ЗАРИФӢ: ҚАЗИЯИ РАШТРО БО НЕРӮИ ХУДӢ ҲАЛ МЕКУНЕМ
Давлати Тоҷикистон пешниҳодоти кишварҳои хориҷӣ мабнӣ бар ироъаи кумак дар ҳалли мушкили амниятӣ дар водии Раштро рад кардааст. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 18 октябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Русия, Қазоқистон ва Туркманистон расман омодагии худро барои мусоъидат дар оддисозии авзоъи амниятӣ дар шарқи Тоҷикистон иброз кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ дар ин минтақа гурӯҳи кучаки терруристҳо фаъолият мекунад ва артиши Тоҷикистон имкон ва тавонии нобудсозии онҳоро дорад. Ҳамзамон, вазири хориҷаи Тоҷикистон хабарҳо мабнӣ бар даст доштани ниҳодҳои истихборотии кишварҳои хориҷӣ дар ҳаводиси водии Рашт ва инфиҷор дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли ин кишварро бепоя хонд. Вай гуфт, ки ширкати чанд тан аз атбоъи Афғонистон, Покистон ва Русия дар ин ҳаводис ба ҳеч ваҷҳ маънии мудохилаи ин мамолик дар умури дохилаи Тоҷикистонро надорад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кард, ки мумкин аст ин вазъ ба чигунагии вазъияти амниятӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон асар дошта бошад. Манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, илали афзоиши ташаннуҷ дар шимоли Афғонистонро ба амалиёти густардаи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико дар манотиқи ҷануби ин кишвар талаққӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин амалиёт бархе аз нерӯҳои ҷунбиши Толибон ба манотиқи шимоли Афғонистон паноҳ бурдаанд. Аз сӯйи дигар, мумкин аст Толибон қасд дорад дар истифода аз роҳи олтернотиви ироаи маводди ғайринизомӣ ба нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон аз тариқи Осиёи Марказӣ мушкил эҷод кунанд. Ба дунболи ҳамалоти Толибон ба корвонҳои НОТУ дар Покистон мақомоти Омрико ва НОТУ тасмим гирифтаанд бахше аз ин корвонҳоро аз тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон интиқол диҳанд.
Дар ҳоле ки масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзоиши ташаннуҷ дар шимоли Афғонистонро таҳдиде барои амнияти Тоҷикистон талаққӣ мекунанд, аммо Ҳамрохон Зарифӣ имкони вуруди ҳудуди ду ҳазор ҷангиёнро аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон баъид хонд. Бархе аз расонаҳои Русия дар ҳафтаи гузашта дар ин бора гузориш дода буданд.
Оқои Зарифӣ гуфт, ки мумкин аст гурӯҳи кучаки 10-нафарӣ ба таври махфӣ аз марз бо Афғонистон убур кунад, вале вуруди теъдоди касири аъзои гурӯҳҳои террурист ба Тоҷикистон ғайриимкон хоҳад буд. Дар пайи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ба истилоҳи давлати Тоҷикистон "терруристӣ" ба корвони артиши Тоҷикистон дар 19 сентябри соли ҷорӣ вазъият дар минтақаи Рашт дар шарқи ин кишвар ба вахомат гароидааст.
Дар ин ҳамла 26 тан аз сарбозону афсарони артиш кушта шуда ва иддаи зиёде захмӣ шуданд. Он замон бархе аз масъулони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз ҳузури атбоъи хорҷӣ дар ин минтақа ва мудохилаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Тоҷикистон сӯҳбат карда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/3375-2010-10-18-08-53-02.html