"ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ БО КОБУЛ АМРИ ЗАРУРИСТ"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Кобул гуфт, ки кишвараш ҷонибдори тақвияти истротежии муборизаи байналмилалӣ бо теруризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳонӣ буда ва ҷонибдори суботи низоми одилонаи байналмилалӣ аст. Президент Раҳмон баъд аз мулоқот бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки муборизаи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон алайҳи қочоқи маводди мухаддир бояд барои кишварҳои дигар улгӯ бошад ва афзуд, ки ҳамкорӣ дар ин замина бояд беш аз пеш тақвият ёбад.
Гуфта мешавад, ҳадафи аслии сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Афғонистон матраҳ кардани масоили ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар аст. Ба гуфтаи коршиносон ҳаводиси чанд моҳи ахир, ки субот дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон, ба хусус водии Раштро рахнадор кард ба фаъолият гурӯҳҳои ифротгарое марбут аст, ки ба содагӣ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон убур мекунанд ва дубора дар Афғонистон паноҳ мебаранд.
Аз сӯйи дигар шиддат гирифтани фаъолияти Толибон дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзии ҳудуди 1400 килуметрӣ дошта ва ба далоили шароити ҷуғрофӣ, ба хусус кӯҳистони душворгузар будани он, таҳти назорати комил нест, мояи нигаронии мақомоти амниятии Тоҷикистон аст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 октябр дар нишасти хабарие дар Кобул аз ҷумла гуфтааст: "Мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятӣ, марзӣ ва низомии ду кишварро амри зарурӣ медонем. Тақвияти марзи муштараки мо ба тўли тақрибан 1400 км ҳамчун марзи дўстиву ҳамкорӣ ба амният ва суботи ҳам кишвари Шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад... амният ва суботи Шумову мо мафҳуми тавъам аст ва ҷудонашаванда.”
Оқои Раҳмон субҳи рӯзи душанбе барои анҷоми сафари се рӯзаи расмӣ ба Кобул, пойтахти Афғонистон рафт. Дар поёни мулоқот бо президент Карзай шаш санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ба имзо расид. Бар асосии иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон руасои ду кишвар мувофиқатномаҳо дар заминаи тавсеъа ва истифода аз захоири оби рудхонаи Панҷ ва тиҷорату тронзитро имзо карданд.
Дар ин сафари расмӣ президент Раҳмонро масъулони вазоратхонаҳо ва кумитаҳои Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин ёддошти тафоҳум дар робита ба ҳамкорӣ дар бахши энержӣ миёни масъулони Вазорати энержӣ ва саноъеи Тоҷикистон ва Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон ба имзо расид. Дар ин сафари расмӣ, президент Раҳмон бо ҳамтои афғонии худ мувофиқатнома дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаи ҷаҳонгардиро низ имзо кард.
Раҳбарони ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасти матбуъотии муштарак дар Кобул натоиҷи мулоқоти имрӯзии худро барои кишварҳояшон муҳимм арзёбӣ карданд. Сафари се рӯзаи расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон баъд аз панҷ соли сафари қаблии вай анҷом гирифтааст. Қарор аст дар тӯли ду рӯзи оянда президент Раҳмон бо мақомоти дигари Афғонистон аз ҷумла бо Муҳаммад Юнус Қонунӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси Шўрои олии сулҳи он кишвар мулоқот кунад.
Коршиносони иқтисодӣ густариши ҳамкориҳои мухталиф миёни Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро ба вижа дар арсаи роҳу таробарӣ барои ҳар ду кишвар судманд медонанд. Аммо ба гуфтаи иддае аз коршиносон ин ҳамкориҳо дар ҳоле судовар хоҳанд буд, ки агар дар Афғонистон сулҳу саботи воқеъӣ барқарор бошад. Аз сӯйи дигар тибқи иттилоъи расмӣ мизони табодули коло миёни Афғонистон ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин омор танҳо дар се моҳи соли 2010 туҷҷори ҳар ду кишвар ба маблағи беш аз 20 милюн дулор табодули коло ва маводд кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 40 дарсад зиёд будааст. Вале бархе дигар аз соҳибназарон бо дарназардошти афзоиши интиқоли маводди мухаддир бар он назаранд, ки ин ду кишвар бояд ҳамкориҳояшонро дар заминаи дифоъ аз марз ва мубориза бо маводди мухаддир тақвият бахшанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3421-q-----q.html