ОҒОЗИ НИШАСТИ САРВАЗИРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
Нишасти раисони ҳукумтҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар ин нишаст сарвазири Русия - Путин, нахуствазири Қазоқистон - Масимов, президенти Қирғизистон - Отунбоева ва раҳбари Шӯрои давлатии Чин Вен Ҷибао иштирок доранд. Ӯзбакистонро дар ин нишаст муовини нахуствазири он кишвар Ботир Хоҷаев намояндагӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони ҳайатҳое, ки ҷиҳати ширкат дар ин нишаст дар Душанбе ҳузур доранд, мулоқот намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва маводи мухаддир ҳамчунон сатмҳои аслии ҳамкории кишварҳои узви СҲШ боқӣ мондааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори афзудани имконоти Маркази зидди террористии СШҲ ба манзури ҳамгунсозии фаъолияти кишварҳои узви ин созмон дар кори мубориза бо зуҳуроти номатбули терроризм, ифортгароӣ ва ҷудоиталабӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишварҳои узви СҲШ бояд ба сурати ҷиддӣ дар амри барқарории субот ва иқтисоди Афғонистон иқдом намоянд. Ӯ афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки нерӯҳои байналмилалӣ омодагии худро барои хориҷ шудан аз ин кишвар ва ба дӯши ҳукумати Афғонистон гузаштани таъмини амният эълон кардаанд, бояд ба масъалаи таҳкими марзҳо бо Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Ва аз сӯи дигар, ба ҳукумати Афғонистон бояд кӯмаки амлӣ намуд.
Оқои Раҳмон гуфт, кишварҳои узви СҲШ барои анҷоми ин кор ҳама имконоти амалиро дар ихтиёр доранд. Владимир Путин, сарвазири Русия зимни суханронии худ дар нишасти сарвазирони СҲШ гуфт, ки таҳаввулоти минтақа ва хоса Афғонистон таваҷҷӯҳи хоси кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро талаб мекунад. Ӯ афзуд, ки дар мубориза бо терроризм ва густариши маводи мухаддир кор гирифтан танҳо аз қувва кофӣ нест.
Сарвазири Русия гуфт, СҲШ алоқаманд аст, ки порлумони мунтахаби Қирғизистон битавонад дар амри таъсиси як ҳукумати коромад дар он кишвар муваффақ шавад. Ботир Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбакистон дар ин нишаст ба аҳамияти суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба манзури истифодаи муассир аз имконоти транзитии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Узбакистон хостори густариши ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва иттиҳодияҳои байнибонкии кишварҳои узви ин созмон аст.
Дар ҳамоиши Душанбе инчунин намояндагони кишварҳои нозир дар Созмони Шанхай назири Эрон, Покистон, Муғулистон ва Ҳинд низ ширкат доранд. Эронро дар ин нишаст Муҳаммад Ризо Раҳимӣ, муовини раисиҷумҳур, Покистонро Ризо Гелонӣ сарвазир, Ҳиндустонро вазири корҳои хориҷӣ - Принит Кор ва Муғулистонро Гомбоҷала Зандамшатар, вазири корҳои хориҷии он кишвар намояндагӣ мекунанд. Дар нишасти сарвазирони кишварҳои узви СҲШ густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узв ва масоили амнити минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дошт.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3665-2010-11-25-08-03-29.html