ДИДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, нахуствазири Русия, аз ӯ барои рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ибрози қадрдонӣ кард. Оқои Раҳмон зимни дидор бо оқои Путин ба "нақши бузурги" вай дар таҳкими равобити Тоҷикистону Русия дар давраи раёсати ҷумҳурияш ва баъд аз он таъкид ва қадрдонӣ кард. Вай гуфт, ки бо талошҳои Владимир Путин ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи олӣ расидааст.
Нахуствазири Русия нахуст ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ ишора кард ва гуфт, ки вуҷуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки "бо мусоъидати оқои Раҳмон таъсис шуд", барои таъмини субот дар минтақаи Осиёи Миёна муҳим аст. Вай ҳамчунин гуфт, ки бо ин вуҷуд хатароте дар минтақа мавҷуд аст ва аз ҷумла ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон ишора кард. Вай гуфт барои таъмини комили субот дар Осиёи Миёна ҳамчунон "корҳоеро бояд анҷом дод."
Владимир Путин ҳамчунин аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон низ ёдовар шуда ва бар зарурати густариши ин ҳамкориҳо таъкид кард. Баъд аз анҷоми дидор бо Президент Раҳмон аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Вай гуфт: "Ман ба мулоқот бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон шитоб дорам ва маъзарат мехоҳам, ки фурсате барои сӯҳбат бо хабарнигорон дар ихтиёр надорам".
Вале Максим Пешков, як масъули Вазорати хориҷаи Русия ва сафири собиқи ин кишвар дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар мулоқоти имрӯзи ҳайъатҳои ин ду кишвар мавзӯъи истифода аз фурӯдгоҳи низомии "Айнӣ" ва мушорикати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" матраҳ набудааст. Дар посух ба ин суол, ки оё аворизи гумрукии изофӣ барои маводди сӯхте, ки аз Русия ба Тоҷикистон содир мешавад, лағв хоҳад шуд ё хайр, оқои Пешков гуфт, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти имрӯз матраҳ буд ва он ҳалли худро ёфтааст.
Вай афзуд: "Тасмим шуд, ки Русия миқдори мавриди ниёзи Тоҷикистон ба маводди сӯхтро бидуни аворизи изофии гумрукӣ содир мекунад. Вале, ҳоло Тоҷикистон дархост кард, ки барои ширкати "Талко" низ миқдоре аз кокс бидуни аворизи гумрукӣ содир шавад. Мо интизори дарёфти миқдори дақиқи ин навъи маводи сӯхтӣ ҳастем ва пас аз он мусаввабаи давлати Русия дар ин замина содир хоҳад шуд".
Дар чанд моҳи ахир мавзӯъи эҳтимоли бозгашти марзбонони рус барои ҳифозати марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шуд. Максим Пешков дар посух ба ин суол, ки оё чунин эҳтимоле вуҷуд дорад, гуфт, ки ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст.
Оқои Пешков афзуд: "Даъвати марзбонони рус барои ҳифозати марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба давлати Тоҷикистон бастагӣ дорад. Вале бояд бигӯям, ки омори қочоқи маводди мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз ин марз дар чанд соли ахир дар муқоиса бо солҳое, ки ҳифозати ин марз бар дӯши марзбонони рус буд, ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад. Ва ин хатарот барои Русия низ маҳсус шудааст. танҳо ҳаминро мегӯям, ки ҷониби Русия ба ҳар гуна ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи ҳифозати марз омода аст".
Вай ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло марзбонони ду кишвар кумиссиюни муштаракеро барои баррасии роҳҳои ҳамкорӣ таъсис додаанд ва дар ҷараёни кори ин гурӯҳ тасмимҳое гирифта хоҳад шуд. Сафари оқои Путин ба Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Душанбе, ки рӯзи панҷшанбеи 25 ноябр доир шуд, сурат мегирад, вале бисёриҳо умедворанд тавофуқоти усулие барои рафъи ихтилофоти байни ду кишвар дар дидори оқоён Путин ва Раҳмон ҳосил шавад.
Равобити ду кишвар, ки дар гузашта ҳамдигарро "шарикони истротежик" унвон мекарданд, тайи солҳои ахир ба сардӣ гаройидааст, ки таҳлилгарон нақши оқои Путинро дар ин раванд муассир медонанд. Дар соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мувофиқатномаҳое имзо кард, ки тибқи онҳо, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон таъсис шуд ва Русия муҷтамаъи назорати фазоии мавсум ба "Окно" дар ҷануби Тоҷикистонро ба тасарруфи худ даровард. Дар ивази инҳо, раиси ҷумҳурии вақти Русия ваъдаи беш аз 2 милёрд дулор сармоягузорӣ бар иқтисоди Тоҷикистонро карда буд.
Аз ҷумла, қарор буд Русия сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро анҷом диҳад. Вале дар пайи ихтилофоти байни ду кишвар Тоҷикистон қарордод бо ширкати "Русал"-ро, ки анҷоми ин тарҳро ба ӯҳда гирифта буд, лағв кард ва акнун худаш ба иҷрои ин тарҳ, ки бо мухолифати шадиди кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон рӯбарӯст, иқдом кардааст. Дар авоили соли гузашта Дмитрий Медведев ҳангоми сафар ба Тошканд ҳимояти худ аз мавзеъи Ӯзбакистонро эълом кард, ки ин хабар хашми мақомоти тоҷикро барангехт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3672-2010-11-25-16-54-39.html