22:48:49 16-уми Июни 2025 сол

МАҚОМОТ АЗ БОЗДОШТИ ОМИЛОНИ ҲАМЛА БА ПУЛИСИ ХУҶАНД ХАБАР ДОДАНД

Афроди мазнун дар ҳамлаи терруристӣ дар шаҳри Хуҷанд дар Русия аз сӯйи пулиси ин кишвар боздошт шудаанд. Ин хабар дар нишасти матбуъотии Абдураҳим Қаҳҳоров ва Рашид Нургалиев, вузарои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар шоми душанбеи 6 декабр эълом шуд.

 

nurgaliev kahhorovЖенерол Қаҳҳоров гуфт, ки афроди мазнун дар ин ҳамлаи терруристӣ ба Русия паноҳ бурда ва бар асоси иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ниҳодҳои интизомии Русия онҳоро дастгир кардаанд. Женерол Нургалиев зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки дар сурати дарёфти шавоҳид ва далоили мӯътамад дар мавриди даст доштани ин афрод дар ҳамлаи терруристӣ дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли ҷорӣ онҳо ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд. Ба асари ҳамлаи терруристӣ ба бахши мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки субҳи 3 сентябр сурат гирифта буд, 3 корманди ин ниҳоди пулис кушта ва 27 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

 

Он замон кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд зимни як баёния гуфта буд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷандро Акмал Каримов – зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Ҳамчунин, аъзои Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон аз созмондиҳандагон ва омилони ин ҳамла эълом шуда буд. Дар ин нишасти хабарӣ Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия гуфт, ки аз ҳамтои тоҷики худ дар мавриди ширкати атбоъи кишвараш дар ҳамалоти терруристӣ дар ҳудуди Тоҷикистон иттилоъи дақиқ дарёфт карда ва онро дар шаҳри Маскав ҷиддан баррасӣ хоҳад кард.

 

Соли гузашта дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки мақомот онҳоро ба созмонҳои теруристӣ муртабит донистанд, чанд тан аз атбоъи Русия низ бодошт шудан буданд. Ҳамзамон, женерол Нургалиев таъкид кард, ки дар бораи конол ё роҳҳои омода кардани терруристҳо аз Қафқози Шимолии Русия дар кишварҳои хориҷӣ иттилоъ дар даст дорад ва барои бастани ин роҳҳо тадобири мушаххасе иттихоз хоҳад шуд. Бино ба иттилоъи вазири умури дохилаи Русия бархе аз атбоъи тоҷик низ бо баҳонаи кор дар Русия ба ин кишвар омада ва сипас аз тариқи Русия ба мадориси динии мамолики исломӣ мераванд.

 

Зимнан, дар прутукуле, ки дар поёни ҷаласаи ҳайатҳои вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вузарои ин ду кишвар имзо шуд, ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо гурӯҳҳои теруристию бунёдгаро ва созмонёфтаи маводди мухаддир таъкид шудааст. Таъкиди Русия ва Тоҷикистон бар тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо гурӯҳҳои терруристӣ ва омилони қочоқи маводи мухаддир дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти ду кишвар аз густариши фаъолиятҳои пайкорҷӯёни исломӣ ба шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3787-2010-12-06-16-09-49.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ