21:19:52 16-уми Июни 2025 сол

АҲЗОБИ МУХОЛИФ: ИНТИҚОДОТИ САҲУ АСАР НАДОРАД

Намояндагони аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки ба интиқодот ва пешниҳодҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо барои беҳбуд бахшидан ба наҳваи баргузории интихобот ва ислоҳи навоқиси мавҷуда дар системи интихоботии Тоҷикистон хушбин нестанд.

 

osceДар гузориши ниҳоии ҳайъати нозирони Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ), ки рӯзи чаҳоршанбеи 8 декабар дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ шуд, интихоботи порлумонии моҳи феврали гузашта дар Тоҷикистон ғайридемукротик ва ношаффоф арзёбӣ шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, узви шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки САҲУ интихоботии порлумонии соли 2005 дар Тоҷикистонро ғайридемукротик хонда ва барои ислоҳи вазъ пешниҳодҳоеро ба давлати ин кишвар ироа карда буд.

 

Аммо ба гуфтаи вай, наҳваи баргузории интихоботи порлумонии соли ҷорӣ беҳбуд наёфта, баръакс дар муқоиса бо интихоботи соли 2005 ин интихобот бо тақаллуби бештаре анҷом шудааст. Дуглас Вэйг, муъовини аввали раиси Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо гуфт, ки САҲУ ҳаққи ворид кардани фишор ё додани дастур ба Тоҷикистонро надорад ва танҳо барои беҳбуди вазъ тавсия ва пешниҳодҳои худро ироа мекунад.

 

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки ин кишвар узви САҲУ буда ва ин созмон метавонад дар иҷлоси Шӯрои Иттиҳодияи Урупо мавзӯъи нақзи ҳуқуқи башар ва риъоят нашудани таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар қиболи САҲУ-ро матраҳ кунад. Ба эътиқоди оқои Зойиров, дар сурати иҷро нашудани таъаҳҳудот мумкин аст дар қиболи Тоҷикистон таҳримҳое эъмол шавад.

 

Интихобот бо навоқиси фаровон

Тибқи ин гузориш, интихоботи порлумонии соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо меъёрҳои САҲУ, аз ҷумла, санади Купенҳог дар соли 1990 ва меъёрҳои дигари интихоботи демукротик муғойират доштааст. Дуглас Вэйг, муъовини аввали раиси Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, ки гузориши ниҳоии ин созмонро муъаррифӣ мекард, гуфт, ки аз замони сабти номи номзадҳо гирифта то марҳилаи шумориши оро мавориди зиёди тақаллуб ва нақзи қавонин дар Тоҷикистон сабт шудааст.

 

Вай таъкид кард дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории интихоботи шаффоф ва озодро ваъда дода буд, аммо ин ваъда иҷро нашудааст. Дар гузориши нозирони САҲУ омадааст: "Дар марокизи раъйгирӣ раъйдиҳӣ таҳти фишор анҷом шуда, мавориди тақаллуб ва додани раъй аз номи аъзои хонавода ва мудохилаи аъзои кумисиюнҳои интихоботӣ бар ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳимояти онҳо аз манофеъи ҳизби ҳокими халқи демукрот ба мушоҳида расидааст."

 

Ҳамзамон, оқои Вэйг таъкид кард, ки ҳадаф аз интишори гузориши ниҳоӣ ва интиқод аз наҳваи баргузории интихобот дар Тоҷикистон ислоҳи навоқиси мавҷуда ва фароҳам сохтани шароити беҳтар барои баргузории интихоботҳои оянда дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

 

"Як бому ду ҳаво"

Вокуниши масъулони давлати Тоҷикистон ва Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар ба гузориши ниҳоии САҲУ дар бораи интихоботи порлумонии моҳи феврал чандон тезу тунд набудааст. Дӯстмурод Муродов, намояндаи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки интихоботи порлумонӣ дар чорчӯби Қонуни Асосии кишвар, ки аз сӯйи созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ қонуни ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ шудааст, баргузор гардидааст.

 

Оқои Муродов дар посух ба интиқоди САҲУ дар мавриди ғайридемукротик ва ношаффоф будани интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон гуфт: "Тоҷикистон дар марҳилаи аввали демукросӣ қарор дошта, омода аст дар заминаи бунёди ҷомеъаи маданӣ ва баргузор кардани интихоботҳои озод, шаффоф ва демукротик бо созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, САҲУ ҳамкорӣ кунад."

 

Аммо Муҳибулло Додоҷонов, дабири масъули Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, интиқоди САҲУ дар бораи наҳваи баргузории интихоботи порлумонии моҳи феврали гузашта дар Тоҷикистонро якҷониба ва ғайримунсифона хонд.

 

Оқои Додоҷонов гуфт: "Ҳоло дар арзёбии натоиҷи интихобот аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ принсипе (равише) дугона ба мушоҳида мерасад. Нозирони Иттиҳодияи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро демукротик ва мунсифона хонда буданд, ки бо мавзеъи САҲУ дар замина комилан мутафовит аст."

 

Ивар Виккӣ, раҳбари Маркази САҲУ дар Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфт, ки нозирон дар ибрози назар мустақил ҳастанд ва нозирони САҲУ аз интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои ин созмон натиҷагирӣ кардаанд.

 

Зимнан, дар муъаррифии гузориши ниҳоии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари ин созмон дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ширкат дошт. Ба эътиқоди коршиносон, ин амр баёнгари навъе беэътимодӣ нисбат ба арзиш ва аҳаммияти ин гузориш ва дар маҷмӯъ, ба мавзеъгирии САҲУ дар қиболи интихоботи Тоҷикистон, метвонад бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3807-2010-12-08-12-04-07.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ