13:51:14 02-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН: "ТАЛАБОТИ ҚУРЪОНИ МАҶИДРО РИОЯТ КУНЕД"

Президент Раҳмон ба манзури анҷоми сафари корӣ ва ошноӣ бо вазъ дар ҷануби Тоҷикистон ба устони Хатлон сафар кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба манотиқи кишвар маъмулан ин ё он муъассисае омӯзишӣ, пизишкӣ ё санъатиро ифтитоҳ мекунад ва дар сафари ахири ӯ низ ин “суннат” ҳифз шуд.

 

Сойти интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, ки ин бор дар навоҳии Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор маросими ифтитоҳи ду мактаб, як дармонгоҳ ва як корхонаи ресандагӣ бо ҳузури Президент Раҳмон баргузор шуд. Суханрониҳои оқои Раҳмон дар ин маросимҳо умдатан ба масоили истифодаи муъассир аз замин барои таъмини амнияти ғизо, беҳбуди вазъи омӯзиш ва парвариш ва таъмини ҷойҳои нави корӣ таъкид кардааст. Ба назар мерасад, ки мавзӯъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон аз нигарониҳои умдаи раҳбари Тоҷикистон аст, зеро оқои Раҳмон бори дигар бар зарурати захираи орд барои ду соли оянда дар хонаводаҳо изъон кард.

 

Ҳарчанд ин дархости ӯ, ки қаблан дар паёми шодбошиаш ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон садо дод, саволҳо ва интиқодҳое ба дунбол дошт. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, афроди зиёде дар Тоҷикистон ба хотири чандин сабаб, аз ҷумла надоштани маблағи кофӣ барои харидории орд барои ду сол, надоштани ҷой дар манозил барои нигаҳдории ин миқдор орд ва ё сипарӣ шудани замони истифодаи орд дар сурати нигаҳдории нодуруст, наметавонанд миқдори зиёди ордро захира кунанд. Оқои Раҳмон зарурати гирифтани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои кишоварзиро аз вазоифи сокинони манотиқи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқа дар кишвар хонд.

 

Ҳарчанд ба гуфтаи бархе коршиносон, такяи давлат ба раҳим будани вазъи боду ҳаво ва ҳаводиси табиъӣ дар мавзӯъи амнияти озуқа амре начандон умедбахш аст. Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи иқдомоти давлат дар баробари коҳиши хатароти обхезиҳо гуфт, ки садсозӣ дар савоҳили рудхонаҳои Хатлон бар мабнои барномаи давлати ин кишвар идома дорад ва дар маҷмӯъ даҳ ҳазор метрро ташкил медиҳад.

 

Аз сӯи дигар соёти интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд оқои Раҳмон зимни суханрониҳояш дар рӯбарӯи мардуми Хатлон онҳоро “ба риъояи дурусти талаботи Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ оид ба додани хайроту садақот, закот ва фитри рӯза ба эҳтиёҷмандони воқеъӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравӣ дар гузарондани расму оини динию мардумӣ ҳидоят намуд.”

 

Зимни таърифи барномаҳо дар бахши маъорифи Тоҷикистон оқои Раҳмон гуфтааст, ки имсол аз будҷети давлат барои “пешрафти соҳаи маъориф” як милиорду 300 милиюн сомонӣ ихтисос ёфтааст. Вай гуфтааст, танҳо дар соли 2009 дар кишвар 218 мактаби ҳамагонӣ бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони 50 мактаб дар вилояти Хатлон идома дорад.

 

Ҳарчанд сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Хатлон як рӯз баъд аз анҷоми ҳодисаи бесобиқаи фирори 25 ҷинояткор аз зиндон дар азҳони баъзеҳо саволҳоеро дар мавриди вазъи амниятӣ дар кишвар матраҳ кард, аммо ин сафари оқои Раҳмон аз қабл тарҳрезишуда будааст.

 

Гуфта мешавад, сафарҳои кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба навоҳии кишвар, ки маъмулан дар рӯзҳои ҷашн, ифтитоҳи иншоъотҳое аз назари истротежик муҳим ва ё ҳаводиси табиъӣ анҷом мешавад, ба маҳбубияти ӯ дар миёни мардум меафзояд. Гуфта мешавад ба наздикӣ оқои Раҳмон аз минтақаи Рашт низ дидан хоҳад кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2963--q----q.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854