МУЛОҚОТИ ҲАЙАТҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ВА АМРИКО
Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот Озода Раҳмон, муовини вазири умури хориҷӣ, раҳбарӣ мекард. Вай ҳини дидор ва гуфтугӯ бо меҳмонон Амрикоро "шарики боэътимод ва муҳим"-и Тоҷикистон унвон кард. Мулоқотҳои Роберт Блейк бо раҳбарони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, ба навиштаи бархе расонаҳои Маскав, мулоқоти ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Роберт Блейк бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ низ дар назар аст. Расонаҳои Маскав сафари ин мақоми амрикоиро ба музокираи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ дар ғарби шаҳри Душанбе робита додаанд. Русия мехоҳад аз ин пойгоҳ ба сурати ройгон истифода кунад. Вале Тоҷикистон то кунун барои истифода аз ин пойгоҳ, ки тавассути Ҳиндустон бозсозӣ шудааст, хостори пардохт мебошад.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ин сафари ёвари вазири хориҷии Амрикоро вобаста ба баргузории вохӯрии тафсири машваратии ҳайатҳои ду кишвар унвон кардаанд. Моҳи феврали соли равон дар Вошингтон барои нахустин бор машваратҳои сиёсии ИМА ва Тоҷикистон доир шуда буд. Ҳайатҳои ду кишвар масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энержӣ ва ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карда буданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3014-2010-08-31-11-22-43.html