ТАВОФУҚОТИ ТОЗАИ РАҲМОН ВА МЕДВЕДЕВ
Давлати Тоҷикистон мувофиқат кардааст, ки дар ивази бархе гузаштҳо пахши барномаҳои телевизиюни "РТР Планета"-и Русияро дар қаламрави худ аз сар бигирад. Тавофуқ дар ин бора дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳурии Русияву Тоҷикистон дар Сочӣ, ки рӯзҳои 18 ва 19 август сурат гирифт, ҳосил шудааст. Ба навиштаи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ин тавофуқ, "б арномаҳои шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ва шабакаи "РТР Планета"-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон пахш мешаванд."
"ҒайриахлоқӢ"
Қаблан, Абдураҳмон Абдуманонов, муъовини аввали раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии пахши ин шабакаи телевизиюнии Русия омода аст ва ҷонибҳо дар ин маврид ба тавофуқи аввалия расидаанд. Пахши барномаҳои телевизиюни "РТР Планета"-и Русия аз яку ним сол пеш ба ин сӯ дар Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд ва масъулони кумитаи родию-телевизиюн сабаби ин тасмимро молӣ ва фаннӣ хонда буданд. Вале бархе аз расонаҳои Русия навиштанд, ки сабаби аслии ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон пахши саҳнаҳои "аз назари тоҷикон ғайриахлоқӣ" дар ин шабака аст.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар мавриди афзоиши муҳлати будубоши бидуни сабти пулиси атбоъи Тоҷикистон дар Русия аз се рӯз ба 90 рӯз тавофуқ кардаанд. Вале маълум нест, ки иҷрои ин тавофуқ аз кай оғоз хоҳад шуд. Бар асоси омори мухталиф, дар Русия беш аз як милюн нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки ҳамасола ба Тоҷикистон маблағе бештар аз буҷети солонаи ин кишвар интиқол медиҳанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон аз бас ки тавони таъмини ҷойи кори пурдаромад барои ин теъдод аз мардумашро надорад, ба тасҳили шароити будубоши онон дар Русия сахт алоқаманд аст.
Пардохти бидеҳиҳо
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ваъда кардааст, ки қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро, ки умдатан бо сармояи Русия сохта шудааст, бар асоси ҷадвале таҳияшуда пардохта хоҳад шуд. Баҳси миёни ин ду ширкат бар сари бидеҳиҳо аз чанд моҳ пеш идома дорад ва Александр Кориченко, сармуҳандиси ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1", дар авосити моҳи июн гуфта буд, ки бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" ба ин нерӯгоҳ беш аз 30 милюн дулорро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, Русия бахшҳои ду муассисаи олии худро дар Тоҷикистон боз хоҳад кард. То кунун бахшҳои маҳаллии бархе аз донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла Донишгоҳи Ломоносов, дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудаанд. Ду кишвар ҳамчунин мехоҳанд як барномаи ҷадиди ҳамкорӣ барои панҷ соли ояндаро таҳия ва тасвиб кунанд. Русияву Тоҷикистон моиланд дар пойтахтҳои ҳамдигар марокизи фарҳангии худро таъсис диҳанд.
Гузашта аз инҳо, раҳбарони Тоҷикистону Русия тавофуқ кардаанд, ки барои баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ бо ҳам "робитаи доимӣ" дошта бошанд. Қаблан бархе расонаҳо навишта буданд, ки мавзӯъи истифодаи Русия аз фурӯдгоҳи низомии "Айнӣ" ва мушорикати ин кишвар дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" аз мавзӯъоти мавриди баҳси ду кишвар аст, вале ба назар мерасад, ки ҷонибҳо дар ин маврид ба ҳеч гуна тавофуқе нарасидаанд.
"Шарики истротежик"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 бо ҳимояти Русия қудратро ба даст гирифт, то чанд сол пеш ин кишварро "шарики истротежик" мехонд ва мегуфт, ки пешрафти кишварашро бе Русия тасаввур намекунад, вале дар пайи иҷро нашудани тавофуқоти соли 2004 дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" муносиботи ду кишвар тағйир ёфт.
Русия он замон дидбонгоҳи фазоии "Окно", дар шарқи Тоҷикистонро, ки аз таъсисоти истротежик ба шумор меояд, дар ивази 242 милюн дулор аз қарзи худ, ки пештар ба давлати оқои Раҳмон дода буд, ба тасарруфи худ даровард ва пойгоҳи низомии худро ба таври ройгон дар хоки Тоҷикистон таъсис дод.
Вале ширкати русии "Русал", ки қарор буд нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар ҷануби Тоҷикистон бисозад, дар пайи ихтилоф бар сари иртифоъи сади ин нерӯгоҳ ин тарҳро раҳо кард. Аз ихтилофоти ҷиддии дигари ду кишвар изҳороти Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар Тошканд дар авоили соли гузашта буд, ки он замон ҳимояти оқои Медведев аз мавзеъи Ӯзбакистон дар мавриди тарҳҳои энержии Тоҷикистон хашми мақомоти ин кишварро барангехт.
Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки дар солҳои ахир Тоҷикистон дар пайи тира шудани равобиташ бо Маскав бештар ба кишварҳои исломӣ ва Эрон рӯй оварда ва то андозае аз Русия фосила гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2943-2010-08-21-12-39-03.html