“АМАЛИ ВАЗОРАТИ ДИФОЪ БЕРУН АЗ АХЛОҚИ АФСАРӢ АСТ”
Хабарнигорон иттиҳоми ахири Вазорати дифоъи Тоҷикистон алайҳи расонаҳоро “ғайриқонунӣ, ғайривоқеъӣ, ғаразнок ва берун аз ахлоқи афсарӣ” хонданд. Ин матлаб дар баёнияи раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва созмонҳои хабарнигории ин кишвар гуфта шуд. Ин баёния дар посух ба изҳороти рӯзи шанбеи Вазорати дифоъ тавассути телевизиюни давлатии Тоҷикистон интишор ёфт. Изҳороти Вазорати дифоъ дар як барномаи вижаи шабакаи телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш шуд, ки аз сӯйи маркази матбуъотии Вазорати дифоъ таҳия шуда буд.
Дар ин барнома кормандони Вазорати дифоъ бозтоби ҳаводиси Рашт дар бархе аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷиро “иғвоангез” хондаанд. Аммо масъулони нашрияҳо дар баёнияи имрӯзи худ дар вокуниш ба изҳороти Вазорати дифоъ гуфтанд, ки пахши чунин барнома ва изҳорот дар шароите, ки барои Тоҷикистон ҳассос аст, “нишони камсалоҳиятӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколатҳо буда, аз ҷониби дигар нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва мардуми Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилоъ мебошад”.
Хабарнигорони тоҷик бар ин назаранд, ки пахши ин барнома тавассути шабакаи телевизиюнӣ, як навъ кӯшиш барои рӯйпуш кардани камбудиҳо дар тарҳрезӣ ва анҷоми амалиёти низомӣ дар минтақаи Рашт аз сӯйи мақомоти низомии Тоҷикистон аст. Дар баёния омадааст, ки расонаҳои мустақил тибқи қавонини кишвар “рисолати аслии худро, ки бозтоби хабар аст бо услуби хоси худ иҷро кардаанд.
Хабарнигорон дар баёнияи худ изҳороти Вазорати дифоъро фишор ба хабарнигорон ва расонаҳои мустақил хонданд. Дар баёнияи хабарнигорон аз мақомоти низомии Тоҷикистон даъват шудааст, ки тавассути расонаҳо аз “чунин рафтори худ узрхоҳӣ кунанд.” Таъкид шудааст, ки “дар акси ҳол, мо (расонаҳо) бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ барои ҳифзи обрӯ ва эътибори худ иқдом хоҳем кард”.
Ҳамчунин изҳори умедворӣ шудааст, ки “мақомоти сиёсии Тоҷикистон ба амали раҳбарияти Вазорати дифоъ баҳои воқеъӣ медиҳад”. Хабарнигон ҳамзамон аз мақомоти кишвар ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон даъват кардаанд, дар рушди озодии баён дар ин кишвар саҳмгузор бошанд. Зимнан, бештаре аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шумораҳои ахири худ ҳодисаи ҳамла ба низомиён дар дараи Камаробро мавриди таҳлил қарор дода буданд.
Бештаре аз расонаҳо зимни интиқод аз раҳбарияти Вазорати дифоъ ин саволро матраҳ кардаанд, ки чаро алайҳи терруристон сарбозони омӯзишнадида фиристода шуданд ва чаро ин амалиёт бидуни омодагӣ анҷом шудааст, ки дар натиҷа дастикам 25 кушта бар ҷой гузошт. Бархе аз нашрияҳо ишораҳое ба он кардаанд, ки Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон пас аз ҳодисаи кушта шудани 25 сарбоз ва афсари тоҷик бояд ба истеъфо биравад.
Ин вокунишҳо ба ҳодисаи Рашт дар расонаҳо дар гузориши маркази матбуъотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифта ва муаллифони чунин матолиб дар надоштани эҳсоси меҳандӯстӣ, иғвоангезӣ ва бемасъулиятӣ муттаҳам шуданд. Аз хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ интиқод шуд, ки бидуни таҳлили воқеъӣ матолиберо мунташир кардаанд, ки метавонад боъиси рӯҳафтодагии ҷомеъа ва сарбозон гардад.
Дар охири барнома хитоб ба хабарнигорон таъкид шуд: “Наметавонед кӯмак кунед, пас халал надиҳед!”. Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, ки дар матолиби нашрияҳои ҳафтаи гузаштаи чопи Душанбе ҳеҷ мавриди нақзи қавонини ин кишвар мушоҳида нашудааст ва хабарнигорон дар чаҳорчӯби салоҳияти худ ҳодисаи ҳамла ба низомиёнро бозтоб додаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дастрасии хабарнигорон ба минтақаи Рашт маҳдуд аст ва манбаъи асосии иттилоъи гузоришҳои расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ баёнияҳои расмии ниҳодҳои давлатӣ ва ё расонаҳои таҳти назорати давлат аст.
Гуфта мешавад иртиботи телефунӣ ба минтақаи даргирии нерӯҳои давлат ва афроде, ки давлат онҳоро исломгаро меномад, қатъ аст ва хабарнигорон наметавонанд бо шоҳидони айнии ҷараёни ҳаводис суҳбат кунанд. Давлати Тоҷикистон ба далели эҷоди мавонеъ дар роҳи озодии матбуъот ва эъмоли фишор ба матбуъот ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои ҳомии озодии баён ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3221-2010-09-27-13-18-05.html