20:56:04 16-уми Июни 2025 сол

ТАҚОЗОИ ИСТИРДОДИ “ҚОРӢ ВОСИТ” АЗ ДОДСИТОНИИ РУСИЯ

Тоҷикистон бо ирсоли асноду далоили лозимӣ аз Додситонии кулли Русия хостори истирдоди Абдулвосит Латифов, фармондеҳи гурӯҳи мухолифони пешин ба Тоҷикистон шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки Абдулвосит Латифови 42-сола, мулаққаб ба “Қорӣ Восит” дар ҷараёни амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистону Русия 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Волгогради Русия боздошт шудааст.

 

arestБа гуфтаи оқои Асадуллоев, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба ҳамтоёни руси худ дар маҳалли эҳтимолии буду боши Қорӣ Восит ва ҳамсафони ӯ дар Русия иттилоъ дода буданд. Зимнан, дар моҳҳои декабри соли гузашта ва апрели соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятии Русия Юсуф Ҷалилов ва Боймурод Хоҷаев, ки гуфта мешавад аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов ҳастандро дастгир карда ва ҳамакнун масъалаи истирдоди ин афрод ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Гузориш шудааст, ки Ёқуб Ғафуров дигар аз узви ин гурӯҳ соли гузашта дар Ӯзбакистон ба иттиҳоми қатл ба муддати 25 сол равонаи зиндон шуда буд.

 

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Абдулвосит Латифов ва ҳамроҳони ӯ дар иртикоби ҷароими сангине чун одамрабоӣ, куштор ва роҳзанӣ мазнун дониста мешаванд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Interfax”-и Русия ба истинод ба манобеъи Хадамоти Амнияти Русия гуфтааст, Абдулвосит Латифов, фармондеҳи мухолифони пешини давлати Тоҷикистон дар даст доштан дар 25 ҷиноят, аз ҷумла, қатли 43 нафар бо шумули 19 низомии рус муттаҳам шудааст.

 

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар даҳаи 1990 дар урдугоҳҳои низомӣ дар ҳудуди Эрон ва манотиқи марзи миёни Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ гирифтаанд. Гуфта мешавад, дар соли 1998 бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Афви умум гурӯҳи оқои Латифов афв шуда ва барои ҷароиме, ки пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳ миёни мухолифон ва давлати Тоҷикистон дар соли 1997 муртакиб шуда буд, ин гурӯҳ дар соли 2001 дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор дошт.

 

Тибқи иттилоъи “Interfax” аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов аз соли 2004 бад ин сӯ дар вилояти Челябински Русия бо асомии дигар кор ва зиндагӣ карда ва табаъияти Русияро низ дарёфт карда буданд. Зимнан, бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон Абдулвосит Латифовро аз муҳофизони Акбари Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, аммо оқои Тӯраҷонзода ин иттилоъро рад кардааст.

 

Тоҷикистон тайи солҳои 1992 - 1997 даргири ҷанги дохилӣ миёни ҳаводорони гурӯҳҳои исломӣ ва тарафдорони низоми секулор буд, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор шуд. Соли 1997 ин ҷанг бо имзои тавофуқномаи сулҳ миёни ду тараф ва тақсими қудрат поён ёфт. Дар ин авохир Тоҷикистон шоҳиди даргириҳо бо афроди мусаллаҳ дар шарқ ва шимоли ин кишвар будааст, ки давлат мегӯяд ин гурӯҳҳо муртабит бо Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ҳастанд. Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро давлатҳои минтақа ва муттафиқини онҳо созмони теруристии муртабит бо шабакаи Алқоъида медонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3811-2010-12-08-18-45-21.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ