РАҲМОН: "ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН АЗ ОРИЁИҲО ОМАДААСТ"
Президент Раҳмон зимни шодбоши сокинони Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи парчами миллӣ" гуфт, ки фарҳанги парчамдории тоҷикон аз қавмҳои ориёӣ маншаъ мегирад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина аз парчами Куруши Кабир ва Коваи Оҳангар ёдовар шуда ва таъкид кард, ки онҳо "рамзи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошанд."
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчами Куруши Кабир гуфт, ки дар он уқобе тасвир шудааст, ки рамзи қудрату тавоноӣ аст. Ба эътиқоди раҳбари Тоҷикистон, давлате, ки Куруши Кабир ташкил дод, "давлати нерӯманди замона" маҳсуб мешуд. Сипас, Президент Раҳмон ба шарҳи парчами феълии Тоҷикистон рӯй оварда ва гуфт: "Даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимоят аз марзу бум, саъйу талош барои эъмори ҷомеъаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст."
Тибқи шарҳи манобеъи расмӣ, парчами Тоҷикистон аз ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саъодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият, иборат мебошад. Ҳамчунин, дар парчами Тоҷикистон тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки онро мақомот ишора ба мӯътабар будани шумораи ҳафт дар таърихи фарҳанг ва давлатдории тоҷикон арзёбӣ мекунанд.
Дар паёми шодбошии худ оқои Раҳмон зимни таъкид бар зарурати таҷлил аз "Рӯзи парчами миллӣ" гуфт, ки бузургдошти ин рӯз ба маънии эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллат аст. Вай афзуд: "Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост."
Аз сӯйи дигар, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро ба арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ - Қонуни асосӣ, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ даъват кард. Ба гуфтаи вай, чунин арҷгузорӣ "бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд."
Зимнан, дар замони шӯравӣ парчами Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сабз ва сафед иборат буд, ки дар як нӯки он ба гунаи сойири ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ нишони досу болға тасвир шуда буд. Герб ё рамзи замони шӯравии Тоҷикистон аз ниҳоли панба ва гандум, ситораи сурх ва нури офтоб иборат буд. Баъд аз касби истиқлол, муддате дар рамзи Тоҷикистон тасвири шер мавҷуд буд, ки баъдан ҳазф шуд. Ҳоло дар нишони давлати Тоҷикистон ҳафт ситора, китоб ва қуллаҳои кӯҳсор тасвир шудаанд.
Барои бори нахуст аз "Рӯзи парчами Тоҷикистон" соли гузашта таҷлил шуда буд. Ба ин манзур ниҳодҳои давлатӣ ба таҳияи парчами бузурге иқдом карданд ва онро бар рӯйи хутути троллебус дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе насб карданд. Дастандаркорон мӯътақиданд, ки ин бузургтарин парчами миллӣ дар ҷаҳон аст ва бояд ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шавад, вале то ҳол дар ин замина иқдоме анҷом нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3648--q----q.html