ДИДОРИ НАМОЯНДАИ МИНТАҚАИИ НАТО БО РАҲМОН
Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ ё НАТО бо давлати Тоҷикистон музокира дар мавриди таъсиси як маркази зиддитеруристӣ дар ин кишварро оғоз кардааст. Ин матлабро Роберт Симмонз, намояндаи вижаи НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯзи сешанбеи 31 август пас аз дидор бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, баён кард. Оқои Симмонз, ки машғули дидори расмӣ аз Тоҷикистон аст, пас аз дидору гуфтугӯйи худ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки ин мавзӯъро дар ҷараёни мулоқоташ бо оқои Раҳмон баррасӣ кардааст.
Оқои Симмонз гуфт ҳадаф аз сафараш ба Тоҷикистон музокира дар мавриди густариши ҳамкориҳои миёни ин кишвар ва НАТО аст. Ин сафари чаҳоруми намояндаи НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон аст, вале баррасии ҳамкориҳои мушаххаси НАТО бо Тоҷикистон дар арсаҳое, ки ин бор сурат гирифт, бесобиқа будааст.
Ба гуфтаи оқои Симмонз, дар дидори вай бо оқои Раҳмон сӯҳбатҳо бештар перомуни ҳамкориҳои НАТО бо Тоҷикистон дар чаҳор самти низомӣ, умури изтирорӣ, мубориза бо терурисм ва безиёнсозии партовгоҳҳои родиюоктиф дар ин кишвар сурат гирифтааст. Коршиносон мавзӯъи таъсиси маркази зиддитерруристии НАТО ва Тоҷикистонро таконе муҳим дар ҳамкориҳои миёни ин ниҳод бо Душанбе мехонанд.
Роберт Симмонз ба хабарнигрон гуфт, ки дар чаҳорчӯби мубориза бо терурисм "диолуги муҳиммеро" бо Тоҷикистон оғоз кардааст, ки "таъсиси як маркази зиддитеруристӣ дар ин кишварро дар назар дорад."
Дар посух ба ин савол, ки оё ин маркази зиддитеруристии Тоҷикистон ва НАТО хоҳад буд ва ё марказе минтақаӣ, ки бо НАТО ҳамкорӣ хоҳад кард, оқои Симмонз гуфт: "Табиъатан ин мавзӯъест, ки бояд бо давлати Тоҷикистон ҳамоҳанг шавад, аммо ба назари ман, ин марказ ҳамкориҳои минтақаиро низ дар назар хоҳад дошт, зеро террурисм мушкили муштараки кишварҳои минтақа аст."
Нигаронии НАТО аз партовгоҳҳои родиюоктиф дар Тоҷикистон ва алоқамандии ин ниҳод барои кумак ба беосеб сохтани онҳо низ яке аз мавзӯъоти дастнохӯрда дар равобити миёни Душанбе ва НАТО аст. Тоҷикистон, ки дар гузашта аз манобеъи муҳимми урониюм барои бароварда сохтани ниёзҳои давлати Шӯравӣ ба ин маводди истротежик маҳсуб мешуд, акнун бо мушкили партовгоҳҳои родиоктиф аз корхонаҳои тавлиди урониюми шуравӣ рӯбарӯст.
Ҳарчанд Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ қаблан гуфтааст, ки вазъи нигаҳдории партовгоҳҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод, дар шарқи пойтахти Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунад, вале намояндагони ин созмон дар ҷараёни дидори худ аз ин кишвар гуфта буданд, ки бо дархости давлати ин кишвар метавонанд дар ин замина кумакҳое ироа кунанд.
Бо ин ҳол, гаҳ-гоҳе аз вуҷуди ташаъшуъи беш аз меъёр дар манотиқи атрофи партовгоҳҳои родиюоктиф ва дар бархе аз манотиқи дигари Тоҷикистон гузориш мешавад. Ҳудуди як моҳ қабл манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки коршиносони эронӣ дар маҳалли сохтмони тунели “Истиқлол”, ки дар масири Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст, “манотиқеро ошкор карданд, ки мизони ташаъшӯъ дар он ҷо се-чаҳор маротиба бештар аз меъёр аст.”
НАТО дар ҳоле барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон талош дорад, ки ахиран Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар мулоқоти руасои се кишвари форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Кобул зимни таъкид бар зарурати густариши ҳамкориҳои ин се кишвар ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар минтақаро монеъи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ хонда буд.
Вай аз ҷумла гуфт: "Албатта, дар ин роҳ кишварҳое фишор ворид мекунанд. Бояд меҳмонони нохонда аз минтақа берун раванд, зеро таҷруба нишон дода, ки ҳеч гоҳ онҳо ба нафъи кишварҳои минтақа иқдомеро анҷом надодаанд."
Имрӯз Роберт Симмонз дар Душанбе гуфт ин иддаъоро, ки НАТО дар Афғонистон фаъолиятҳои созанда надорад, қабул надорад. Вай афзуд: "Аз суҳбатҳое, ки ман дар минтақа дорам, аксари кишварҳо бо шумули раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳанд НАТО дар Афғонистон бимонад ва касе алоқаманди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон нест."
Дар ҳоле, ки Роберт Симмонз, намояндаи минтақаии НАТО бо Эмомалӣ Раҳмон дидор дошт, бархе аз коршиносон бар он ишора мекунанд, ки дидорҳои оқои Раҳмон бо намояндагони қудратҳои ғарбӣ дар фосилае наздик бо дидорҳояш бо намояндагони Кремлин сурат мегиранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтае қабл дар шаҳри Сочии Русия бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дидор дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3019-2010-08-31-18-26-58.html