ТАЪИНИ РАИСИ БАХШИ МИНТАҚАВИИ ВАЗОРАТИ ДОХИЛА ДАР РАШТ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таъин шудани Мустафоқул Рустамов ба мақоми раиси бахши минтақавии аз нав таъсисёфтаи вазорати умури дохилӣ дар водии ошӯбзадаи Рашт мувофиқат кард. Мустафоқул Рустамов қаблан раёсати шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Раштро бар ӯҳда доштааст.
Ҷаноби Раҳмон рӯзи шанбе зимни мулоқот бо гурӯҳи афсароне, ки ба мақомҳои баланди вазорати умури дохила таъйин шудаанд, мулоқот карда, аз онҳо даъват кард, ки аз рӯи виҷдон кор карда ва дар фаъолияти худ ҳукми қонунро муроот ва муборизаро бо ҷиноёткорӣ, бахусус бо қочоқи маводи мухаддир тақвият диҳанд. Тасмими ҳукумат дар бораи таъсиси раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар водии Рашт якуним моҳ қабл ҳамзамон бо нооромиҳо дар дараи Камароб эълон шуда буд.
Ин ниҳод шӯъбаҳои милисаи панҷ ноҳия - Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Ғармро таҳти назорат мегирад ва ба гуфтаи коршиносон, мақоми он баробар бо мақоми раёсати вилоятӣ хоҳад буд. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки шояд ба ин симат Шоҳ Искандаров ё Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони собиқи мухолифин дар он минтақа, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар водии Рашт напайвастааанд, таъин шавад.
Интисоби Мустафоқул Рустамов ба ин симат дар ҳоле сурат мегирад, ки наздики се моҳ боз дар водии Рашт амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад. Мақомот мегӯянд, раҳбарии ин гурӯҳҳоро фармондеҳони собиқи мухолифин Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов бар дӯш доранд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3762-2010-12-04-14-23-05.html