12:00:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДИДОРИ РАҲМОН БО ДИПЛОМАТИ АМРИКОӢ

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин мизони кумакҳои Амрикоро дарёфт мекунад. Ин матлабро рӯзи душанбеи 6 июл Роберт Блейк, муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баъд аз поёни дидор бо Президент Раҳмон дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ҳамасола аз Амрико беш аз чиҳил милюн дулор кумакҳои билоъиваз дарёфт мекунад. Дар соли ҷорӣ эълом шуд, ки ин рақам беш аз 45 милюн дулор хоҳад буд. Ба ин тартиб, Амрико тайи чанд соли ахир дар садри феҳристи кишварҳои кумаккунада ба Тоҷикистон қарор доштааст. Ба гуфтаи оқои Блейк, Амрико ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба алоқаманд ҳастанд ва роҳҳои тавсеъаи равобит дар меҳвари гуфтугӯйи вай бо Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Роберт Блейк дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар гуфтугӯяш бо Президент Раҳмон ҳамчунин масоили марбут ба озодиҳои инсон, аз ҷумла, озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.

Ҳарчанд оқои Блейк ҷузъиёти ин мавзӯъро шарҳ надод, вале эҳтимол меравад, ки дар сӯҳбат бо оқои Раҳмон мавзӯъи тасвиби қонуни баҳсбарангези дин дар Тоҷикистон баррасӣ шуда бошад.

Дар моҳҳои ахир чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумисиюни озодии байналмилалии мазҳабӣ дар Амрико, аз тасвиби ин қонун изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ин кумисиюн бо ишора ба мавориди маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ дар ин қонун, аз мақомоти Амрикоӣ тақозо карда буд, ки нигарониҳояш дар ин заминаро дар дидор бо мақомоти тоҷик матраҳ кунанд.

Ба гуфтаи оқои Блейк, дар дидори вай бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин вазъияти Афғонистон баррасӣ шудааст.

Ин мақоми Амрикоӣ аз посух ба ин суоли хабарнигорон, ки вазъи амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси ахир дар Андиҷони Ӯзбакистон, Узгени Қирғизистон ва шоеъот дар бораи ҳузури гурӯҳе аз мухолифон дар шарқи Тоҷикистонро чигуна арзёбӣ мекунад, худдорӣ кард.


Ин дар ҳолест ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз эҳтимоли вуруди афроди вобаста ба Толибон ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз тақвияти муборизаи Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи онҳо дар Афғонистон ва амалиёти артиши Покистон дар шимоли он кишвар ҳушдор додаанд.

Роберт Блейк бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон барои мусоъидат ба муборизаи Амрико алайҳи терурисм дар Афғонистон тақдир кард.

Тоҷикистон ва Амрико дар баҳори соли ҷорӣ бар сари тронзити колоҳои ғайринизомӣ барои нерӯҳои Амрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон тавофуқ карданд, вале рӯшан нест, ки интиқоли ин колоҳо чи замоне оғоз меёбад.

Пештар эълом шуда буд, ки бар асоси ин тавофуқ дар як моҳ аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон то дусад маҳмула аз колоҳои ғайринизомӣ интиқол дода хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ҷониби Амрико ҳамакнун ба тронзити колоҳои худ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон чандон алоқаманд нест.

Ҳафтаи гузашта Амрико ва Қирғизистон дар бораи таъсиси як маркази тронзити колоҳои ғайринизомии Амрико дар фурӯдгоҳи Манас, дар ҳаволии Бишкек, тавофуқ карданд. Коршиносон ин амрро ҷуброне барои баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар ин фурӯдгоҳ таллақӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон, як созмони пажӯҳишӣ, дар гузорише зимни ҳушдор аз вазъи амниятии Тоҷикистон, аз Амрико хоста буд, ки аз қаламрави Тоҷикистон барои тронзити колоҳои ғайринизомии худ истифода накунад.

Ба эътиқоди коршиносони ин созмон, шароити амниятӣ ва зербиноии Тоҷикистон барои интиқоли ин колоҳо чандон муносиб набудааст.

Дар ҳамин ҳол, дидори Роберт Блейк бо Президент Раҳмон баъд аз замони андаке аз мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Игор Сечин, муъовини нахуствазири Русия ва Анатолий Сердюков, вазири дифоъи ин кишвар сурат гирифтааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир дидорҳои мақомоти Амрикоӣ бо раҳбарони Тоҷикистон маъмулан дар остона ва ё баъд аз замони кӯтоҳе аз дидор ва гуфтугӯҳои мақомоти тоҷик бо ҳамтоёни руси онҳо баргузор шуда ва ин амр ҳамвора ҳадсу гумонҳоеро ба ҳамроҳ доштааст.

Тибқи итилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори оқои Раҳмон бо оқоён Сечин ва Сердюков дар поёни ҳафтаи гузашта мавзӯъи таҳияи барномаи сафари кории Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ ва масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву низомии ду кишвар матраҳ шудааст.

Интизор меравад дар ҷараёни дидори худ аз Тоҷикистон, оқои Медведев дар маросими баҳрабардории охирин турбини нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки бо ҳимояти молии Русия эҳдос мешавад, ширкат кунад.

Ба гуфтаи манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Сечин изҳор доштааст, ки Русия қасд дорад пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба эҳдоси силсилае аз нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад.

Оқои Медведев дар ҷараёни сафари расмии худ ба Тоҷикистон дар соли гузашта эълом карда буд, ки Русия дар ин кишвар боз се нерӯгоҳи мутаввасит хоҳад сохт.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi