16:39:53 12-уми Июни 2025 сол

МАСҶИДИ ВОҚЕЪ ДАР ДАФТАРИ ҲНИТ БАСТА ШУД

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бар асоси тақозои давлати Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ин ҳизбро ба ҳолати таълиқ дароварданд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ду рӯз қабл ба ин ҳизб ҳушдор дода буд, ки бар асоси моддаи 20 қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ, дар сурати идомаи адои намоз дар ин масҷид фаъолияти ин ҳизб мутаваққиф хоҳад шуд.

 

muhiddin kabiriМуҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 26 ноябр дар охирин намози ҷумъа дар ин масҷид тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи қатъи фаъолияти масҷиди ҳизби наҳзати исломиро эълом кард. Оқои Кабирӣ таъкид кард, ки танҳо ба хотири истиқрори сулҳу субот ва ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон мақомоти ҳизби наҳзати исломӣ тақозои вазорати адлияро пазируфтаанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни як нома ба ин ҳизб ҳушдор дода буд, ки дар сурати нодида гирифтани ин тақозо, бар асоси тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти ҲНИТ ба муддати 6 моҳ мутаваққиф хоҳад шуд.

 

Норизоятии ҳизбиён

Ба дунболи эъломи баста шудани масҷиди ҲНИТ аз сӯйи Муҳиддин Кабирӣ, даҳҳо тан аз аъзои ин ҳизб бо нидои "Оллоҳу акбар!" ашк мерехтанд. Аммо касе аз ин афрод ба таври ошкор ва ё бо садои баланд эътироз накард. Саҳни қисмати занонаи масҷид ба расми азодорӣ шабеҳ буд. Занҳо бо садои баланд гиряву зорӣ карда ва давлатро барои ин иқдоми ба гуфтаи онҳо "золимона" нафрин мекарданд.

 

Як зан дар ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, ки агар давлат "бо автомат ҳам биёяд", боз ҳам барои адои намоз ба ин масҷид меояд. Оқои Кабирӣ барои таскини ин занҳо талош карда ва гуфт, ки дар рӯзҳои ҷумъа барои аъзои зани ҳизб давраҳои омӯзишии динӣ баргузор хоҳад шуд. Зимнан, масҷиди ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меояд, ягона масҷид дар ин кишвар буд, ки барои адои намози занҳо ҷойи вижае дар он вуҷуд дорад.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи ҳизби наҳзати исломӣ, дар ин масҷид дар канори занҳои узви ин ҳизб занҳои дигар аз шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он низ ибодат мекарданд. Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар соли 2004 адои намоз дар масоҷидро барои занҳо мамнӯъ карда буд. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, Тоҷикистон баъд аз режими Толибон дар Афғонистон танҳо давлатест, ки дари масоҷидро ба рӯйи занҳои намозгузор бастааст.

 

"Ҳамла ба ислом"

Раҳбари ҲНИТ зимни гуфтани вазъ дар намози ҷумъа дар масҷиди ҳизби наҳзати исломӣ таъкид кард, ки "ҳамла ба дини ислом аз баста шудани масоҷид оғоз мешавад." Оқои Кабирӣ таъкид кард, ки дар зарфи се-чаҳор моҳи ахир аз расонаҳо дар мавриди ифтитоҳи ҳеч масҷиди наве дар Тоҷикистон хабаре нашунидааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз Саратову Красноярск ва соири шаҳрҳои Русия хабари ифтитоҳи 5 масҷид аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик расидааст.

 

Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки агар дар Тоҷикистон барои хидмат ба ислом шароит мавҷуд набошад, мусалмонони ин кишвар дар ҷойҳои дигар низ ин рисолатро анҷом хоҳанд дод. Се моҳ қабл баҳсҳо миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва масъулони ҳизби наҳзати исломӣ бар сари фаъолияти масҷиди воқеъ дар дафтари ҲНИТ шурӯъ шуда ва ҷонибҳо натавонистанд роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд.

 

Ҷумъахон Ғиёсов, муъовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки фаъолияти ин масҷид дар қароргоҳи ҳизби сиёсӣ бо Қонуни “Озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ”-и ин кишвар, ки порсол тасвиб шуд, муғойират дорад ва он бояд баста шавад. Аммо масъулони ҲНИТ ин иддаъоро рад карда ва адои намозро ҳаққи қонунии худ хондаанд.

 

Аз сӯйи дигар, масъулони ҳизби наҳзати исломӣ пештар ба давлат пешниҳод карда буданд, ки то шаш моҳи дигар барои фаъолияти масҷиди ҳизб иҷоза диҳад. Дар назар буд дар ин муддат қароргоҳи ҳизби наҳзати исломӣ дар маҳалли дигари шаҳри Душанбе бунёд шуда ва қароргоҳи феълӣ ба унвони масоҷиди мардонаю занона фаъолият кунад. Аммо давлати Тоҷикистон ин пешниҳодро напазируфтааст.

 

Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ Кумитаи дини Тоҷикистон зимни як нома вуҷуди масҷид дар қароргоҳи ҲНИТ-ро муғойир бо ойинномаи ҳизб ва қонуни аҳзоби сисёсии ин кишвар талаққӣ карда буд. Сипас вазорати адлия гуфтааст, ки то ҳол ин вазъ ислоҳ нашуда ва масҷид дар қароргоҳи ҲНИТ ҳамчунон фаъол аст. Аз ин лиҳоз, мумкин аст дар мавриди қатъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ба додгоҳ пешниҳоде ирсол шавад.

 

Масҷиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёздаҳ сол қабл, ба дунболи имзои тавофуқоти сулҳи байни давлат ва мухолифони исломии он ва дар пайи азсаргирии фаъолияти ин ҳизб дар соли 1999 шурӯъ гардид. Ҳамроҳ бо манъи пӯшиши ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва муассисоти давлатӣ, доштани риш барои афроди то 40-сола дар бархе муассисот раванди бастани масоҷиди "ғайриқонунӣ" низ аз ду сол пеш оғоз шуда ва то кунун даҳҳо масҷиди панҷвақта ба далели надоштани асноди зарурӣ дар Тоҷикистон баста шудаанд.

 

Давлати Тоҷикистон ахиран ба бозгардондани садҳо ҷавони тоҷик аз мадориси динии кишварҳои исломӣ иқдом кардааст. Дар тобистони соли ҷорӣ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ гуфта буд, ки ҷавононе, ки дар мадориси хориҷӣ таҳсил мекунанд, "теруристу ифротгаро шуда бармегарданд." Аммо мунтақидони вай ва мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз давлати Тоҷикистон барои маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ, фишор бар мазҳабиён ва гурӯҳҳои мазҳабӣ, интиқод кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3678-2010-11-26-14-24-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854