14:39:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКМИ ЗИНДОНИИ СӮҲРОБ ЛАНГАРИЕВ ТАҒЙИР НАЁФТ

Ҳайъати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми зиндони абади Сӯҳроб Лангариев ва шариконаш бидуни тағйир боқӣ гузошт. Ҳайъати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 16 июл, баррасии аризаи шикоятии Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯро ба поён овард. Ин ниҳод аммо ҳукми Додгоҳи олӣ дар қиболи аъзои ин гурӯҳро бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар таърихи 7 апрели соли равон Сӯҳроб Лангариев, бародари фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев ва домоди фармондеҳи аввали он Фронт Сангак Сафаровро ҳамроҳ бо 7 тан аз шариконаш бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона алайҳи давлат, қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба зиндони умрбод маҳкум кард. 11 муттаҳами дигар дар иртикоби ин парванда аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд. 

Нурмуҳаммад Сафарови 22-сола, фарзанди Сангак Сафаров, низ ҳамроҳ бо Сӯҳроб Лангариев ҳукми ҳабси абад гирифт. Ду тани дигар аз маҳкмшудагон ба ҳабси абад атбоъи Афғонистон будаанд. Аъзам Лангариеви 24-сола, фарзанди Лангарӣ Лангариев, ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Аъзои гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар поёни моҳи майи соли гузашта дар пайи як задухӯрди 15-соата бо нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуданд. 

Хонаводаи Лангариевҳо аз хонаводаҳои бонуфуз дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меомад. Аммо дар пайи боздошт ва ҳукми зиндони Сӯҳроб Лангариеви 30-сола бародарони ӯ - Файзалӣ ва Бахтиёр, ки мутобиқан дар вазоратхонаҳои дифоъ ва умури дохилаи Тоҷикистон мақомҳои баландеро дар даст доштанд, аз мансаб барканор шуданд. Ба гуфтаи падари онҳо Салмон Лангариев, Бахтиёр Лангариев аз бими боздошт ҳатто тарки Тоҷикистон кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi