ОДӢ ШУДАНИ ШАРОИТИ ХИДМАТӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ ИНТИЗОМӢ
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз содда шудани вазъи амниятӣ дар ин кишвар хабар медиҳад. Ба ин далел кори кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ, ки тӯли беш аз ду моҳи охир дар шароити он чи "подгонӣ" (казарменное положение) номида мешавад, анҷом меёфт, панҷоҳ дар сад одӣ шудааст. Тайи беш аз ду моҳи ахир маъмурони пулис ба сурати шабонарӯзӣ ифои вазифа мекарданд.
Нахуст маъмурони пулис машғули боздошти 25 зиндонии фирорӣ буда ва сипас дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт ҷалб шуданд. Як манбаъи пулис дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, бо одитар шудани вазъ, ҳамакнун маъмурон метавонанд, барои муддате ба хонаводаҳои худ ва зиндагии хусусӣ бирасанд. Ба иттилоъи ин манбаъ, беҳтар шудани вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шарқи ин кишвар ба коҳиши теъдоди маъмурони пулисе, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, боис шудааст.
Тибқи иттилоъи ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ду шабонарӯзи ахир дар Рашт ҳеҷ даргирие рух надода ва маъмурони интизомӣ ва амниятӣ кунтрули комили ин минтақаро дар даст доранд. Дар авохири ҳафтаи гузашта Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки эҳтимол дорад, то даҳ рӯзи дигар амалиёти вижа алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи ин кишвар анҷом ёбад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар ин минтақа ду гурӯҳи пайкорҷӯёни мутааллиқ ба “Мулло Абдулло” ва “Алӣ Бедакӣ” боқи мондаанд, ки теъдоди кулли онҳо то 30-40 ҳадс зада мешавад. Оқои Қаҳҳоров хабар дод, ки ин ду гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистонии дараи Камароб дар муҳосира қарор доранд ва мавзӯъи боздошт ё маҳви онҳо ногузир аст.
Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, созиши мақомоти Тоҷикистон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони дигари мухолифони собиқ ба беҳбуди вазъи амниятӣ дар минтақа ва дар кишвар боис шудааст. Оқои Аҳмадов, ки аз нуфузи зиёде дар минтақаи Рашт бархурдор аст, муддате бо ҷонибдоронаш дар кӯҳҳо панаҳ бурд ва сипас барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён изҳори омодагӣ кардааст.
Дар моҳи сентябр мақомоти тоҷик ӯро дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар Камароб, ки дастикам 26 кушта бар ҷой гузошта буд, муқассир дониста буданд. Дар ҳамин ҳол манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи дубора фаъол сохтани фаъолияти бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар минтақаи Раштро бепоя хондаанд.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, қарор аст дар навоҳии водии Рашт бахши вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки мушобеҳи бахшҳои вилоятии ин ниҳод аст, таъсис шавад. Гуфта мешавад, асноди зарурӣ барои таъсиси чунин як ниҳод дар дасти баррасӣ буда ва ҳоло мавзӯъи таъйини раҳбарияти он матраҳ нест. Ҳарчанд, соҳибназарон аз эҳтимоли интисоби Шоҳ Искандаров, низ аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мухолифи давлат, ба ин симат изҳори назар мекунанд.
Би-Би-Си