20:15:50 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/01_tajikparlament_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/01_tajikparlament_2147_1'

ПОРЛУМОН БА ҲАВОДИСИ РАШТ ВОКУНИШ НИШОН ДОД

Рӯзи ҷумъаи якуми октябр, ёздаҳ рӯз баъд аз ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт ва кушта шудани даҳҳо сарбоз ва афсарони Артиши миллии Тоҷикистон дар ин ҳодиса, порлумони ин кишвар дар робита ба ин қазия вокуниш нишон дод. Баёнияи расмии порлумон, ки дар нахустин ҷаласа, пас аз мураххасии семоҳаи порлумон тавассути Шукурҷон Зуҳуров қироъат шуд, ҳамлагаронро “гурӯҳи ифротгаро” хонда ва амали онҳоро маҳкум кард.

 

Дар ин баёния омадааст, ки “нерӯҳое ифротӣ мехоҳанд вазъи Тоҷикистонро ноором кунанд.” Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон гуфт, ки “Минтақаи Осиёи Миёна дар майдони набардҳои жиупулитики кишварҳои абарқудрат қарор дорад.” Вай афзуд, ки “оромӣ ва субот дар Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои хориҷӣ хуш намеояд”, вале аз ҳеҷ кишвари мушаххас ном набурд.

 

Бо ин вуҷуд порлумони Тоҷикистон дар баёнияи худ таъкид мекунанд, ки ҳеҷ нерӯе вуҷуд надорад, ки тавонад сулҳу субот дар кишварро ба ҳам бизанад. Оқои Зуҳуров зимни ироаи мӯҳтавои баёнияи расмии порлумон гуфт, ки ҳама гуна нерӯҳо, ки дар ин кор даст мезананд, нобуд хоҳанд шуд ва хитоб ба сокинони Рашт афзуд, “ҷавононе, ки ба таври ноогоҳона ба ин нерӯҳо пайвайвастаанд бояд аз ин амали худ даст кашанд.”

 

Дар баёнияи таъкид шудааст, ки ба бовари порлумони кишвар “мардуми водии Рашт ҷонибдори сулҳ ҳастанд ва аз нерӯҳои ифротӣ пуштибонӣ намекунанд.” Аъзои порлумони Тоҷикистон дар ин баёния ҳамчунин ба хонаводаҳо ва пайвандони афроди кушташуда дар ҳамлаи хунбор дар наздикии Камароби ноҳияи Рашт изҳори тассалият мекунанд.

 

Баёнияи порлумони Тоҷикистон дар бораи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳона ба Артиши миллии Тоҷикистон ва нооромиҳо дар Рашт дар ҳоле пахш мешавад, ки порлумон ба хотири сукути худ дар қиболи ин ҳодиса тайи чандин рӯз, мавриди интиқоди расонаҳо қарор гирифта буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3254-2010-10-01-10-56-06.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ