14:40:00 02-уми Июни 2025 сол

ТАМҶИД АЗ НАҚШИ РУСИЯ ДАР "ТАЪМИНИ АМНИЯТИ" ТОҶИКИСТОН

Дар ҳамоиши байналмилалии илмии мавсум ба "Мушкилоти мудерниза ва амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Душанбе фақат коршиносони сиёсӣ аз Тоҷикистонӣ ва Русия суханронӣ карданд. Аксари суханрониҳо ва ибрози назарҳо дар ин нишаст дар бораи нақши Русия дар тавсеъа, амният ва ояндаи ин кишварҳо буд.

 

koshlakovКоршиносони марокизи таҳлилии Русия ва бархе аз тоҷикон дар ин нишаст бар аҳаммияти ҷойгоҳи кишварашон дар истиқрори субот дар минтақа ва рушди арсаҳои мухталифи иқтисод дар Тоҷикистон таъкид карданд. Аз ҷумла Георгий Кошлаков, устоди Донишгоҳи муштараки тоҷикӣ-исловии шаҳри Душанбе, муътақид аст, ки "дар ояндаи наздик равобити Русия бо Тоҷикистон барои ин кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа хоҳад дошт."

 

Вай гуфт, ки бо дарназардошти ҳамсоягӣ бо Афғонистон ҷалби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бидуни таҳаққуқи субот дар он кишвар номумкин хоҳад буд. Оқои Кошлаков афзуд: "Ки ба ҷуз Русия метавонад дар амал барои анҷоми вазоифи дифоъӣ ба Тоҷикистон мусоъидат кунад? Ин ки пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар ҳузур дорад ба ин савол посух медиҳад."

 

Вай ҳамчунин гуфт: "Ҳеҷ гуна кумакҳо дар заминаи эҳдои мошинҳо ё бунёди пулҳоро наметавон бо аҳаммияти ҳузури пойгоҳи 201, бо ҳаҷми таслиҳоти низомии русӣ ва на бо теъдоди шогирдони муассисоти омӯзишии низомии Русия, ки аксарияти афсарони тоҷикро ташкил медиҳанд, муқоиса кард."

 

Аммо оқои Кошлаков аз сардии равобити миёни ин ду кишвар дар заминаи иқтисод ибрози норизоятӣ кард ва ин оморро барои мисол ироа кард, ки агар давлати Тоҷикистон ба “Газпром”, ширкати истихроҷи нафту гози Русия, барои фаъолият дар майдонҳои истихроҷ танҳо чаҳор муҷаввиз дода бошад, "аммо “Тетис”, ширкате ноошно ва номаълум аз Конодо ё Омрико, то кунун 64 муҷаввиз барои фаъолият гирифтааст."

 

Бо ин ҳол Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики давлати Тоҷикистон, дар суханронии худ гуфт нооромӣ дар яке аз қисматҳои кишвар наметавонад далели "кишвари бесубот" хонда шудани кишваре шавад ва дар ин иртибот ба унвони мисол аз вазъ дар Қафқози Русия ёдовар шуд. Оқои Шарипов ба навбаи худ гуфт, ки Тоҷикистон наметавонад бидуни амалӣ кардани се барномаи истротежики худ, яъне истиқлоли энежӣ, бурунрафт аз бунбасти иртибототӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ дар заминаи рушди худ қадамҳои ҷиддӣ бардорад.

 

Вай гуфт, ки рақобати Русия, Чин, Омрико "ва дар ин авохир Эрон" барои ҳузури жиюпулитик дар ин кишвар рақобати даррандахӯйи сармоядорист ва ин равандро табиъӣ хонд. Вай гуфт, ки ин кишварҳо танҳо дар сурати ҳамоҳанг сохтани манофеъи миллии кишвар бо манофеъи худ метавонанд дар ин рақобат пирӯз шаванд. Тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар тӯли солҳои ахир дар маҳофили сиёсӣ ва расонаҳо ва сутуҳи баландпояи Тоҷикистон аз тарҳҳои аслии истротежики миллӣ эълом шудааст, ки бархе аз кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзабкистон, бо иҷрои он мухолифати ҷиддӣ нишон медиҳанд.

 

Аммо Юрий Крупнов, як масъули Пажӯҳишгоҳи оморнигории ҷамъият, муҳоҷират ва рушди минтақавии Русия, бар ин бовар аст, ки нооромиҳои ахир дар Қирғизистон ҳушдоре ҷиддист, ки зарурати тағйири сиёсати Русия дар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёнаро бозгӯ мекунад. ай гуфт: "Интихоб аз ду якест – Ё кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ногузир ба қаламрави нооромӣ табдил мешаванд ё ин ки кишварҳои собиқ шӯравӣ бояд ба самти аҳдофи муштарак ва дарозмуддати тавсеъа равона гарданд. Ин кишварҳо ба қаламрави ошуфтагии комил табдил хоҳанд шуд ё қаламрави рушд."

 

Андрей Медведев, раиси Маркази фанноварии сиёсӣ, низ бар зарурати ҳамгироии ҷиддии Русия бо кишварҳои минтақа таъкид кард. Ӯ манофеъи Русия дар Осиёи Марказиро "табиъӣ" хонд ва гуфт, ки манофеъи Русия дар кишварҳои минтақа қабл аз ҳама далоили амниятӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ: "Русия наметавонад афзоиши қочоқи маводди мухаддирро нодида бигирад ё нисбат ба табдили минтақа ба як пойгоҳи омода сохтани теруристҳо бетафовут бимонад."

 

Ширкаткунандагони нишасти Душанбе пешниҳод карданд, ки кишварҳои собиқи Шӯравӣ бояд тарҳи ҷадиди ҳамгироиро таҳия кунанд ва барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ як созмоне ба номи Бунгоҳи тавсеъаи кишварҳои Осиёи Марказиро таъсис бидиҳанд.

 

Бархе аз коршиносони ин нишаст гуфтанд, ки дар соли 2030 кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои муҳоҷирон "ҷанг" хоҳанд кард ва аз Русия хостанд, ки муҳоҷирати Тоҷикистонро ба омили фишор бар Тоҷикистон табдил надиҳад. Ин коршиносон гуфтанд, ки Тоҷикистон ва Русия дар ояндаи наздик бо дарназардошти афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон ва бо оғози камбуди нерӯи корӣ дар Русия ба ҳамдигар эҳтиёҷи мутақобил хоҳанд дошт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3539------q-q-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854