13:02:22 02-уми Июни 2025 сол

НИШАСТИ “ЧАҲОРГОНА” ДАР СОЧӢ ШУРӮЪ ШУД

Нишасти сарони Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар шаҳри Сочӣ бо баррасии мавзӯъи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир шурӯъ шуд. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, зимни ифтитоҳи нишаст гуфт, ки мубориза бо таҳдиди маводи мухадир бояд дастаҷамъона сурат бигирад. Ӯ афзуд, ки ин мушкили умумист ва ҳама кишварҳои минтақа бояд онро ҳамроҳ ҳал кунанд. Раҳбари Русия ба мавзӯъи муқовимати муштарак ба терроризму ифротгароӣ низ рӯ овард ва гуфт, ки ба талошҳо дар ин самт арҷ мегузорад, ҳарчанд баъзе масъалаҳои муҳим ва амалӣ дар ин замина иҷронашуда боқӣ мондаанд.

 

Дмитрий Медведев ишора кард, ки мулоқоти чаҳоргонаи Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон бори дуввум доир мешавад. Нишасти аввалӣ соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Сарвари Русия изҳор намуд, ки нишасти чаҳоргона формати хуби минтақаист ва машваратҳо миёни кишварҳо ҳарчӣ бештар сурат бигиранд, ҳамон қадар беҳтар аст.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар навбати худ пешниҳод намуд, ки як санади муштарак дар марвиди мубориза бо терроризм қабул шавад. Ба гуфтаи ӯ, “чаҳор кишвар дар таъмини амният ва рушди устувор дар минтақа саҳми муҳим доранд”.

 

Эмомалӣ Раҳомн афзуд, “таҳдиди терроризми байнулмилалӣ аз ҳама кишварҳои олам талошҳои муштаракро талаб дорад”.

 

Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҷабҳаи дастаҷамъонаи мубориза бо терроризм ва аз байн бурдани омилҳои рушди терроризм таъсис карда шавад".

 

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, сабабҳои пайдо шудани терроризм, барои ҳама маълуманд ва ба фақр, бекорӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ бастагӣ доранд. Қабл аз шурӯъи нишасти “чаҳоргона” Дмитрий Медведев бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот дошт. Интизор меравад, ки имрӯз дар Сочӣ ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқоти ҷудогона анҷом диҳад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2920-2010-08-18-13-13-02.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854