14:56:44 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ТОҶИКОН ДАР МИЁНИ БОЗДОШТИЁНИ УЗГЕН

Манобеъи амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки дар миёни афроди боздоштшуда дар амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ ва интизомии он кишвар, ки ахиран дар вилоёти Ҷалолобод ва Уш рух дод, теъдоде аз тоҷикон низ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Иброҳимов, як масъули додситонии вилояти Суғд, мақомоти интизомии Қирғизистон ба ҷониби Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар задухӯрди ахири нирӯҳои амниятӣ ва интизомӣ бо гурӯҳе аз аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон дар шаҳри Узгени вилояти Уш 3 нафар ва дар вилояти Ҷалолобод 5 нафар аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва 6 нафари дигар дастгир шудаанд. Манобеъи амниятӣ ва интизомии Қиргизистон ба мақомоти интизомии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар миёни афроди боздоштшуда тоҷикон ё "афроди дорои миллияти тоҷик" низ будаанд.

Вале ба гуфтаи оқои Иброҳимов, ҳануз мушаххас нест, ки дарвоқеъ чи теъдоде аз ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва таҳқиқи парвандаи ҷинойии онҳо аз сӯйи нирӯҳои амниятии Қирғизистон ҳамчунон идома доштааст.

Оқои Иброҳимов афзуд, ки ҳоло нирӯҳои интизомии вилояти Суғд дар ин замина бо ҷониби Қирғизистон ҳамкорӣ мекунанд, вале тибқи таҳқиқот, яке аз шахсони кушташуда дар ин даргирӣ бо як нафар аз афроде, ки дар соли 2006 ба постгоҳи марзии ноҳияи Исфара ҳамла бурда ва баъдан дар даргирӣ бо нирӯҳои интизомии Қирғизистон кушта шуда буд, робитаи хешовандӣ доштааст.

Ҳамчунин мушаххас шудааст, ки ҳамаи ин афрод аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон буда ва эҳтимол меравад, ки ин ҳодиса бо ҳодисае, ки чанде қабл дар Андиҷон рух дод, муртабит бошад.

Рӯзи 29 июн мақомҳои амниятии Қирғизистон хабар дода буданд, ки дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Ӯш, минтақае ҳаммарз бо Тоҷикистон, дар шаби 27 июн се узви "Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ" кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Хайрулло Саидов, додситони вилояти Суғд, ҳоло бозҷӯёни додситонӣ таҳқиқ ва бозҷӯйии 6 нафар аз аъзои Ҳаракати Исломии Туркистонро ба итмом расонда ва дар садади ирсоли парвандаи онҳо ба додгоҳи вилояти Суғд аст.

Ба гуфтаи оқои Саидов, ҳамаи ин афрод сокинони ноҳияи Исфара буда ва аз авоили соли ҷорӣ то кунун аз сӯйи нирӯҳоиамниятӣ ва интизомии вилояти Суғд боздошт шудаанд.

Додситони вилояти Суғд гуфт, ки дар миёни ин афрод Анвар Қаюмов, раҳбари маҳалли Ҳаракати Исломии Туркистон низ будааст, ки дар Афғонистон боздошт шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ориф Умаров, додситони ноҳияи Исфара, аз авоили соли ҷорӣ то кунун 21 нафар аз аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон аз сӯйи кормандони ин додситонӣ ошкор ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Оқои Умаров афзуд, ки тайи 10 соли ахир 84 нафар аз аъзои ин гурӯҳи ба гуфтаи мақомоти "теруристӣ" дар ноҳияи Исфара ошкор шудаанд, ки аз онҳо 40 нафар боздошт ва 44 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯйи нирӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳастанд.

Устони Суғд, дар шиомли Тоҷикистон, ки дар водии Фарғона воқеъ аст, минтақаест, кидар он, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ваамниятӣ, фаъолиятигурӯҳҳои табаҳкор ва ифротгаро аз чанд сол пеш бад-ин сӯ ҳамвора тақвият ёфтааст.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi