ВКД ТОҶИКИСТОН: "ҶИНОЯТКОРОНРО БА МО ИСТИРДОД КУНЕД"
Вазорати кишвари Тоҷикистон дар мулоқоти ҳайати худ бо мақомоти вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Душанбе хостааст, то Русия дар боздошт ва истридоди "афроди ҷиноятпеша" ба Тоҷикистон ба онҳо мусоъидат кунанд.
Ин ҳамоиш рӯзи душанбеи шашуми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир тибқи иттилоъи расмӣ ҳудуди ду ҳазор атбоъи тоҷик, ки дар Тоҷикистон муртакиби ҷароим шудаанд, дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд. Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия гуфт, ки миёни Тоҷикистону Русия дар заминаи боздошт ва истирдоди афроди ҷиноятпеша санади ҳуқуқӣ имзо шуда буд ва бо дарёфти дархости расмии Тоҷикистон Русия чунин афродро боздошт хоҳад кард.
Ба гуфтаи женерол Нургалиев, дар соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти “Ҷустуҷӯи”-и ниҳодҳои интизомии Русия дувоздаҳ нафар, ки дар ҷустуҷӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор доштанд, боздошт шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон ба навбаи худ 33 нафарро, ки дар ҷустуҷӯйи ниҳодҳои зирабти Русия қарор доштанд, боздошт намудааст. Ҳамчунин, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар мубориза алайҳи маводди мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкориҳои танготанг доштаанд.
Аз сӯйи дигар, вазири умури дохилаи Русия гуфт, ки дар соли ҷорӣ ин вазорат ба ҳамтоёни тоҷики худ ба миқдори 1,5 ҳазор намуди таҷҳизоти фании вижа эъто кардааст. Муборизаи муштарак дар баробари ҷароими созмонёфта, маводди мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз масоили мавриди баҳс дар ҷаласаи ҳайатҳои вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар назар аст, дар поёни ҷаласа дар заминаи густариши ҳамкориҳо миёни вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон санади ҳуқуқӣ имзо шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3782---q----q.html