22:28:26 16-уми Июни 2025 сол

ҚОСИМ РАҲИМОВ: "ЗИНДОН ҲАМ БАРОЯМ МАСҶИД БУД"

rahimov_prisonМуҳаммадқосим Раҳимов, аз фаъолони аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран пас аз ҳудуди ҳафту ним соли зиндон аз маҳбас озод шуд дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Би-би-сӣ дар бораи буду боши худ дар зиндон ҳикоят кард. Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил аз вазъи зиндонҳо дар Тоҷикистон интиқодҳои зиёде кардаанд. Таҷрубаи Шумо дар зиндон чӣ гуна буд? Воқеъан шоҳиди шиканҷаву озор ва бадрафтории зиндонбонҳо нисбат ба зиндониён шудаед?

 

Бояд бигӯям, ки тӯли ҳафт солу чор моҳу ҳаждаҳ рӯз, ки дар зиндон будам, ҳамеша эҳсос мекардам, ки дӯстону наздиконам дар ҳаққи ман дуои хайр мекарданд. Ва дар ақидаи рӯҳонӣ яқин шудааст, ки дуои ғайб дар ҳаққи бародару хоҳари мусулмон мустаҷоб аст, инро ман ҳамеша дар тӯли зиндагӣ дар зиндон эҳсос мекардам.

 

Ба монанди ман солхурдаҳо дар он ҷо кам буданд ва ҷавонон зиёд, вале онҳо ба бемориҳои мухталиф, бемориҳои асаб ва дил гирифтор мешуданд. Аз ҷеҳрашон ҳувайдо буд, ки онҳо ба шароити зиндон тоқат надоштанд. Аммо ман ки аз ҷавонӣ, аз синни хурдӣ дар оилаи рӯҳонӣ тарбият ёфтам ва имони қавӣ дорам ва Қуръон ҳаманиси ман буд, ман худро дар зиндон ҳаргиз маҳбус жҳсос намекардам. Вақте вориди зиндон шудам 72 килу будам ва вақте берун омадам 72 килу ҳастам.

 

Бояд гӯям, ки наздикон ва ҳамҳизбонам тӯли тамоми ин муддат ба ман ҳам тавассути дуо ва ҳам аз лиҳози маводи моддӣ кумак мекарданд. Озору азият шояд қисман дар баъзе зиндонҳо вуҷуд дошта бошад, аммо бар ман на дар боздоштгоҳ, на дар зидон кадом фишоре, лату кубе эъмол нашудааст.

 

Ҳамсоягони Шумо чи, касе шикоят кардааст, ки шиканҷа шуда ва ё зери фишор гуноҳеро иқрор карда?

 

Ба ростӣ нашунидам ва надидам.

 

Боз ҳам дар мавриди шароити зиндон – оё Шумо пас аз ин ки ҳудуди се сол қабл мудирияти зиндонҳо аз Вазорати кишвар ба Вазорати адлия таҳвил дода шуд, тағйиротеро дар буду бош ва шароити худ дар зиндон эҳсос кардед?

 

Тағйирот буд. Мардум озодона метавонанд, шикоят кунанд. Фишорҳо камтар шуданд ва баъзе дигаргуниҳои ҷузъӣ буд.

 

Бархеҳо мегӯянд, аз бас дар солҳои ахир афроди зиёде дар робита ба тарафдорӣ аз гурӯҳҳои ифротгаро зиндонӣ шудаанд, зиндонҳои Тоҷикистон ба гунае ба марокизи таблиғоти гурӯҳҳои исломӣ табдил шуда. Оё ҳамин тавр аст?

 

Ман дар оилаи рӯҳонӣ тарбият ёфтам. Зиндон ҳам барои ман таълиму тарбиягар буд. Дигар қишрҳои ҷомеъа ҳам дар он ҷо буданд, лекин расман ман надидам, ки зиндон ба мадраса ё масҷид табдил ёфта бошад. Аммо он шахсоне, ки ба монанди ман рӯҳонӣ ҳастанд, ҳамаи ҷои рӯи замин барояшон масҷиду мадраса аст.

 

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар зиндонҳои ин кишвар зиндониёни сиёсӣ нест. Шумо худро зиндонии сиёсӣ эҳсос мекардед? Яъне эҳсос доред, ки шуморо ба далели фаъолияти ҳизбиатон яъне сиёсӣ равонаи зиндон карданд?

 

Парвандаи ҷиноие, ки дар мавриди ман банду баст шуд, расман манро зиндонии сиёсӣ эълом накардааст.

 

Аммо шикояте дар заминаи банду басти ин парванда ва ҷароиме, ки Шуморо дар иртикобаш муқассир донистанд, доред?

 

Ин саволи Шумо чандин ҷанбаъро дар бар мегирад, вале ман умуман мехоҳам бигӯям - на ба ҳайси шикоят, лекин ба ҳайси воқеъият. Ин гуна аз замони ҳазрати Иброҳими Халил ва то замони ҳазрати Юсуф ва бузургон, ғайриисломиҳо ҳам ки буданд, ин гуна корҳо ва ин гуна зиддиятҳо будааст.

 

Вале ман намехоҳам расман касеро айбдор кунам. Чун ман як бандаи мӯъмин ва мусулмон ҳастам ва имон дорам, чизҳоеро ки ман аз зиндон касб кардам, омӯхтам, ҳама ба манфиъати ман буд. Агар ман бигӯям, ки маро ба хотири ҳизб зиндон карданд, ин ҳарфи ман аст, тарафи муқобил шояд мегӯяд, ки мо дар додгоҳ собит кардем. Аммо ман то ҳоло дар ягон ҷо имзои худро намондам, ки ман ҷурме содир кардам.

 

Қазияи фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи Амният ба буду боши Шумо дар зиндони рақами як таъсире гузошт? Шумо ҳам аз ин қазия дар онҷо бохабар шудед?

 

Мо аз расонаҳои хабарӣ дар ин бора иттилоъ пайдо кардем. Аммо масъулини зиндони мо хеле мардуми бомаърифат буданд. Фишоре ба мо аз онҳо ворид намешуд. Ва дар тадобири амниятӣ низ ҳеҷ тағйироте эҳсос накардем.

 

Фаъолияти худро дар Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мисли замони қабл идома медиҳед?

 

Ман дар аввал ишора кардам. Ман рӯҳонии мутадаъин будам ва ҳастам ва иншоллоҳ зиёдтар дар ҳар ҳадафе ки Ислому Наҳзати ислом дорад, фаъолият хоҳам кард. Ин роҳро ман худам интихоб кардам ва бо ҳамин роҳ қадам мениҳам ва ин коре нест, ки касе касеро маҷбур кунад. Касе инро тағйир дода наметавонад ва ҳаққи тағйир додан ҳам надорад. Худованд инсонро озод офаридааст ва ҳатто дин маҷбурӣ нест, чи расад ба фаъолятҳо.

 

Назари Шумо дар робита ба нигарониҳои афзояндаи давлат дар бораи густариши фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ дар минтақа ва кишвар ва амалкардашон барои ҷилагири аз он чӣ аст?

 

Ман нисбати давлат ва давлатдорҳо ва ҳаракатҳои ахири онҳо зиддияте надорам. Шояд онҳо назари худро доранд ва барои амнияти халқу ватан корҳое анҷом медиҳанд. Вале агар мегӯянд ва агар нагӯянд, дигарҳо мегӯянд, ки гӯё мусулмонҳо террурист ҳастанд, ин нодуруст аст. Зеро ман як мусулмон ҳастам, терруристро ҳамчун як кофир мепиндорам, зеро мусулмон набояд террурист шавад.

 

Аммо сиёсатҳои давлат дар робита ба умури динӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистонро чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

Ба тозагӣ масҷиди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро бастанд... вале ман, ки ба тозагӣ аз зиндон берун омадаам, зиёд вориди қазия нестам ва чизе гуфта наметавонам. Аммо як гуна исломситезӣ ахиран эҳсос мешавад ва ба назарам ҳама гуна ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳо бояд аз роҳи муколама ҳалли худро пайдо кунад.

 

Оё Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо давлати ин кишвар метавонад дар роҳи пешгирии ифротгароӣ ҳамкорӣ кунад ва чи гуна?

 

Бояд гӯям, ҳизби мо замоне таъсис шуд, ки як давлати бузурги шӯравӣ, натанҳо бо мо зиддиятҳо дошт, балки аслан ташкилоти моро мамнӯъ медонист. Дӯстоне, ки имрӯз агар намехоҳанд бо мо ҳамкор бошанд, мо мехоҳем ҳамкор бошем, мо мехоҳем Ватан обод шавад, мо мехоҳем, ки Ватан аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳо ёбад. Мо ин наҳзатро барои таълиму тарбияи ҷавонҳо ва наҷоти халқу миллат таъсис додем. Агар онҳо ҳамкорӣ мекунанд, ин ба фоидаи тамоми миллат аст, агар накунанд низ, ихтиёр бо онҳост.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3756---q----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ