13:48:21 02-уми Июни 2025 сол

ОГОҲИНОМАИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА ҲНИТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи «қатъ намудани фаъолияти ғайри қонунӣ» огоҳӣ додааст. Вазорати адлия гуфтааст, ки ҲНИТ бояд фаъолияти масҷиди худро қатъ кунад. Дар ғайри сурат, бар асоси асли 20 қонуни аҳзоб масъалаи қатъи фаъолияти ҳизб матраҳ хоҳад шуд.

 

nahzatСомонаи интернетии ҲНИТ менависад, ки дар огоҳиномаи вазорати адлия аз ҷумла омадааст: «Аз мактуби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад, ки 22-октябри соли 2010 дар натиҷаи гузаронидани санҷиш, ҲНИТ бархилофи қонуни дар боло зикршуда ва оинномаи ҳизб амал намуда, ҷои ҷойгиршавии мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбро воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1, ҳамчун ибодатгоҳ истифода менамояд. Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҲНИТ огоҳ карда мешавад".

 

Вазорати адлия дар хулосаи огоҳиноми худ гуфтааст, ки дар сурати дар давоми даҳ рӯз иҷро нашудани шароити огоҳинома, нисбат ба ҲНИТ бар асоси моддаи 20 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» чора надешида мешавад. Дар банди 20 қонуни мазкур ба вазорти адлия ҳуқуқ дода шудааст, ки барои қатъи фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба додгоҳ пешниҳод ирсол кунад.

 

Дар ин банди қонун аз ҷумла гуфта шудааст: "...Агар ҳизб дар мӯҳлати даҳ рӯз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то шаш моҳ боздошта шавад".

 

Баҳси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ва ҲНИТ аз тобистони гузашта то кунун идома дорад. Кумитаи дин фаъолияти масҷид ва гузоштни намоз дар қароргоҳи ҳизби сиёсиро хилофи қонун медонад. Аммо масъулини ҲНИТ мегӯянд гузоштани намоз ҳаққи конститутсионӣ ва вазифаи оинномавии онҳост. Сомонаи ҲИНТ менависад, қарор аст фардо Шӯрои сиёсии ҳизб дар як ҷаласаи изтирорӣ тасмим бигирад ва натоиҷи он дар намози ҷумъа эълон карда шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3671-2010-11-25-16-40-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854