21:02:39 22-уми Майи 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲУСЕЙН ҲОШИМИЁН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо роҳбарии Ҳусейн Ҳошимиён,- вакили Маҷлиси Шўрои Исломии ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. 

 

rahmon

Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. «Муносибатҳои дўстонаи мо хислати мунтазам, ҳадафманд ва тақрибан фарогир пайдо намуда, ба манфиатҳои олии ҳарду кишвар беш аз пеш созгору ҷавобгў мешаванд», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ҳамзамон таъкид гардид, ки «ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҳанўз имконоти истифоданашудаи зиёд дорад ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо нақши парлумонҳои ду кишвар басо муҳим аст».

 

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки «солҳои охир Тоҷикистону Эрон дар муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию техникии худ ба марҳилаи ҳамкории бунёдии стратегӣ ворид шудаанд». Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимистони ҳамин сол чархи якуми нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 ба кор дароварда мешавад ва дар ояндаи наздик бо ҳамдастии дуҷониба бунёди дигар нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон низ оғоз меёбад. Зимни баррасии масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон таъкид гардид, ки корҳо баҳри пайвастани шабакаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионии се кишвар бояд вусъат дода шаванд.

 

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, пеш аз ҳама ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони се кишвар ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равона мебошад. Зимни сўҳбати ошкору созанда Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари муносиботи дўстона ва ҳамкории гуногунҷанба таъйид намуданд.

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3391-2010-10-21-06-39-15.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ