20:25:14 22-уми Майи 2025 сол

ТОҶИКИСТОН БАЁНИЯИ ИСЛОМ КАРИМОВРО БЕПОЯ ХОНД

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иддаъои раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон мабнӣ бар таҳдиди хатари беобӣ ба ин кишварро рад кард. Ислом Каримов дар мулоқот бо сокинони ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон дар рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ иброз дошт, то замони аз об пур шудани обанбори неругоҳи Роғун 8 сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддат Ӯзбакистон бо камбуди шадиди об мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18 октябр гуфт, ки ин баёния пояи илмӣ ё иқтисодӣ надорад.

 

mfa

Зеро тибқи баровардҳои фаннӣ, обанбори Роғун дар муддати 17 сол пуроб хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Зарифӣ ҳамасола Тоҷикистон аз саҳмияи худ барои истифодаи манобеъи оби Осиёи Марказӣ то 3 километри мукааб обро истифода намекунад ва дар оянда обанбори неругоҳи Роғун ба ҳисоби ин об пур хоҳад шуд. Ҳамзамон, вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки бунёди обанборҳо ба вазъи дарёчаи Орол асаре надошта ва сатҳи оби ин дарёча бинобар эҳдоси обанборҳои маснӯъии зиёд дар ҳудуди кишварҳои поиноб башидидат коҳиш ёфтааст.

 

Гуфта мешавад, танҳо дар Ӯзбакистон беш аз 50 обанбори маснӯъӣ бунёд шудааст ва Туркманистон низ дар садад аст дар минтақаи Қизилқум обанбори маснӯъии бузурге созад. Масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин кишвар аз созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ даъват кардааст то вазъи куллияи обанборҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ташхис ва асари онҳо ба вазъияти экулуҷии минтақаро мушаххас кунанд.

 

Ӯзбакистон аз севумин кишвари бузурги тавлидкунандаи панба дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва барои обёрии майдони панба ба манобеъи бузурги об ниёз дорад. Тибқи иттилоъи давлати Ӯзбакистон, ин кишвар дорои 4,3 милюн ҳектур майдони кишт буда ва дар бахши аслии ин арозӣ панба кишт мешавад. Коршиносон мегӯянд, Ӯзбакистон нигарон аст дар сурати бунёди обанбори Роғун мизони об ба кишварҳои поиноб, бахусус, Ӯзбакистон коҳиш ёфта ва ин амр дар бахши кишоварзии ин кишвар авоқиби номатлуб хоҳад дошт.

 

Аз ин лиҳоз, Ӯзбакистон ба тарҳи бунёди неругоҳи Роғуни Тоҷикистон шадидан мухолифат нишон дода ва ба баҳонаи "таҳдид ба муҳити зисти минтақа" хостори қатъ шудани иҷрои тарҳ шудааст. Ба дунболи тасмими Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи Роғун, ки аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон ба сардӣ гароидааст. Дар зарфи як соли ахир Ӯзбакистон ба ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз ҳудудаш монеъ эҷод карда ва садҳо вогунро ба муддати аз 2 то 6 моҳ мутаввақиф кардааст.

 

Давлати Тоҷикистон дар ин замина ба СММ ва Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ шикоят бурда, аммо ин ниҳодҳо дар ҳалли қазия кумаке накардаанд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки танҳо роҳи ҳалли мушкилоти ҳамлу нақл ва обу энерҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ин канор гузоштани даъвою муттаҳам сохтани ҳамдигар ва баррасии қазия аз тариқи музокироти дуҷониба хоҳад буд.

 

И. КАРИМОВ: «ТАЛАБ МЕКУНЕМ, ТО ЯК ГРАММ ОБРО КАМ НАКУНАНД» 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/3377-2010-10-18-12-41-56.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ