03:33:46 27-уми Июни 2025 сол

МАКТУБИ КУШОДА БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҷаноби Президент!

30 ноябр дар зиёда аз 1290 шаҳрҳои ҷаҳон солгарди ҳодисаи дар таърих аввалини бекор кардани ҳукми қатл ҷашн гирифта мешавад. Қарори дахлдорро соли 1786 Гертсоги бузург Тосканский қабул намуда буд. Аз маврид истифода намуда, омилеро ҷонибдорӣ менамоем, ки аз лаҳзаи дар моҳи апрели соли 2004 ҷорӣ гардидани  мораторий ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам ягон ҳукми қатл бароварда нашудааст ва ба иҷро расонида нашудааст.

 

emomali rahmonНақши Шумо дар қабули мораторий ҳалкунанда гардид. Моҳи апрели соли 2004, ҳангоми суханронии худ назди Парламент, Шумо ҷонибдории қатъии худро аз ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон изҳор намуда, иброз доштед, ки «ҳуқуқи инсон ба ҳаёт табиист, ва ҳеҷ кас ҳақ надорад шахси дигарро аз ин ҳуқуқ маҳрум кунад». Минбаъд қонун "Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл" моҳи июни соли 2004 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парламент) қабул ва моҳи июли ҳамон сол аз ҷониби Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парламент) тасдиқ гардид. Мо ҳамчунин он делелеро ҷонибдорӣ менамоем, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз он лаҳза инҷониб як қатор тадбирҳоеро, ки барои пурра бекор кардани ҷазои қатл равона карда шудаанд, андешидааст.

 

Моҳи аплели соли 2010 бо фармони Шумо Гурӯҳи корӣ оид ба омӯхтани ҷанбаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии бекор кардани ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Гурӯҳи корӣ) таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони асосии ҳокимияти иҷроия  ва судӣ, инчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дохил шуданд. Панҷуми октябри соли 2010 роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мушовири президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумахон Давлатов ҳангоми баромади худ дар конференсияи САҲЕ оид ба проблемаи ҷазои қатл, иброз намуд, ки «алакай дар ояндаи наздик мо ба он ноил мегардем, ки ҷазои қатл пурра бекор карда шавад».

 

Ба ақидаи созмонҳое, ки муроҷиатномаи мазкурро имзо кардаанд, вақте фаро расидааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои қатл пурра бекор карда шавад. Аз Шумо бори дигар даъват менамоем, ки ташабуси худро пайгирӣ намуда, дар назди ҳукумат вазифа гузоред, ки ҳарчи зудтар ба татбиқи ҷазои қатл манъи пурра ҷорӣ намояд, инчунин Протоколи иловагии дуюм ба Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонад.

 

Вақте ки дар кишвар ба баровардини ҳукми қатл ва татбиқи ҷазои қатл мораторий эълон карда шуд, дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Конститутсия (Сарқонун) ва Кодекси ҷиноятӣ моддаҳое, ки ҷазои олиро пешбинӣ менамоянд, ҳамоно боқӣ монданд. Бекор кардани ҷазои қатл ва аз қонунгузорӣ хориҷ намудани муқаррароти дахлдор ба ҷомеаи байналмилалӣ ва халқи Тоҷикистон ҷонибдории қатъӣ ва пурраи кишварро аз он нишон медиҳанд, ки ба таври ҳамешагӣ аз чунин намуди ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф даст кашида шавад.

 

30 ноябри соли 2010 зиёда аз 1290 шаҳрҳои ҷаҳон дар иқдоми "Шаҳрҳо барои ҳаёт – шаҳрҳо ба муқобили ҷазои қатл" иштирок менамоянд ва бо ҳамин восита арзиши ҳаётро эътироф намуда, ба муқобили ҷазои қатл баромад мекунанд. "Шаҳрҳо барои ҳаёт – шаҳрҳо ба муқобили ҷазои қатл" иқдоми ҳарсола аст, ки ташкилкунандагони он "Ҷамъияти Санта Эҷидио"-и Рим бо дастгирии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии мухолифини ҷазои қатл мебошад, ки созмонҳои сершумори ҳифзи ҳуқуқи узви вобастаи ин иттиҳодияро муттаҳид менамояд.

 

30 ноябр ҳимоятгарони ҳуқуқи тоҷик бо фаъолон аз дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамроҳ мешаванд, то ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба масъалаҳои истифодаи ҷазои қатл ҷалб намоянд. Онҳо ният доранд як қатор ҷорабиниҳое доир намоянд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа аз аҳамияти бекор кардани ҷазои қатл равона карда шудаанд. Баромаду суханрониҳо аз тариқи радиоҳои "Азия-Плюс", "Имрӯз", инчунин ба воситаи телевизион ба нақша гирифта шудаанд. Илова бар ин, китобчаҳои "Нест бод ҷазои қатл гӯед!" паҳн карда мешаванд.

 

Дар лаҳзаи қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар соли 1948, танҳо ҳашт кишвар пурра аз истифодаи ҷазои олӣ даст кашида буданд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз се ду ҳиссаи давлатҳо ҷазои қатлро бо тартиби қонунгузорӣ бекор кардаанд, ё ки онро дар амал татбиқ намекунанд. Дар саросари ҷаҳон 100 кишвар аз қонунгузории худ моддаҳои оид ба истифодаи ҷазои олиро хориҷ кардаанд. 11 ноябри соли 2010 Кумитаи сеюми Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи мораторий ба истифодаи ҷазои қатлро қабул намуд, ки аз соли 2007 инҷониб сеюмин мебошад.

 

Кумита давлатҳои аъзоро даъват намуд, ки "бо мақсади бекор кардани ҷазои қатл ба иҷрои ҳукмҳои қатл мораторий ҷорӣ намоянд". Қатънома бо 107 овози "тарафдор", 38 овози "муқобил" ва 36 овози "бетараф" қабул карда шуд. Интизор меравад, ки қатънома дар ҷаласаи умумии он моҳи декабр дастгирӣ карда мешавад. Аз ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ гардидани қатънома нишони муҳими ҷонибдории ҳукумати Тоҷикистон аз бекор кардани ҷазои қатл тибқи тамоюли умумиҷаҳонӣ мебошад.

 

Дар Осиёи Марказӣ тамоюли возеҳу муайян ба сӯи бекор кардани ҷазои қатл ба мушоҳида мерасад. Дар лаҳзаи хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар қонунгузории худ ҷазои олиро нигоҳ доштанд. Ҳоло Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба истифодаи ҷазои қатл манъи пурра ҷорӣ намудаанд. Қазоқистон ҷазои олиро танҳо барои ҷиноятҳои умумӣ бекор кардааст.

 

Созмонҳое, ки ба ин муроҷиатнома ҳамроҳ шудаанд, дар ҳама ҳолатҳо, бидуни истисно, ба муқобили ҷазои қатл баромад мекунанд. Ҳама гуна ҳукми қатл – таҳқири шаъну шарафи инсонист, ҳама гуна қатл – нишони ойини зӯроварист, на воситаи боздоштани он. Ба таври пурра роҳ надодан ба эҳтимоли иҷрои ҳукми қатл нисбати шахси бегуноҳ ғайриимкон аст. Худи қатл бошад, бебозгашт аст. Мо зарурати пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкуширо, дар тамоми ҷаҳон эътироф менамоем. Вале ҷазои қатл ин проблемаро ҳал намекунад. Ягон далели возеҳе вуҷуд надорад, ки ҷазои қатл ҷинояткориро нисбат ба дигар намудҳои ҷазо самараноктар бозмедорад.

 

Бекор кардани ҷазои қатл иқдоми таърихие хоҳад буд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсонии насли ояндаи шаҳрвандони Тоҷикистонро хеле тақвият мебахшад. Ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ, ба Шумо ваколат дода шудааст, ки ин масъаларо таҳти назорати худ қарор диҳед ва қарори муҳими таърихӣ қабул намоед.

 

Бо эҳтиром,

 

Созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) (номҳои дигар созмону ташкилотҳои ба муроҷиатнома ҳамроҳшуда)

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир

Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Иттиҳодияи умумиҷаҳонии зидди ҷазои қатл (World Coaltion against the Death Penalty)

Созмони "НОТАБЕНЕ"

Созмони "Инис"

Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд

Лигаи занони хукукшиноси Чумхурии Точикистон

Созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International)

Созмони Ислоҳоти байналмилалии ҳабсхонаҳо

 (Penal Reform International)

Маркази Мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе "Имконият"

Ҷомеа ва ҳуқуқ

Созмони «Перспектива+»

Созмони Ҳуқуқ ва некӯаҳволӣ

Созмони ХомаМаркази ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи кӯдак

Маркази рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3729-2010-12-01-15-53-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ