ӮЗБЕКИСТОН БА САММИТИ ДУШАНБЕ КИРО МЕФИРИСТАД?
Тибқи иттилои сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назриев, ки имрӯз дар ҷамъи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сӯҳбат мекард, сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҷуз Ӯзбекистон тайид намудаанд, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони ҳукуматҳои мамолики аъзои СҲШ, ки рӯзҳои 24- 25-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, шахсан худашон ширкат хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, Сарвазири ҳукумати Қазоқистон Карим Масимов, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Цзябао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Сарвазири ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов тасмим гирифтаанд, ки дар ин ҷаласа шахсан иштирок мекунанд. Аммо Ӯзбекистонро дар ин гирдиҳамоии навбатии сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ муовини сарвазири ҳукумати ин ҷумҳурӣ Ботир Хоҷаев намояндагӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа инчунин намояндагони давлатҳои нозири СҲШ –Ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Раҳимӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гелонӣ, Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Принит Корр, Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Гамбожалв Зандамшатарм ва бо сифати меҳмон ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ширкати Дабири кулли СҲШ М.С. Иманалиев, Директори Кумитаи Иҷроияи минтақавии сохтори зиддитеррористии СҲШ Д. Чуманбеков, Раиси идораи Шӯрои СҲШ Д.Ф. Мезентсев ва Раиси Шӯрои иттиҳодияи байнибонкии СҲШ Г.Н. Искалиев дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ низ дарназар аст.
Ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷаласа вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақаро баррасӣ намуда, инчунин масъалаҳои таъмини амнияту субот, тавсиъаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро мавриди баҳсу мунозира қарор хоҳанд дод.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи Давлат Назриев дар рӯзҳои 24-25-ноябр инчунин ду сафари расмӣ, сафари Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ва сафари Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Цзябао ба Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар рафти онҳо мулоқоту гуфтугузорҳое байни онњову мақомоти баландпояи кишвар барпо шуда, аз рӯйи натоиҷи онҳо асноди дуҷониба оиди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ қабул мегардад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3641-2010-11-22-19-32-08.html