20:29:44 16-уми Июни 2025 сол

ФАЪОЛИЯТИ СПАД МУАССИР МЕШАВАД?

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД дар мавриди нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон баёнияе содир карданд. Ҳамчунин, муқаррарот дар бораи наҳваи вокуниш ба авзоъи бӯҳронӣ дар кишварҳои узви СПАД тасвиб шуда ва мақом ва тартиби истифода аз нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД мушаххас шудааст.

 

odkbДар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд, ки зӯҳри ҷумъаи 10 декабр дар шаҳри Маскав баргузор шуд, беш аз 30 масъала, аз ҷумла, масоили марбут ба боло бурдани нақши ин созмон дар сиёсати хориҷӣ ва дар бахшҳои низомию фаннӣ баррасӣ гардид. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ба хабарнигорон гуфтааст, ки вокуниши сареъ ба вазъияти бӯҳронӣ дар кишварҳои узви СПАД, назири бӯҳрон дар Қирғизистон дар моҳи июни соли ҷорӣ, аз масоили умдаи мавриди баҳс дар ин ҷаласа будааст.

 

Зимнан, ба гуфтаи коршиносон, дар ҷараёни даргириҳои қавмӣ дар вилоёти Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон дар тобистони соли ҷорӣ заъф ва нокоромадии СПАД дар иҷрои дархости яке аз аъзои ин созмон барои рафъи вазъияти бӯҳронӣ рӯшан шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси тоҷик, дар ойинномаи ин созмон ба ироаи сареъи кумак, бо шумули кумаки низомӣ, ба кишварҳои узви СПАД барои рафъи таҳдидҳо барои амният, тамомияти арзӣ ва истиқлоли ин кишварҳо таъкид шудааст.

 

Бо ин вуҷуд, дархости расмии Роза Отунбоева, раҳбари Қирғизистон, дар моҳи июни соли ҷорӣ барои вуруди нерӯҳои ин созмон барои одӣ сохтани вазъи амниятӣ дар ҷануби ин кишвар аз ҷониби СПАД рад шудааст. Гуфта мешавад ин амр то ҳадде ба эътибори СПАД латма ворид карда ва дар миёни кишварҳои узв ба қудрату тавоноии ин созмон дар иҷрои таъаҳҳудоти ойинномавиаш шакку тардидҳое пайдо шудааст.

 

Владимир Зайниддинов, сухангӯйи СПАД, ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳаводиси Қирғизистон барои ин созмон таҷрубаи талхе буда ва ҳамакнун сарони кишварҳои узви СПАД барои ислоҳи вазъ тадобири мушаххасе меандешанд. Ба гуфтаи оқои Зайниддинов, дар назар аст дар оянда аз нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД барои рафъи авзоъи бӯҳронӣ дар кишварҳои узви ин созмон истифода шавад.

 

Ҳамаи кишварҳои узв барои истифодаи муштарак аз нерӯҳои вокуниши сареъ ризоят додаанд, вале танҳо раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар "бидуни шак" дар амалиёти муштарак ширкат хоҳанд кард, вале тасмим дар ин бора "ба ӯҳдаи порлумони кишвар" аст. Зимнан, дар ҷаласаи Маскав раёсати СПАД аз Арманистон ба Белорус мунтақил шуд.

 

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии ИКҲ 14 майи соли 2002 таъсис шуда ва ба он Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Ниҳоди олии ин созмон Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб мешавад, ки аз сарони кишварҳои узви СПАД мураккаб шудааст. Аз 2 декабри соли 2004 СПАД дар Маҷмаъи Умумии СММ мақоми нозирро ба ӯҳда дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3834-2010-12-10-18-07-42.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854