17:00:02 16-уми Июни 2025 сол

АНДЕШАҲО ПИРОМУНИ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ ВА СОЛЕ, КИ МЕОЯД

Дар арафаи соли нави мелодӣ ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» бо саволҳои зерин ба як қатор руасои аҳзоби сиёсии кишвар муроҷиат карданд:

 

1.Кадоме аз  воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз  ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010  лутфан номбар кунед ва шарҳ диҳед.

2. Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзуву таманниёти Шумо ба халқи кишвар  дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?

 

Дар ҳоли ҳозир мо ҷавоби чанд раиси ҳизбро дарёфт кардем. Ин посухҳоро мо ба тавваҷҷӯҳи шумо, муштариёни гиромӣ, аз рӯйи ҳамон тартибе, ки ба мо расидаанд, бидуни таҳрир, ҳатто таҳрири  имлоӣ, пешкаш мегардонем. Нахуст ба диққати Шумо посухи Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Масъуд Собировро пешниҳод менамоем.

 

- Кадоме аз воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010 лутфан арзёбӣ кунед ва шарҳ диҳед.

 

Масъуд Собиров- Қабл аз шурӯъи солшумории 2010 ростӣ ман онро соли ислоҳоти ҷиддии сиёсати давлатӣ баҳри рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мешуморидам, чунки ҷомеа ба он сахт ниёз  дошту натиҷа, бешубҳа, бояд бурдбориҳо меовард ва барои ин фурсати мусоид низ таъмин шуда буд. Бахусус, дар ин сол вақте чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи парлумон доир мегардиду шаффофияти онро ҳанӯз охири соли 2009 бевосита президент ба ӯҳда гирифт, андеша доштам, ки соли дастовардҳои мардум ва давлат хоҳад гашт. Гуфтан бамаврид аст, ки шаффоф гузаронидан ва ё шаффоф баргузор гардонидани интихоботи парлумонию натиҷагирӣ аз он вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба куллӣ тобиши мусбӣ медод.

 

Мутаасифона, андешаю орзӯҳо ҳама барабас рафтанд ва натиҷагирии акси ваъда аз интихоботи номбурда мардумро нисбат ба сиёати давлат рӯҳафтода намуд, боварии онҳо ба ҳалли минбаъдаи масъалаҳои сиёсию ҷомеадорӣ коста шуд. Рӯйдоди дигари муҳим дар солшумории 2010  – иқдоми идомаи сохтмони НБО- и Роғон аз ҷониби масъулин буд.

 

Ин маърака низ мардумро дилшикаста намуд ва бо доду имдоду урраву зиндабодгӯиҳо ба қавле гӯшу гардаи аҳли башарро хурдем, ки мо НБОи Роғонро месозем, вале сару садову таблу нақоразаниамон ҳамон тавре, ки дунёро кар кард, бо ҳамон авҷу суръат  якбора хомӯш шуд. Бидуни муболиға, ҳалли дурусти ин ду масъала, ки ба солшумории 2010 рост омада буданд, метавонистанд рӯйдодҳои ҳатто таърихии Тоҷикистон дар қарн гарданд, вале, мутаасифона, ҳалли нодурусти онҳо чун доғи сол гардиданд.

 

Ин ҳама кам буд, ки боз даргириҳои бемантиқи Рашт дар солшумории 2010, ки сабаби қатли даҳҳо нафар ва нооромиҳои минтақаю харобиҳои вазъи зиндагии мардум гардиданду касе оидашон то ҳол (ба тезӣ фаромӯш шуданд!) масъулиятро ба дӯш нагирифт, мардуми дилсардро боз дилсардтар намуданд. Инҳо воқеаҳоеянд, ки фазои сиёсии кишварро бисёр тира намуданд ва рӯйдоди  хурсандибахши дигареро дар аксашон дар солшумории 2010 ҳеҷ наметавон номбар кард, ки он  ба тирагию сиёҳии фазои сиёсии Тоҷикистон равшание дода бошад.

 

Хулоса, рӯйдодеро наметавонам номбар намоям, ки мушкилии ҷомеаро дар солшумории 2010 сабук карда бошаду дар борааш имрӯз бо ифтихор ҳарф занам. Албатта ба андешаи дигарон рӯйдодҳое шояд мавриди қайд бошанд, вале ба андешаи ман онҳо хеле ҷузъиянд ва ифтихор аз онҳо кироӣ намекунад.  Вале ҳанӯз вакт ҳаст, чун то фарорасии  соли нави аҷдодӣ  – Наврӯз рӯйдоде шояд тӯҳфаи хуби фаромӯшношуданӣ насиби  мардуми Тоҷикистон  гардад, ки тавонад  хотирзеб бошад... 

 

-Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзую таманниёти Шумо ба халқи кишвар дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?

 

- Зиндагии якранг наметавонад муддати тӯлонӣ идома ёбад. Манзур ин аст, ки маҳз сатҳи пасти иқтисоду вазъи бӯхронии иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонанд ҳудуди беохир дошта бошанд ва ҳарчанд  такрор ҳам шавад, кайҳост даврае расида, ки ин камбудиҳо роҳи ҳалли худро дошта бошанд. Фикр мекунам, ки масъалаҳои номбурда дар давраи солшумории пешомади 2011 то андозае ҳалли худро меёбанд, чун масъулини давлат низ имрӯзҳо гӯё ба ҳамин андеша бошанд.

 

Бояд гуфт, ки ҳалли мушкилоти зиндагии мардум дастоварди асосии сиёсати давлатдорист, чун тавлидгари давлат мардум асту бе мардуму бе зиндагии рангини он давлат наметавонад арзи ҳастӣ дошта бошад. Агар ин аст, пас баҳри ҳастии мардум ҳамеша бояд кӯшид, то ҳастию пояндагии давлат таъмин бошад…

 

Ба мардуми Тоҷикистон бошад, дар давраи солшумории пешомаду минбаъда табъи хушу зиндагии орому рангинро таманно дорам.

 

Масъуд Собиров, раиси ҲДТ

 

ӯзгор"

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3969-2010-12-24-09-17-32.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854