22:52:24 01-уми Июни 2025 сол

Э.PАҲМОН ЭЪТИМОДНОМАҲОИ САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶРО ҚАБУЛ НАМУД

safironПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фақулодда ва мухтори 11  давлати хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафирони Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад ал-Ҳадидӣ, Ҷумҳурии Арабии Яман Муҳаммад ал-Ҳилолӣ, Ҷумҳурии Алҷазоир  Рамдан Мекдуд, Судон Муҳаммад Заруг, Қирғизистон  Урмат Саралаев, Финландия хонум Туула Юреля,  Словения Хонум Ада Сливник, Боснияву Гертсеговина Эмир Кадонич,  Куба Абелардо Феррера, Бангладеш Хандакар Абдусаттор ва   Муғулистон Хаваавчийн Аюрзан тақдим намуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, ки баъди маросими қабули эътимодномаҳо сурат гирифт, аз ҷумла аз авлавиятҳои мавҷуда дар муносиботи дуҷониба бо давлатҳои номбурда ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафирони нави ин кишварҳо баҳри таҳким ва густариши равобити дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Онҳо низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки баҳри рушди муносиботи судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3642-p-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854