21:25:04 16-уми Июни 2025 сол

ЗЕЙФЕРТ: "САҲУ БОЯД АЗ ТАҲМИЛИ АРЗИШҲОИ УРУПОӢ ДАСТ КАШАД"

Бунёди Роза Лукзембург ва Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши байналмилалӣ барои баррасии мавзӯъи "Дурнамои таъсиси фазои Уруосиёи ягона: чолишҳо, мушкилот ва манофеъи муштарак" баргузор карданд.

 

zayfertКоршиносон аз донишгоҳҳо ва марокизи кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз Осиё ва Урупо дар ин ҳамоиш ширкат доштанд. Аксари онҳо мӯътақид буданд, ки дар сурати ислоҳ нашудани сиёсатҳои Иттиҳодияи Урупо дар қиболи кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Русия, ин иттиҳодия дар заминаи ҳамкорӣ бо ин кишварҳо бо мушкилоте ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.  Аз ҷумла, Арне Зейфарт, муҳаққиқе олмонӣ аз Бунёди Роза Лукзембург, ба нақши Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо таъкид карда ва гуфт, ки ин созмон бояд сиёсати худро дар қиболи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ, бахусус Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунин Афғонистон, таҷдиди назар кунад.

 

Вай гуфт: "Мо (Олмон) бояд дарк кунем, ки Русия шарики истротежики мост. Ин гоме ба сӯйи тавсеъа хоҳад буд, зеро ҳамоҳанг сохтани манфиъатҳо имкони истиода аз зарфиятҳои мавҷуда дар кишварҳои минтақаи Уруосиё дар арсаҳои иқтисод, сиёсат ва амниятро фароҳам хоҳад кард."

 

"САҲУ бояд аз нақши як ниҳоди густаришдиҳандаи азишҳои урупоӣ, ки дарвоқеъ хостае пинҳонӣ барои тобеъ кардани дигарон аст, даст кашад ва барои ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо нақш ифо кунад."

 

Аз сӯйи дигар, Питер Линке, коршиноси дигаре аз Бунёди Роза Лукзембург, бар зарурати таҷдиди назар дар сиёсатҳои Омрико дар Афғонистон таъкид кард. Ба гуфтаи вай, Омрико дар ҳоли ҳозир бояд аз ду як навъи мубориза бо шӯришиён дар Афғонистонро интихоб кунад. Ба гуфтаи вай, мақомоти низомии Омрико ҳоло иборат аз ду гурӯҳ ҳастанд, ки яке тарафдори мактаби қадимии ҷанг бо истифода аз фанновариҳо буда ва дигарӣ тарафдори мубориза аз тариқи дарки воқеъиятҳои душман ва боло овардани омили инсонӣ дар ин мубориза аст.

 

Оқои Линке афзуд: "Бояд итминон дошта бошем, ки низомии оянда бояд бо нозомии имрӯзин мутафовит бошад. Дар ғайри ин сурат, мо ҳеҷ гоҳ мафҳуми ҷадиди амниятро дарк нахоҳем кард, ки дар қарни бисту якум бисёр муҳим аст."

 

Ширкаткунандагони ҳамоиши мазкур зери мафҳуми Уруосиё умдатан ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва кишварҳоеро дар назар доштанд, ки бо кишварҳои Осиёи Миёна равобити фарҳангӣ ва таърихӣ доранд. Дар ҳоле ки онҳо хостори ҳамгироии бештари кишварҳои ҳавзаи Уруосиё шуданд, пруфессур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бо ишора ба сиёсатҳои минтақаии кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон гуфт, ки бархе аз раҳбарони кишварҳои минтақа аз ҳамгироӣ монеъ мешаванд.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Бархе аз кишварҳо ба далоили сиёсӣ тиҷорати худро бо кишварҳои хориҷаи дур афзоиш дода ва ин корро ба қасди зарар расондан бар кишвари ҳамсоя анҷом медиҳанд. Таҳлили иттилоъоти ночизе, ки ба дасти мо мерасад, нишон медиҳад, ки имкон дорад давлати Ӯзабкистон алайҳи мо нерӯҳои низомии худро низ басиҷ кунад."

 

Бо ин ҳол, дар матни суханронии Меҳдии Саноӣ, раиси Маркази мутолеъоти Эрон ва Уруосиёи Эрон, ба нақши ин кишвар дар густариши ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид шудааст. Вай мӯътақид аст, ки Эрон бо дарназардошти равобити таърихӣ ва фарҳангияш бо кишварҳои ҳавзаи Уруосиё, нуфузе, ки дар минтақаи Ховари Миёна дорад ва мавқеъияти судманди тронзитӣ метавонад дар густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ва таъмини амнияти минтақа нақши умдае ифо кунад.

 

Оқои Саноӣ аз ҷумла мегӯяд: "Барои расидан ба ин ҳадаф аз клишеҳои қадимӣ дар мафоҳими ҳамкорӣ ва амнияти минтақаӣ бояд даст кашид ва нақши Эронро дар арсаҳои дигар, ба монанди энержӣ ва иртиботот, қабул кард ва ҳамчунин, дар самти фаъолиятҳои созмонҳои минтақаӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ва амниятӣ таҷдиди назар кард, яъне ҳузури нерӯҳои дигар, монанди Эрон, Туркия, Чин ва Ҳиндро дар он қабул кард."

 

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ба ҷуз Тоҷикистону Қирғизистон давлатҳои дигари Осиёи Миёна ба ҳамгироии минтақаӣ чандон алоқаманд нестанд. Ба гуфтаи вай, мавзӯъи муборизаи муштарак бо ифротгароӣ мавзӯъи пураҳаммият дар нишастҳо ва ҳамоишҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия буда ва дар дастури кори ояндаи наздики ин кишварҳо боқӣ хоҳад монд. Вале оқои Кабирӣ аз ин ки дар ин нишастҳо "омилҳои пайдоиши ифротгароӣ баррасӣ намешавад", нигарон аст.

 

Вай афзуд: "Давлатҳои Осиёи Миёна медонанд, ки агар сабабҳои пайдоиши ифротгароиро баррасӣ кунем, мебинем, ки мушкил дар худи сиёсатҳои онҳост, дар фасод аст, дар набуди ҷойи кор аст, дар интихоботҳои ғайридемукротик ва муҳоҷират аст."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3803--q-------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ