19:56:20 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИГАРОНИИ УРУПО АЗ ЭҲТИМОЛИ НОАМНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сегонаи Иттиҳодияи Урупо аз таъсири даргириҳои ахир дар Афғонистон ва Покистон бар вазъияти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Ин мавзӯъро дар нишасти хабарии намояндагони Сегонаи Урупо, яъне Раёсат, Шӯро ва Кумисиюни Урупо дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд. Пиер Морел, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз, бо ишора ба ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон гуфт: “Иттиҳодияи Урупо аз ин ки ҳаводиси Афғонистон ва Покистон бар вазъи Тоҷикистон чи гуна асар мегузорад, нигарон аст.”

Вай ҳушдор дод: “Созишномаи сулҳе, ки Тоҷикистон 10 соли пеш имзо кард, барои мо арзишманд аст ва ҳар васвасае барои бозгардондани мунозеъа ба ин кишвар зиёне бузурге ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои тамоми минтақа аст.”

Оқои Морел афзуд, ки амалиёт дар шарқи Тоҷикистон “ҳамчунин ба қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир марбут будааст ва аз ин рӯ мо бори дигар омодагии худро барои идомаи барномаи таҳкими марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) бо Ожонси назорат бар маводи мухаддири ин кишвар матраҳ кардем.”

Нигаронии ин масъули Иттиҳодияи Урупо дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир аз гузоришҳое аз ноамнӣ дар Тавилдара, минтақае кӯҳистонӣ дар шарқи Тоҷикистон ва мавориде аз даргирӣ дар ҷануби Қирғизистон мунташир шудааст.

Мақомҳои Тоҷикистон тайи ин муддат аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ мекарданд, вале Вазорати умури дохилаи ин кишвар рӯзи якшанбе барои бори нахуст тавзеҳ дод, ки даргириҳое дар Тавилдара рух додааст.

Дар охирин маврид аз даргирии нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳе мусаллаҳ Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони умдаи Иттиҳоди нерӯҳои исломии мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ кушта шуд.

Мақомҳои пулиси Тоҷикистон фаъолияти худи оқои Зиёев ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи ин кишварро бо созмонҳои теруристӣ, аз ҷумла “Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон”, ки дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ ва муртабит бо Алқоъида ва Толибон шомил аст, иртибот доданд.

Ҳарчанд мақомот пештар гузоришҳо дар бораи эҳтимоли вуруди афроди вобаста ба Толибон ва Алқоъида дар пайи ташдиди амалиёти нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистон ва набарди нерӯҳои давлатӣ дар дараи Своти Покистонро ҳамвора рад кардаанд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi