун бароем. Чун шутурмурғро гуфтаанд, ки “бор бардор гуфтааст ман мурғам ва чун гуфтаанд, ки парвоз кун гуфтааст шутурам.”
Мо билохира як давлати демократӣ, дунёвӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамон тавре ки қонуни асосӣ талаб мекунад, сохтанӣ ҳастем. Бояд ин рӯшану возеҳ ба мардум гуфта шавад, то мардум бидонанд, ки ба куҷо равонем. Ё як кишвари класикии шарқӣ бо нишонаҳо ва хусиятҳои хоси худаш, ки каме ба аморат ва ё шоҳигарӣ ё ягон шакли дигар аст, сохтанӣ ҳастем. Чун билохира аз рафторҳо ва амалкардҳои мақомоти давлатӣ чизе мушаххас нест. Дар ҷойе, ки ба нафъи бархе мақомот аст лозим бошад далел пеш меоранд, ки дар давлати дунявӣ ва демократӣ ин гуна ҳолатҳо бояд ҷой надошта бошад.
Ҳамон тавре, ки ҳоло ба Маркази фарҳангии ҲНИТ муносибат карда истодаанд. Вале вақте бармегардем баъзе масъалаҳои дигарро мегузорем, мегӯянд, мебахшед мо як кишвари шарқӣ ва мусулмонӣ ҳастем, 99 дарсади ҷомеа мусалмон аст ва мо наметавонем аз тамоми меъёрҳои як кишвари демкоратии ҳуқуқбунёдро амалӣ созем. Ин духурагӣ на танҳо дар қонунгузори мо аст, балки мутаассифона дар пешбурди давлатдорӣ ва рушди давлатдори ҳам мушоҳида мешавад. Тамоми мушкилоте, ки Шумо инҷо зикр кардед аслан бармеояд, аз ҳамин духӯрагӣ ва аз ҳолати номуайянӣ.
"Аз дин душман тарошидан ба нафъи касе нест"
- Шумо бештар ишора ва як навъ мутақоиди мекунед ба марудм, ба мардуме ки 18 сол боз дар роҳи ёъмори ҷомеаи дунёвӣ қарор дорад, оё ин мардум бо шеваи сиёсатҳо метавонанд афкорашон тағийр бихӯрад ва аз ҳаққи инсони хеш талош кунанд. Яъне афкорашон тағийр мехӯрад ва афкори онҳо идора мешавад?
- Бубинед назарияи давлатдори ҳанӯз аз замонҳои қадим исбот карда буд, ки вақте ҷомеаи дучори мушкилоти дохилӣ ва хориҷӣ мегардад, давлатмардон талош мекунанд, зеҳни ҷомеаро ба тарафи масоили нав бикӯчонанд, то ин ки мушкилоти то ин вақт вуҷуд дошта фаромӯш шавад. Вақте, ки ҷомеаи мо ҳамон тавре гуфтед дар ҳоли ҳозир яке аз қафомондатарин ва фасоздадатарин кишвари ҷаҳон аст, намегӯям минтақа.Дар баробари ин ҳама мушкилоте, ки натиҷаи баъзе нокомиҳо дар сиёсат аст, баъзе кишварҳои минтақа болои мо мушкилоти дигарро пиёда карда истодаанд.
Мутаассифиона интихоботҳои пур аз зулму хиёнат ҳам ҳеҷ сабуки болои мардум наовард. Баръакс нобоварии мардумро, ҳади аққал як қишри ҷомеаро ба равандҳои сиёсӣ бештар кард. Шояд як идда аз назарияпардозони сиёсӣ ва давлатии мо ба ин натиҷа расиданд, ки дар ин марҳала беҳтар мебуд, ки зеҳни ҷомеаро аз мушкилот ба таври дигар бикӯчонанд. Беҳтарин роҳҳоро дар ин шабу рӯз дар мухолифати давлат ба дин ҷустӯҷу мекунанд. Чун медонанд, ки дар ҷомеаи мо ҳанӯз қишрҳои гунонгуне аст, ки муносибаташон бо дин хуб нест.
Бо далелҳои гуногун, яке бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва дигаре ҳанӯз побанди ақидаҳои аттеисти шӯравӣ аст аст ва севвуми шояд бо иллати дигаре муносибати хуб бо дину диндорон надоранд. Вақте тазодҳоро ба дину давлат байни гурӯҳҳои динӣ ва дигар кишрҳои дигари ҷомеа ба вуҷуд меоранд ба таври автомати як гурӯҳе аз шаҳрвандон худашон гирифтоор мушкилиҳои дигар ҳастанд дар муқобила бо хатари ба ном исломишавии ҷомеа атрофи ҳам ҷамъ мешаванд.
"Мо ҳам порае аз ҳамин миллатем"
- Шумо ба истилоҳ хатари исломшавии ҷомеа ва нигаронии гӯруҳҳои алоҳидаро дар назар доред. Шояд ин гӯрӯҳ меросбарандагони эътиқоди аттеистӣ бошанд, ки ҳоло ҳам садоқатро бо ҳукумат нишон доданӣ ҳастанд. Ҳарчанд, ки худро мусулмон мегиранд, вале исломишавии ҷомеаро қабул надоранд ва ё идомаи зеҳни мардумро ба тарафи дигар кашидан аст?
- Масалан як шаҳрванд мегӯяд, ки хуб агар мудом хатари исломишавӣ аз тарафи ҲНИТ ва гӯрӯҳҳои дигар ба ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад бигузор ман таҳамул кунам роҳҳои пулакӣ, бебарқиву низомҳои авторитарӣ ва ҳолатҳои диктаториро, фақат ислом набошад . Инро назарияпардозон байни қишрҳои гуногуни қомеа ба вуҷуд меоранд. То зеҳни мардум ба тарафи дигар кашида шавад. Вагарна дар шароити кунуни мо ҳеҷ асосеро барои чунин бархӯрди тезу тунд байни ҳукумат ва як гӯруҳ аз шаҳврандони ин кишвар намебинем.
Воқеан ман ба ин андеша ҳастам, ки фишор болои ҲНИТ - ин фишор болои мардуми Тоҷикистон, миллат аст. Мо ҳам аз ҳамин ватан, кишвар ҳастем. Аз дигар давои кам надорем барои ватандӯстӣ миллатдӯсти ва буми буданро инҷо. Мо ҳади аққал ёд надорем, ки насли гузаштаи банда ва ҲНИТ аз ҷойи дигар омада бошем. Агар сиёсатмадори дигареро мушкили метарошанд, ки зодаи инҷо нест. Ҳеҷ кас наметавонад алайҳи банда ва дигар тарафдорони ҳизб баҳонасозӣ кунад. Барои ҳамин идаои мо камтар аз дигарон дар бораи ин миллат ва ватан нест. Равандҳое, ки ҳоло мушоҳида мекунем як навъ ихтилофандозӣ ба хотири кӯчонидани зеҳни мардум аз мушкилоти мардум ба тарафи дигар аст.
“Дар истироҳат - ибодат”
- Имрӯз, ки дар таътили парлумонӣ ҳастед, ба чӣ корҳо машғулед. Таътилро чӣ гуна мегузаронед?
- Ҳоло, ки дар истироҳати вакилӣ ҳастем, қисмати аввалро дар хориҷи кишвар гузарондам. Ба табобат машғул будам ва ҳоло комилан дар ҲНИТ ҳастам ва бо ҳамроҳи бародарону хоҳарон бештари вақти худро машғули фаъолиятҳо, маросимҳо ва намозҳои дастҷамъона мегузаронам. Бо мардум кор мекунем ва тақрибан аз нимаи аввали рӯз то нимаи шаб машғули ибодат ҳастем.
“Ба раҳбари маънавӢ эҳтиёҷ надорем”
- Чаро ҲНИТ баъд аз даргузашти марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, роҳбари маънавии ин ҳизб, нафари дигареро ҷойгузини мақоми ӯ накард?
- Ин ягон масъалаи сиррӣ нест. Вақте устод марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ реҳлат карданд, ҳамагӣ иттифоқ кардем, ки ҷуз Муҳаммадшариф Ҳимматзода касе тавони онро надорад ва сазовори он нест, ки роҳбари ин ҳизб бошад. Ҳамагон вақте талош кардем ва ҳатто аз устоди марҳум тавалло ҳам кардем, вале устод қабул накарданд ва хулоса ин масъулиятро рад намуданд. Бо он далелҳое, ки худашон доштанд ва пеш аз ҳама бо далели заъфи ҷисмонӣ, яъне беморӣ. Баъд аз он, маро ба ин симмат тавсия карданд. Гуфтам ба он шарт қабул дорам, ки агар пешниҳоди шахсии моро низ қабул кунанд. Эшон пурсиданд, ки пешниҳод чӣ аст.
Гуфтам, ман ба ҳайси шогирди эшон иҷоза намедиҳам, ки роҳбари ҳизб бошам ва эшон ба ҳайси ҷонишини ман бошад. Пас, ба ҳамон шарте розӣ мешавам, ки агар эшон роҳбарии маънавиро қабул кунанд. Ин симмате буд, ки дар оинномаи ҳизб надоштем. Аслан дар оинномаи ҲНИТ дар ин бора чизе ҳам гуфта нашудааст. Он ба таври хос ва истисноӣ барои устод буд. Устод ҳам ин пешниҳодро қабул карданд. Тӯли ин солҳо, ҳарчанд бемор буданд, вале болои сари мо фаъолият карданд. Воқеан яке аз омилҳои рушди ҳизби мо буд. Ҳамчун як ҳизби ягона ва муттаҳид рушд ҳам кард ва ин аз вуҷуди устоди марҳум Ҳимматзода ҳамчун роҳбари маънавии ҳизб буд.
Баъд аз он ки устод реҳлат кард ва ин симмат ғайриоинномавӣ буд, ҳеҷ зарурате барои пешниҳоди нафари дигар ба ҳайси роҳбари маънавии ҳизб вуҷуд надорад. Албатта, ҳар як ҳизби сиёсӣ як навъ сохтор ва роҳбарони ғайрирасмӣ дорад. Дар таҷрибаи ҳизбҳои сиёсии хориҷӣ ҳам маъмул аст, вале дар кишвари мо ин таҷриба маъмул нест ва ягона ҳолате, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, он ҳам дар ҲНИТ буд.
Каюмарси Ато, Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2915---q---q.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ