НИГАРОНИҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ ОСТОНА
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲA) дар Остона, аз вазъи тронзити колоҳо ва мавод дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна ибрози нигаронӣ кардааст. Хабаргузории Интерфакс-Қазоқистон аз қавли оқои Раҳмон менависад: "Яке аз таъаҳҳудоти САҲA мусоъидат ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъаест, ки ҳеч роҳе ба обҳои озод надоранд. Аммо ин кишварҳо (Осиёи Миёна) бо мушкилоти мухталифе дар заминаи тронзит ва дaстрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯанд."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таваҷҷуҳи бештари САҲA ба ниёзҳои иқтисодии кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ва маҳсур дар хушкӣ шудааст. Вай афзудааст: "Ҳаракати озодонаи шаҳрвандон, сармоя, колову мавод ва хадамот ва ҳамчунин фаъолияти муассири куридурҳои байналмилалии таробарӣ дар қаламрави САҲA мабнои тавсеъа, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамкунишӣ байни кишварҳои узв аст. Мо аз вазъияти ин умур дар Осиёи Миёна нигаронии худро иброз медорем."
Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки "талошҳо барои эҷоди мавонеъи маснӯъӣ аз интиқоли колоҳо ба Тоҷикистон аз тариқи ҷоддаҳо ва роҳҳои оҳани байналмилалӣ, мавонеъ аз тронзити гоз ва нерӯи барқ" аз сӯйи кишварҳои севум зиёни бузурге бар иқтисод, бахши иҷтимоъӣ, зербиноҳо ва мардуми ин кишвар ворид кардааст. Суханони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Остона дар ҳолест, ки ин кишвар тайи як соли ахир дар заминаи тронзити қаторҳо бо Ӯзбакистон мушкилоти ҷиддие дошта ва ин амр асароте бар тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон барҷо гузоштааст.
Мақомоти тоҷик кишвари ҳамсояро ба эҷоди мавонеъи маснуӯъӣ ва амдӣ муттаҳам кардаанд, вале Тошканд ин иттиҳомотро бепоя мехонад ва мегӯяд, ки тавқифи қаторҳои Тоҷикистон ба хотири тарокуми зиёд дар системи роҳи оҳани Ӯзбакистон иттифоқ уфтодааст. Тибқи гузоришҳо, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Остона аз мушкили хатароти минҳои зидди нафар дар минтақа низ ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин мавзӯъ низ яке аз меҳварҳои ихтилофи Душанбе бо Тошканд дар солҳои ахир будааст. Дар пайи мингузории манотиқи марзии Тоҷикистону Ӯзбакистон аз сӯйи мақомоти ӯзбак, дар даҳ соли ахир ҳудуди сад нафар аз атбоъи Тоҷикистон кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3739-2010-12-02-15-09-08.html