13:58:12 02-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ ҲНИТ БАРОИ РАФЪИ ИХТИЛОФ БО КУМИТАИ ДИН

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сохтмони дафтаре ҷадид барои ин ҳизбро яке аз роҳҳои рафъи ихтилоф бар сари намозгузорӣ дар дафтари феълии худ медонад. Фаъолони ин ҳизб пешниҳод кардаанд, ки давлат намозгоҳи воқеъ дар дафтари феълии ҲНИТ-ро ба унвони масҷид ба расмият шиносад ва барои сохтмони дафтаре ҷадид барои аъзои ин ҳизб қитъаи замине тоза ихтисос диҳад.

 

islam partyҲикматулло Сайфуллозода, узви раёсат ва таҳлилгари ҲНИТ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран дар дидор бо масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, фаъолони ин ҳизб роҳҳои ҳалли ихтилоф бо ин кумита дар мавриди манъи намозгузорӣ дар дохили дафтари ин ҳизбро пешниҳод кардаанд. Вай гуфт: "Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил таъсиси масҷиде дар маҳалли дафтари феълии ҲНИТ аст. Зеро сокинони маҳаллоти атроф ба намозгузорӣ дар ин ҷо одат кардаанд. Ин масҷид бояд расман таъсис ёбад ва имом-хатиби он низ бояд интихоб шавад."

 

Вале ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, шаҳрдории Душанбе бояд барои ҲНИТ "қитъаи муносиби замине" барои сохтмони дафтари ҷадид ихтисос диҳад. Дар ин сурат ҳизби наҳзати исломӣ ба сохтмони дафтари ҷадиди худ оғоз хоҳад кард. Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи ин пешниҳоди ҲНИТ ҳануз ибрози назаре накардаанд.

 

Ин кумита мегӯяд, ки бар асоси муқаррароти қонуни дин, намозгузорӣ дар муассисот, аз ҷумла дар дафтари ҳизбҳои сиёсӣ, мамнӯъ аст ва ҲНИТ бояд аз адои маросими намозгузорӣ дар дафтари худ ҷилавгирӣ кунад. Маъмулан рӯзҳои ҷумъа дар масҷид ё намозгоҳи ҲНИТ, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ буда ва масъулони ҳизб онро "бунгоҳи фарҳангӣ" меноманд, садҳо нафар аз сокинони манотиқи атроф барои адои намоз гирдиҳам меоянд.

 

Дар ҳоле ки намозгузории занон дар масоҷиди Тоҷикистон мамнӯъ аст, занони узви ҲНИТ дар қисмате аз дафтари ин ҳизб, ки танҳо ҳизби мазҳабии расмӣ дар Тоҷикистон аст, ба намозгузорӣ машғул мешуданд. Вале баъд аз оташсӯзии рӯзи 23 октябр ин шароит аз байн рафтааст. Дар асари ин оташсӯзӣ макони намозгузории занон дар дафтари ҲНИТ хароб шудааст.

 

Масъулони Идораи оташнишонии Тоҷикистон мушкили расиши симҳои барқро сабаби рух додани оташсӯзӣ дар маҳалли намогузории дафтари ҲНИТ арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, идораи оташнишонӣ ахиран масъули бахши фарҳангии ҳизби наҳзати исломиро, ки дар бунгоҳи он намозгузорӣ анҷом мешуд, ҷарима кардааст.

 

Оташнишонҳо мегӯянд оташсӯзие, ки дар ин сохтмон рӯзи 23 октябр рух дод, ба далели навоқис дар пайванди симҳои барқ сурат гирифтааст. Оқои Сайфуллозода афзуд: "Раҳбари ҲНИТ санадеро дар ин замина имзо кард, зеро натиҷаи таҳқиқи бозрасони идораи оташнишонӣ чунин буд."

 

Дар ҳамин ҳол, Толиб Ҳаётов, масъули бахши матбуъотии идораи оташнишонии Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт, ки бозрасони ин ниҳод ҷузъиёти оташсӯзӣ дар дафтари ҲНИТ-ро таҳқиқ карда ва ба чунин натиҷа расидаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар ду ҳафтаи ахир танҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чаҳор мавриди оташсӯзӣ дар масоҷиди мухталиф мушоҳида шудааст. Вале оқои Ҳаётов ин хабарҳоро бепоя хонд.

 

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди соҳибназарон, ахиран фишорҳо бар ҳизби наҳзати исломӣ, ки умдатарин ҳизби мухолифи давлат буда ва аз нуфузи густардае дар ҷомеъа бархурдор аст, афзоиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон нигаронии худро аз хатари густариши ифротгароии мазҳабӣ ба таври ошкор эълом карда ва дар ин росто ҳатто ба иқдомоте назири бозовардани муҳассилини тоҷик аз мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва маҳдудият дар пӯшиши либоси маҳзабӣ, даст задааст.

 

Вале мунтақидони давлат ин равишҳоро барои ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ бефоида медонанд ва мегӯянд, ки фақру фасод ва тамаркузи қудрат дар дасти гурӯҳе аз афроди содиқ ба раиси ҷумҳурӣ ва таназзули сатҳи омӯзишу парвариш мӯҷиби гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3498-2010-11-04-10-35-51.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854