10:14:07 21-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ЁВАРИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои минтақавии мавриди назари тарафайн баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико хусусияти дӯстона ва амалӣ доранд.

Дипломати амрикоӣ нақши муҳими Тоҷикистонро дар бобати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид намуд. Вай зарурати вусъат додани ҳамкориро дар байни ҳар ду кишвар зикр намуд.

Мусоҳибон барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва кашидани хатҳои нави интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигари минтақа ҷонибдорӣ карданд.

Роберт Блейк дар фарҷоми сӯҳбат аз номи Котиби давлатии ИМА вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро даъват намуд, ки ба Вашингтон ташриф орад.

Пайрав Назаров, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ