11:52:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МИРЗО ЗИЁЕВ КУШТА ШУДААСТ

Манобеъи амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи пешини мухолифон, дар ҷараёни даргирӣ бо гурӯҳе номаълум кушта шудааст.

Ба гуфтаи яке аз ин манобеъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, оқои Зиёев ба ҳамроҳи нерӯҳои давлатӣ гурӯҳе аз афроди мусаллаҳро дар мавзеъи Чилдара "халъи силоҳ карда ва барои халъи силоҳи гурӯҳе дигар ба маҳалли дигаре раҳсипор шуд, вале дар ҷараёни даргирӣ бо ин гурӯҳ кушта шуд."

Ин манбаъ гуфт, ки оқои Зиёев аз оғоз "барои халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва барқарории субот дар Тавилдара талош дошт ва бо нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ буд." Ин даргирӣ зоҳиран асри рӯзи шанбе, 11 июл, иттифоқ уфтодааст. Аммо як нафар, ки худро Азим Сафаров ва сокини Тавилдара муъаррифӣ кардааст, рӯзи шанбе дар вебсойти "Сентразия.ру" навиштаст, ки оқои Зиёев шаби 10 ба 11 июл дар дараи Сурхоб кушта шуд.

Ҳамакнун маълум нест, ки гурӯҳи даргиршуда бо нерӯҳои давлатӣ, ки гӯё Мирзо Зиёев низ ҳамроҳи онон будааст, ҳамон гурӯҳи вобаста ба Неъмат Азизов, аз муъовинони собиқи оқои Зиёев аст ё хайр.

Бархе манобеъ ишора мекунанд, ки оқои Зиёев "дар ҷараёни таҳвилаш ба Душанбе ба дасти нерӯҳои амниятӣ" кушта шудааст, вале мақомҳои интизомию амниятии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар, Олимҷон Одилов, аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фамондеҳони собиқи мухолифон, ки дар ноҳияи Рашт қарор дорад, субҳи 12 июл дар истинод ба манобеъи маҳаллӣ дар Чилдара хабари кушта шудани Мирзо Зиёевро таъйид кард.

Оқои Одилов шаби гузашта дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки оқои Зиёев бо теъдоде аз тарафдоронаш рӯзи ҷумъаи 10 июл силоҳҳои худро ба нерӯҳои давлатӣ супурдааст.

Ба гуфтаи вай, Неъмат Азизов ҳам, ки дар гузашта муъовинати оқои Зиёевро ба уҳда дошт, рӯзи шанбеи 11 июл бо чанде аз ҳамроҳонаш силоҳҳояшро ба нерӯҳои давлатӣ супурдааст. Нерӯҳои давлатӣ панҷ ё шаш нафари дигарро дар мавзеъи кӯҳистонии "Ҷангалак" боздошт кардаанд, аммо амалиёт дар минтақа ҳамчунон идома дорад.

Аз сӯйи дигар, манобеъи пулис дар ноҳияи Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, мегӯянд, ки роҳҳои мунтаҳӣ ба ин ноҳия боз шуда, нерӯҳои давлатӣ посгоҳҳои худро аз нуқоти гуногуни роҳ барчидаанд ва вазъият дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ба эътидол даромадааст.

Сарвон (капитан) Зиёратшо Умаров, навбатдори шӯъбаи пулис дар ноҳияи Тавилдара шоми шанбеи 11 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки роҳҳои ин ноҳия ҳамакнун боз ва ҳаракат дар масири Хорӯғ-Душанбе низ озод шудааст. Аммо вай гуфт, ки дар бораи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Чилдара иттилоъе надорад.

ЗИЁЕВ ТАСЛИМ ШУД

Хабаргузории маҳаллии Осиё-Плас субҳи рӯзи шанбе аз қавли манобеъи амниятии Тоҷикистон, ки аз онҳо ном набурда буд, хабар дод, ки оқои Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, ба ҳамроҳии панҷ тан аз ҳамроҳонаш "худро ба нерӯҳои давлатӣ таслим кардааст."

Ин хабаргузорӣ навишт, ки мақомоти интизомӣ ҳамакнун мавзӯъи таҳвили оқои Зиёев ба Душанберо баррасӣ мекунанд. Вале Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, ки дар минтақаи Рашт қарор дорад, дар истинод ба муъовини раиси ҳукумати ноҳияи Тавилдара гуфт, ки оқои Зиёев "дар ҳеч чиз мудохила надорад ва дар хонааш аст".

Оқои Комилзода ҳамчунин аз қавли Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигори маҳаллӣ ва сардабири нашрияи "Насими Хингоб" дар ноҳияи Тавилдара, гуфт, ки дар пайи даргириҳои ахир миёни тарафдорони Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов, мақомҳои интизомӣ оқои Зиёевро "барои пурсиш ва ироаи тавзеҳот дар бораи ин рӯйдод ба мақарри пулис даъват карданд."

Ба гуфтаи ин манбаъ, Мирзо Зиёев "дар посгоҳи пулис дар мавзеъи Чилдара қарор дорад, силоҳҳояшро ба маъмурони давлатӣ додааст, вале Неъмат Азизов бо тарафдоронаш дар Тавилдара ба маҳалле номаълум фирор кардааст." Аммо баъзе хабаргузориҳо аз қавли манобеъи пулис навиштанд, ки оқои Зиёев ба Душанбе таҳвил дода шудааст.

Хонуми Алиева гуфтааст, ки даргириҳо миёни тарафдорони Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов ба хотири рақобат "барои таъмини амният дар минтақа" сурат гирифта ва охирин маврид аз ин даргириҳо, ки бо тирпаронӣ ҳамроҳ буда, рӯзи ҷумъаи 10 июл дар минтақаи Сари Пул иттифоқ уфтодааст. Гуфта мешавад, Мирзо Зиёев пештар дар мавзеъи Сари Пул посгоҳе таъсис дода буд.

СУКУТИ МАҚОМҲОИ ИНТИЗОМӢ

Ҳарчанд гузоришҳои зидду нақизе аз даргириҳо дар ноҳияи Тавилдара дар рӯзҳои ахир мунташир шудааст, аммо Вазорати кишвари Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора ҳамвора худдорӣ кардааст.

Аммо Осиё-Плас рӯзи шанбе дар истинод ба манбаъе амниятӣ навишт, дар ҷараёни даргирие, ки шаби 8 июл дар посгоҳи Сафедхок миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳи номаълум рух дод, се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Як нафари дигар ҳам, ки аз ӯ "Қиёмиддин" ном бурда мешавад, дар ин даргирӣ захмӣ шуда ва пас аз ду рӯз ҷон додааст.

Ин манбаъ ба хабаргузории Осиё-Плас гуфтааст: "Баъдтар маълум шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноиро Неъмат Азизов, як сокини маҳаллӣ созмон додааст. Мушаххас шуд, ки ин гурӯҳ дар авоили моҳи июн як афсари вазорати дифоъро бо аслиҳа куштааст."

"Дар пайи даргирӣ дар посгоҳи Сафедхок ин гурӯҳ ба маҳалли Чилдара паноҳ бурд ва аз Мирзо Зиёев кумак хост. Вай (Зиёев) ба ин гурӯҳ пайваст ва онҳо якҷо қасд доштанд ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Тавилдараро ба тасарруфи худ дароваранд. 

Нерӯҳои давлатӣ рӯзи 9 июл амалиётеро барои боздошти ин афрод оғоз карданд ва онҳо рӯзи 10 июл ба нерӯҳои давлатӣ таслим шуданд."

Аз сӯйи дигар, як манбаъи наздик ба пайвандони вазири собиқи умури изтирорӣ гуфт, ки маъмурони давлатӣ дар шаҳри Душанбе манозили бархе аз наздикони Мирзо Зиёев, аз ҷумла як муҳофизи собиқашро, бозҷӯйӣ кардаанд.

Мирзо Зиёев, ки дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 фармондеҳи нерӯҳои мухолиф буд, пас аз имзои созишномаи сулҳ ба давлат пайваст. Вай аз соли 1999 то 2006 вазири умури изтирорӣ буд ва тибқи бархе гузоришҳо, аз замони барканорӣ то кунун дар рустое дар ноҳияи Тавилдара ба сар мебурд.

Касоне, ки оқои Зиёевро мешиносанд, мегӯянд, ки вай аз шахсиятҳои бонуфузе дар Тавилдара маҳсуб мешуд. Вай дар як мусоҳибаи ахири худ ба хабаргузории Осиё-Плас гуфта буд, ки "то зиндаам, намегузорам дар минтақа сулҳ ва оромӣ ба ҳам хӯрад."

НИГАРОНӢ АЗ НУФУЗИ ИСЛОМГАРОЁН

Дар бораи ташаннуҷи авзоъи амниятӣ дар Тавилдара аз авосити моҳи июн ба ин тараф гузоришҳое мунташир шуда, вале мақомот аз ибрози назар дар ин бора ҳамвора худдорӣ кардаанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳамин амр ба пахши шоеъот ва сару садоҳое дар кишвар доман задааст.

Тибқи яке аз ин шоеъот, афроди вобаста ба Мулло Абдуллоҳ, аз фармондеҳони собиқи мухолифон, ки гӯё бо Толибон иртиботи наздик дорад, дар моҳи июн дар ин минтақа ҳузур ёфтаанд ва нерӯҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯйи онҳо машғул буданд. Аммо вазорати кишвар гуфта буд, ки дар минтақаи Рашт амалиёти зидди маводди мухаддир, мавсум ба "Кукнор-2009", идома дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба вуқуъи як инфиҷор дар Андиҷони Ӯзбакистон ва ду даргирӣ дар ҷануби Қирғизистон, ки дар як моҳи ахир рух дод, бархе расонаҳои хориҷӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба Осиёи Миёна дар пайи ташдиди амалиёт алайҳи Толибон дар Афғонистон ва Покистон гузориш карданд.

Баъзе аз таҳлилгарон бо ишора ба мунозеъоти ахир дар минтақаи Шинҷони Чин мегӯянд, ки эҳтимоли убури гурӯҳҳои исломгарои уйғур аз Афғонистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ чандон баъид нест.

Минтақаи Тавилдара дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 маҳалли нуфузи нерӯҳои вобаста ба иттиҳоди мухолифони исломии давлат будааст. 

Тибқи гузоришҳо, дар он замон пойгоҳҳои омӯзишии Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки Омрико онро дар феҳристи созмонҳои теруристӣ шомил карда, дар ин минтақа фаъол будааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi