02:52:10 01-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ЁВАРИ ВАЗИРИ ХОРИҶИИ АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН

Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вориди шаҳри Душанбе мешавад. Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки имрӯз вохӯрии ҳайатҳои Амрикову Тоҷикистон баргузор мешавад. Мулоқотҳои Роберт Блейк бо раҳбарони Тоҷикистон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба навиштаи бархе расонаҳои Маскав мулоқоти ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Роберт Блейк бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ низ дар назар аст.

                            

Расонаҳои Маскав сафари ин мақоми амрикоиро ба музокираи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ғарби шаҳри Душанбе робита додаанд. Русия мехоҳад аз ин пойгоҳ ба сурати ройгон истифода кунад. Вале Тоҷикистон то кунун барои истифода аз ин пойгоҳ, ки тавассути Ҳиндустон бозсозӣ шудааст, хостори пардохт мебошад.

 

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин сафари ёвари вазири хориҷии Амрикоро вобаста ба баргузории вохӯрии тафсири машваратии ҳайатҳои ду кишвар унвон кардаанд. Моҳи феврали соли равон дар Вошингтон барои нахустин бор машваратҳои сиёсии ИМА ва Тоҷикистон доир шуда буд. Ҳайатҳои ду кишвар масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энержӣ ва ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карда буданд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3011-2010-08-31-08-39-53.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854