14:10:38 17-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИДДИ ТАҲСИЛИ ДИНӢ ДАР ХОРИҶ АЗ КИШВАР

Президент Эмомалӣ  Раҳмон дар ҷараёни мулоқот бо мардуми ноҳияи Фархор аз онҳо талаб намуд, агар фарзандонашон дар мадрасаҳои динии хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, онҳоро дубора ба Ватан  бозхонанд. «Бисёре аз волидайн бо орзуе, ки фарзандонашон маълумоти хуби динӣ бигиранд, аз роҳҳои гуногун истифода бурда онҳоро ба мадраса ва марказҳои таълимоти динии хориҷа равон мекунанд. Аммо дар аксари маврид ин ҷавонон бе назорат монда, таҳсилро як сӯ мегузоранду ба роҳи терроризм ва экстремизми динӣ мераванд»- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ин дархости Президент дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро баланд кард. Зеро тибқи маълумоти ғайрирасмӣ солҳои охир шумори ҷавононе, ки таҳсили худро дар мадориси динии мамолики хориҷа идома медиҳанд,  назар ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзудааст. Ҷавонони тоҷик улуми  диниро маъмулан дар Покистон, Эрон, Арабистони Саъудӣ ва Миср меомӯзанд. Аммо Ҳикматуллоҳ  Сайфуллоҳзода, таҳлилгари  тоҷик, ба он назар аст, ки ҳуқуқ барои таҳсилро ба шаҳрвандон  Сарқонуни Тоҷикистон медиҳад ва танҳо дар ҳолати тағйир додани он, Ҳукумати Тоҷикистон метавонанд, рафтори ҷавононро дар ин росто назорат бикунад.

 

Дар ин замина  Фотеҳ Шамсиддинов,  ки дар Арабистони Саъудӣ таҳсил дорад, мегӯяд, нодуруст мебуд агар бигӯем, ки ҳамаи ҷавонон ба Тоҷикистон таълимоти ғайр меоранд. Зеро мегӯяд ӯ, дар мадрасаҳои Арабистон  ба мо танҳо  таълимоти бегонаро намеомӯзонанд, балки мо ҳамаи мазоҳибро ба таври муқоисавӣ мехонем.

 

Аммо Фирдавси Ҷамолиддин,  як тан фориғуттаҳсили яке аз мадориси Арабистон, мегӯяд, сабаби аслии таваҷҷуҳи ҷавонон ба мадориси динии хориҷа дар он аст, ки донишҷӯён дар ин мадрасаҳо аз тамоми шароитҳои лозима – хобгоҳи бепул  ва  идроре, ки барои рӯзгорашон кифоягӣ  мекунад, бархӯрдоранд. Аммо то ҷойе, ки ман медонам мегӯяд ӯ, на танҳо дар мадрасаҳои динӣ, балки Донишгоҳҳои Тоҷикистон низ  айни  ҳол ин гуна шароит омода карда наметавонанд.

 

Масалан, дар мадрасаҳои динии Тоҷкистон ҷавонон барои таҳсил бояд як маблағи муайян пардохт намоянд. Ба замми ин аксари улуме, ки дар хориҷа меомӯзанд, дар мадрасаҳои Тоҷикистон тадрис намешаванд. Ва табиист, ки ин сабабҳо таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷикро ба мадориси хориҷӣ меафзояд. Сорбон Шодев, таҳсилдидаи як коллеҷи амрикоӣ дар Ню Йорк бошад,  ба ин мавзуъ назари дигар дорад.  Ба андешаи ӯ, бояд ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар технологияи муосир ва дигар илмҳои ба имрӯзи Тоҷикистон лозимаро биомӯзанд. Таълимоти  диниро дар Тоҷикистон низ гирифтан имкон дорад- мегӯяд ӯ.

 

 Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Раҷабалӣ Сангов,  роҳбари бахши рушди барномаҳои байналмиллалии Вазорати маориф, ҳамакнун  зиёда аз 6- ҳазор  нафар донишҷуёни тоҷик тариқи квотаҳои давлатӣ ва идрори байналмиллалии президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон»- таҳсили худро дар мамолики мутараққие чун Амрико, Фаронса, Россия, Бритониёи Кабир идома медиҳанд.

 

Абдулло Ҳакими Раҳнамо, коршиноси точик,  дар ин  бобат мегӯяд: «Дар ҳақиқат, масъалаи таҳсили динии  ҷавонон дар хориҷ аз кишвар масъалаи фарҳангӣ, динӣ  ва ҳам сиёсиву давлатдорӣ низ ҳаст». Ба назари Роҳнамо, роҳи аслии  ҳалли ин масъала дар дохили кишвар  ба вуҷуд овардани шабакаи бисёр қавӣ, ҳозиразамон ва пешрафтаи таҳсилоти динӣ ба пояи мазҳаби ҳанафӣ  мебошад.

 

Бархеи дигар ин дархости сарвари давлатро давоми ҳамон иқдоми манъи ҷараёни салафия ва ваҳҳобия дар Тоҷикистон медонанд, ки соли гузашта  рух додаву пайравони аршади онро то ба зиндон бурда буд. Зеро аксари пайравони ин равияҳо низ таҳсилдидаи мадориси динии хориҷанд. Ин  дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон танҳо дар Донишгоҳи Исломии ба номи Абу Ҳанифа таълимоти олии динӣ омӯхта мешаваду халос.

 

Улуми  диниро ҷавонону наврасони тоҷик аксар дар мадориси назди масоҷиди расмӣ  ва  инчунин ғайрирасмӣ дар назди домуллоҳо меомӯзанд. Ва аммо мақомоти дахлдори ҳукумат моҳи гузашта  як теъдод мадрасҳои ғайрирасмиро дар вилояти Суғд  ғайриқонунӣ эътироф карда,  дарҳои онҳоро ба рӯи муҳассилин  бастанд. 

 

Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3024-2010-09-01-09-16-12.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ