17:44:35 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_diplomatic_2147_'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_diplomatic_2147_'

БАҲСИ САФИРОНИ ИМА ВА РУСИЯ ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНӢ

Сафири ИМА Кен Гросс ва сафири Русия Юрий Попов дар баҳси  муштарак бо зиёда аз 50 донишҷӯи бахши робитаҳои байналмилалӣ аз Донишгоҳи славянӣ ширкат варзиданд. Сафирон ба саволҳои донишҷӯён оид ба масъалаҳои кӯмаки иқтисодии Русия ва ИМА, бехатарии сарҳад, сиёсати байни ИМА ва Эрон, ҳамкории ИМА ва Русия, муҳоҷират ва маориф посух доданд. Раҳмон Ӯлмасов, декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянӣ барандаи ин мубоҳиса буд.

 

Гросс ва Попов қайд карданд, ки дар муддати роҳбарияти Обама робитаҳои байни Русия ва ИМА равнақ ёфтанд. “Мо зичтар шудани робитаҳоро дар сатҳи хеле баланд, байни президенти Русия ва президенти Амрико, мушоҳида кардем ва ин ҷо дар Душанбе ман аз доштани ҳамтои мисли сафир Попов хушнудам. Мо дар ин ҷо низ робитаҳои хеле зич дорем. Мо метавонем якҷоя чизҳоеро амалӣ намоем, ки ба нафъи ҳар ду давлат ва давлатҳои дигаранд” – иброз дошт сафир Гросс.

 

“Федератсияи Русия ва ИМА дар вақти роҳбарияти Обама робитаҳои худро эҳёи тоза бахшиданд ва ҳоло мо як рӯҳи мусобиқаи солим дорем, ки шафоф ва аз муқобилият холист. Амрико ва Русия барои ҳаётро дар Тоҷикистон беҳтар намудан дасти ҳамдигар гирифтанд” – илова намуд сафир Попов.

 

Донишҷӯён дар бораи фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши маориф байни ИМА ва Тоҷикистон ва амалҳои ИМА ва Русия барои кӯмак ба Тоҷикистон дар пешгирии терорризм суол карданд.

 

Оид ба масъалаи терроризм, сафир Гросс гуфт: “Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба амнияти сарҳад бо Афғонистон лоиҳаҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, худи Тоҷикистон барои пешгирии вуруди террористон ба Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳо корҳои хуб ба анҷом мерасонад. Ин як кӯшиши муштараке мебошад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Русия доду гирифти иттилоот ва ҳамкорӣ алайҳи гурӯҳҳои террористро, ки ҳар ду кишвари моро зери ҳадаф қарор додаанд, амалӣ менамоянд”.

 

Сафир Попов афзуд: “Терорризм ин яке аз марговартарин хатар барои ҳукуматҳои мо мебошад. Тоҷикистон аз назари ҷойгирии географӣ ба маркази терорризм наздик аст, ман Афғонистонро дар назар дорам. Аз ин сабаб ҳам омодагии муштарак алайҳи он ҳам аз ҷониби Москва ва ҳам аз ҷониби Вашингтон ба манфиати ҳар ду ҷониб аст”.

 

Донишҷӯён инчунин ба сафири ИМА оид ба масъалаҳои робитаи ИМА ва Эрон ва ҳаёти мусулмонон дар Амрико ва ба сафири Русия дар бораи ташаннуҷи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суол карданд. Дар охир донишҷӯён ба сафирон арзи сипос намуданд ва хоҳиш карданд, ки чунин чорабиниро аз ин пас ҳар сол рӯзи 29 сентябр доир намоянд. Сафирон барои вохӯрӣ дар Донишгоҳи славянӣ ва дар чорабиниҳои дигар изҳори розигӣ намуданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3260-2010-10-02-06-58-53.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ